Содироти урани Қазоқистон ба Амрико афзоиш меёбад

Содироти урани Қазоқистон ба Амрико афзоиш меёбад

Ахбори минтақа

Дар ҷараёни гуфтугӯи раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Стив Деэнс – сенатори амрикоӣ дар Остона, бо таваҷҷуҳ ба алоқаи дуҷониба барои ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ ва маводди камёб, ду тараф афзоиши содироти ураниюм ба Амрикоро ба таври вижа мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон бо чандин ширкати амрикоӣ аз ҷумла Constellation Energy барои таъмини урониюм то соли 2032 қарордод бастааст.

Пас аз афзоиши тақозо аз сӯи Вашингтон ва яке аз авлавиятҳо қарор гирифтани ҳамкорӣ дар меҳвари маводди маъдании камёб, дар ҳамкорӣ бо минтақа, Қазоқистон низ ба таври фаъол дар ҳоли афзоиши содироти урониюм ба Амрико аст.

Гуфтанист, ИМА дар паи мамнӯияти воридоти урониюми ғанишуда аз Русия, ки барои сӯхти реакторҳои ҳастаӣ ва таслиҳоти низомӣ истифода мешавад, ба дунболи ҷойгузинии манобеъ ва таъминикунандагон аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ато Мирхоҷа: Осонтарин роҳи барҳам додани ифротгароӣ
Диндории ҷоҳилона – II

Матолиби пурбоздид