Таъкиди Русия дар хусуси ҳокимияти Эрон бар ҷазоири сегона
Ахбори байналмилал
Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия бо Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи вежаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна ва Офриқо дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши IRNA, дар ин мулоқот, мавзӯоти мухталифе аз ҷумла охирин вазъияти равобити дуҷониба байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин нишаст, тарафи русӣ дар вокуниш ба ахбори мунташира дар хусуси нишасти муштараки ахири вазирони хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Русия, бар мавозеъи собити Русия дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари дӯст, ҳамроҳ бо эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон таъкид кард.
Қаламонлайн