Таъкиди мардуми Яман бар афзоиши амалиётҳои зиддиисроилӣ
Таъкиди миллионҳо яманӣ бар афзоиши амалиётҳои зидди омрикоӣ, ангилисӣ ва исроилӣ
Ахбори байналмилал
Farsnews
Миллионҳо нафар аз мардуми вилоятҳои мухталифи Яман (ҷумъа, 22 март) ба хиёбонҳо омаданд ва зимни эъломи ҳимояти қотеъ аз миллати Фаластин, таъкид карданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бояд доманаи амалиётҳои зидди исроилии худро афзоиш диҳад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, миллионҳо нафар аз мардуми устонҳои мухталифи Яман имрӯз роҳпаймоиҳоеро дар ҳимоят аз миллати Фаластин баргузор карданд. Ин роҳпаймоиҳо таҳти унвон “Амалиёти мо идома дорад… Таҷовузи худро мутаваққиф кунед!”, баргузор шуд.
Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман асри дирӯз таъкид кард, ки тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба сурати равшанӣ иртиқо ёфтааст ва душман низ бо мушакҳои болистикӣ, ки барои нахустин бор дар таърих киштиҳоро дар баҳр ҳадаф қарор дод, ин мавзӯъро дарёфт.
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: