Таъкиди Қирғизистон бар ҳамкорӣ бо муассисоти таълими исломии Миср

Таъкиди Қирғизистон бар ҳамкорӣ бо муассисоти таълими исломии Миср

Ахбори минтақа

Бо дидори сафири Миср ва муфтии Қирғизистон, ҳарду тараф таъкид намуданд, Қирғизистон бо муассисот ва донишгоҳҳову мадориси исломии Миср ҳамкории бештаре дар оянда хоҳаҳ дошт.

Муфтии Қирғизистон, Замир Ракиев, бо Манол Ас-Саид Яҳё Ал-Шиновӣ, сафири Миср дар ин кишвар дидор кард.

Ҳар ду ҷониб, дар паи ин мулоқот, дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ байни Идораи динии  мусалмонони Қирғизистон ва муассисоти омӯзишӣ ва фарҳангии мазҳабӣ дар Миср, эҷоди мазоё ва шароити муносиб барои донишҷӯёни қирғиз ва беҳбуди омӯзиши руҳониюн гуфтугӯ карданд.

Муфтии Қирғизистон аз сафир дархост намуд то кишвари Миср шароитро барои донишҷӯён ва руҳониюни Қирғизистон ва табодули таҷрибиёт ба манзури иртиқои маҳоратҳои руҳониюни ду кишвар, ройзаниҳои лозимро ба амал оварад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чистии адл аз назари Мавлоно
Истеҳсоли мошинҳои низомӣ дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид