Таъкиди президент: Аз аксҳои раиси ҷумҳур сӯистифода накунед!

Таъкиди президент: Аз аксҳои раиси ҷумҳур сӯистифода накунед!

Бознашр аз “Ҷумҳурият”

“МАДДОҲӢ ОДАМОНРО БА РОҲГУМӢ МЕБАРАД!”

(Сӯҳбати хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Раҷаб Мирзо бо мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, илм ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Иброҳим Усмонов дар атрофи номаи Президенти Тоҷикистон)

Январи соли 2002 Президент Эмомалӣ Раҳмон тариқи номае ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, дархост намуд, ки аз аксҳои бо президент гирифтаашон суистифода накунанд, онҳоро калон карда, дар кӯчаву роҳҳо наовезанд. Инро, он замон қадами бисёр ҷиддӣ барои пешгирии шахспарастӣ дар Тоҷикистон унвон карданд. Дуруст, баъди ин ҳам чандин бори дигар таъкидҳои ба ин монанд иттифоқ афтод, вале гуфта мешавад акнун ин гуна иқдомҳо танҳо “барои публикаанд”, самимият надоранд ва барои пешгирии ин ҷараёни ҳоло фаъол, ки ба касе хубӣ наовардааст, равона нашуда.

Аз ин муҳимтар, матбуоти расмии Тоҷикистон он замон метавонист чунин мавзӯъҳоро баррасӣ намояд ва мақомоти муҳими давлат низ дар ин бора аз сӯҳбат кардан парҳез надоштанд. Агар ин ҳолат, аз як ҷиҳат аз самимияти иқдомҳо бозгӯӣ намояд, аз сӯи дигар ба он иртибот мегирад, ки фазои матбуот он замон дигар буд ва сармуҳаррирони нашрияҳо ҳоло худашон сиёсати редаксиониро месохтанд, на мисли имрӯз ин гуна “сиёсат” дар утоқҳои ким – кадом ниҳоди дигар тарҳрезӣ мешуд.

Ин сӯҳбат 17 январи соли 2002 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки он вақт кор мекардам, нашр шудааст. Фикр мекунам чунин матлабҳоро дар матбуоти ба истилоҳ мустақили фаъол пайдо кардан душвор аст, чӣ расад ба нашрияҳои давлатӣ…

– Ба назари ман чунин менамояд, ки дар давраи аввали ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмонов лутфи дурӯғин ё “такаллуфи буржуазӣ” нисбати ӯ камтар буд, ё қариб вуҷуд надошт. Аммо пас аз он ки Эмомалӣ Раҳмонов як дастгоҳи пурқуввати корӣ ба вуҷуд оварда, нуфуз пайдо кард, ин лутфҳо ба ҳадди ифрот расиданд. Шумо ин гуна сурат гирифтани корро ба чӣ нисбат медиҳед?

– Аслан ин чизи табиист. Эмомалӣ Шарифович замоне ба сари қудрат расид, ки ҳолати иҷтимоии ҷомеаи мо бисёр бад буд. Он замоне буд, ки Ҳукумат аслан вуҷуд надошт ва баъзе чизҳои қувватбахшанда танҳо дар Парлумон боқӣ монда буданд. Аз ин рӯ, на ҳар кас ҷуръати ба қудрат омаданро мекард. Он замон то як муддат шубҳа ва бадгӯйиҳо зиёдтар вомехӯрданд, на “эҳтиром”, он тавре, ки шумо дар назар доред. Пайдоиши ин раванд, ба роҳ мондани ин раванд аз ҳамин шурӯъ гардид. Вале ҷараёни воқеаҳо ҳамин хел чизе ба амал овард ва сардори давлати Тоҷикистон исбот кард, ки вай сазовори роҳбар будан, эҳтиром кардан ва эътироф шудани хизматҳояш аст. Барои ҳамин ҳам кам-кам ин изҳори эҳтиромҳо аз рӯи қолаб, аз рӯи анъана ва аз рӯи принсипҳои табиӣ ба амал омаданд. Ба ин маъно, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, агар халқ роҳбари худро эҳтиром кунад, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, агар халқ ба роҳбари худ бо калимаҳое муроҷиат кунад, ё рамзҳоеро истифода барад, ки эҳтиромро ба вуҷуд меоваранд. Яъне дар ин раванд ман ягон чизи манфиро намебинам.

Вале, воқеан, замоне ҳам шуд, ки истифодаи ин маъниҳо қолаби анъанавиро, ё расми анъанавиро шикаст. Одамоне пайдо шуданд, ки шояд бо мақсадҳои инфиродии худ, шояд аз дили соф, вале таҳи маъниро дуруст дарк накарда, ташбеҳҳои нозарурро ба унвони Президент истифода карданд. Ҳатто дар адабиёт шахсоне пайдо шуданд, ки Президенти Тоҷикистонро бо номи “шоҳ” ба қолаби назм дароварданд. Ҳарчанд, Президент инро намехоҳад. Намехоҳад ба он маънӣ, ки он кас муборизи қатъии сохти ҷомеаи ҷумҳуриявӣ, ҷумҳуриявии оддӣ не, балки ҷумҳуриявии ҳуқуқбунёду дунявӣ аст. Шахсе, ки дар ин поя устувор мебошад, албатта имкон намедиҳад, ки ин поя дар ҷомеа вайрон гардад. Аз ин рӯ, чун эҳсос намуд, ки эҳтиромро на ҳама ба он шакле истифода мебаранд, ки оқибати он ба эҳтиром наздик меорад, тасмим гирифт ба ҳамватанони азизи худ, ба ҳамкорон муроҷиат кунад: ӯ аз он ки ӯро, давлати ӯро, системаи коргузории ӯро эҳтиром мекунанд, миннатдор аст, вале ин эҳтиром бояд дар чорчӯби қоидаҳои маъмулшудаи байналмилалӣ сурат гиранд.

-Иброҳим Кенҷаевич, аз таърихи мушовири давлатии Президент таъин шудани шумо то содир гардидани ин нома чандон мӯҳлати зиёд нест. Бисёриҳо аз ин сабаби пайдоиши номаи Президентро ҷустанӣ мешаванд…

– Ман Президентро тақрибан 9 сол боз шахсан мешиносам. Ва бо шукр мегӯям, ки Эмомалӣ Шарифович аксарияти кулли тасмимҳояшро худаш мегирад. Махсусан вақте сухан аз сарнавишти шахсии худаш меравад, вақте сухан аз муносибати Призидент ба ҷомеа меравад. Яъне дар ин масъала аз сӯи берун чизеро суроғ кардан зарур нест.

Ҷаноби Президент дар сӯҳбатҳояш оид ба сабаби содир шудани ин нома, ба ин маъно гуфтааст: бахусус дар телевизиони Тоҷикистон он чизҳое, ки гӯё дар ситоиши мамлакати мо пешкаш мешаванд, чуноне таҳия мегарданд, ки ҳатто ба ман маъқул нест. Ё дар ҳар ҷо суратҳои худро, ки гӯё ба дастгирии мо овехта шудаанд, мебинам, эҳсос менамоям, ки онҳо моҳияти чизи мехостаи дастандаркоронро ифода намекунанд.

Аз назари ман, ин ҳадди фаҳми шахсе аст, ҷои худро дар ҷомеа медонад ва эҳтиёҷи мавқеи сунъӣ додан барои худ эҳсос наменамояд.

– Яъне метавон хулоса кард, ки истифодаи “такаллуфи буржуазӣ” аз тарафи баъзе аз соҳибмансабҳо аз он хотир аст, ки онҳо садоқати худро ба Президент на ба кори амалӣ, балки ба тамаллуқ ифода карданӣ мешаванд?

– Ман гуфта наметавонам, ки ҳамкасбони муҳтарами ман аз системаҳои давлатӣ кадоме, он тавре ки шумо мегӯед, тамаллуқкорӣ мекунанд. Лекин ман медонам, ки ҷаноби Президент дар ҳар вохӯрияш бо соҳибвазифаҳо як чизро таъкид менамоянд: ман шуморо танҳо ба он хотир ба вазифаи масъуле таъин мекунам, ки интизорам дар соҳаи худ мамлакатро пеш мебаред!

Дар воқеъ, дар кишвари мо соҳаҳои зиёде ҳастанд, ки ободиашонро мо мехоҳем. Интизорем! Аз ин рӯ, дар ҳамин доира, ба ҳамин маъно, касе кор мекунад, ӯ ҳам барои Президент, ҳам барои давлат ва ҳам барои халқ кор менамояд.

-Як савол ман ҳамчун хабарнигор, махсусан хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” доданиям. Ба идораи рӯзномаҳо, махсусан рӯзномаи мо то ҳанӯз ба истилоҳ “тамаллуқномаҳо” зиёд мерасанд ва муаллифон, ки аксаран шахсони баландмақом ҳастанд, ҳатто пофишорӣ мекунанд маводҳояшон бе камукост ба чоп дода шавад. Оё баъди нашри номаи Президент иҷрои он аз ҷониби касе назорат карда мешавад?

-Аваллан, бояд бигӯям, ки дастури Президент ба ҳама тааллуқ дорад. Ҳам ба кормандони воситаҳои ахбори омма, ҳам ба мақомоти гуногуни ҳокимият…. Муҳимияти ин масъала то ҷое буд, ки Эмомалӣ Шарифович гуфтанд, ки ин номаро бо имзои худ пахш мекунам. То мардум фаҳманд, ки Президент шунидани ибораву ифодаҳои болохонадорро намехоҳад.

Дар ин замина ман чизи дигареро қайд карданиам. Эмомалӣ Шарифович барои ҷомеаи Тоҷикистон он қадар меҳнате кардаанд, ки агар онҳоро гуфта тавонем, худ барои қадр кардани меҳнати бузурги он кас басанда аст. Зарурияти инро бо ибораю алфози гуногуни болобаранда зеб додан намемонад. Аз маддоҳӣ бошад касе бурд накардааст. Балки бар асари он метавон одамонро ба гумроҳӣ бурд.

-Баъзе аз таҳлилгарон дар дохилу хориҷи кишвар гуфтаанд, ки барои пайдоиши “лутфҳои дуруғин” ба унвони Президент он ҳам мусоидат кардааст, ки чанд сол пеш Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мавриди истифода нашудани вожаи Президент нисбати сарварони баъзе корхонаву ташкилотҳо қарореро ба тасвиб расонда будааст. Ин қарор ҳамчунин гӯё ба онҳое, ки ба шарафу номуси Президент зарар меоваранд, ҷаримаҳои гӯшношунид ва ҳатто маҳрумият аз озодиро муқаррар мекарда бошад. Ин то кадом ҳад воқеъият дорад?

– Мутаассифона, дар муҳити иттилоотии Тоҷикистон ва хориҷи он шахсоне ҳастанд, ки дар бораи чизи намедонистаашон мегӯянду менависанд. Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи Президент дастуре қабул накардааст. Воқеан, лоиҳае дар ин атроф таҳия гардида буд. Аммо бо ташаббуси худи Президент ин лоиҳа мақоми қонунро нагирифт. Он кас эълон карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷи бо қонуни махсус ҳимоя кардани шарафу номуси худро надорад. Президентро мардум интихоб кардааст, Конститутсия ваколатҳо додааст. Эҳтирому ҳимояи ӯ дар заминаи ҳамин ҳуҷҷатҳо ба амал меоянд.

Овозаҳо дар бораи истифода нашудани истилоҳи Президент дар дигар корхонаву ташкилотҳо ҳам асоси воқеӣ надорад. Масалан, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои гуногун ва ғайраву ҳоказо.

Тавре гуфтем, ин даъвоҳоро ё ноогоҳон пеш меоваранд, ё онҳое, ки ғаразҳои дигаре ба Тоҷикистону тоҷикистониён доранд.

Бознашр аз Ҷумҳурият

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худшиносӣ ва саодат – II
Тоҷикистон дар феҳрасти бештарин теъдоди рӯзноманигорони зиндонӣ

Матолиби пурбоздид