Ҳикматнома

Ҳикматнома

Инсонҳое ҳастанд, ки бо онҳо ба осонӣ метавон зист: онҳо аз ҷомеа чизе ҷуз гӯш додан ба ҳарфашон намехоҳанд.

Буаст

* * *

Иштиёқҳои мо мисли қақнусанд. Чун як иштиёқ сӯхт, аз хокистараш иштиёқи дигар зода мешавад.

Гёте

* * *

Мо аксаран аз ҷавонмардонатарин кирдори худ шарм медоштем, агар ҷаҳониён медонистанд, ки он ҳосили чи ангезаҳоест.

Ларошфуко

* * *

Халалнопазирӣ ва саодати зиндагии мо, ба мизони зиёд, бастагӣ ба интихоби оқилонаи дӯстону рафиқон дорад. Агар интихоб бад аст, онҳо моро ба суқут мекашанд ва агар дуруст аст, моро боло мебаранд.

Лебон

* * *

Хислат инсонҳоро ба маротиб бештар аз ақл ба ҳам наздик мекунад.

Ренан

* * *

Касе, ки дар замири худ салтанат меронад ва иштиёқу хоҳишҳову бими худро идора мекунад, бештар аз шоҳ аст.

Милтон

* * *

Аз фотеҳ метарсанд, хирадмандро эҳтиром мекунанд, аммо накукор мафтун мекунад ва танҳо ӯро дӯст медоранд. Танҳо ӯ султони воқеист. Шуҳрати ӯ ҳамеша пок, номаш бедоғ то наслҳои оянда мерасад. Оё барои касе, ки вомедорад то дӯсташ бидоранд, корномаи дигаре лозим аст?

Волтер

* * *

Ту дарвешеро мебинӣ ва ӯро мепӯшонӣ ва пас аз ин агар ба ӯ миннат мегузорӣ, чунон аст ки гӯё либосро аз танаш баргирифтӣ ва бараҳнааш кардӣ.

Филемон

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз дирӯз то ҳанӯз
Салоҳият ва бесалоҳиятӣ

Матолиби пурбоздид