Таҳдиди ҳукумати Ҷулонӣ аз тарафи Доиш

Доиш ҳукумати Ҷулониро таҳдид кард

Ахбори байналмилал

Гурӯҳи теруристии ДОИШ бо интишори як паёми савтӣ, давлати муваққати Сурия ва Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, раиси ҷумҳури худхондаи ин кишварро, ки ба Аҳмад ал-Шаръ маъруф аст, ба таври мустақим таҳдид кард.

Ба гузориши хабаргузории lebanon24, Абӯҳузайфа Ансорӣ, сухангӯи гурӯҳи теруристии ДОИШ, шомгоҳи шанбе, файли савтиеро мунташир кард. Дар ин паёми савтӣ, сухангӯи ДОЪИШ давлати муваққати Сурияро “давлате секулор ва муртадд” тавсиф карда ва мегӯяд, ки “ҷанг бо он барои поксозии Шом воҷиб аст.”

Бино бар ин гузориш, вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки “поёни Аҳмад ал-Шаръ тафовуте бо поёни Башшор Асад нахоҳад дошт”.

Сухангӯии ДОИШ таъкид кард, ки Сурия “акнун таҳти ҳокимияти Туркия ва Омрико қарор дорад”.

Абӯҳузайфа Ансорӣ ҳамчунин гуфт, ки “низоми Ҷулонӣ таҳти нуфузи Омрико қарор дорад ва Ҷулонӣ таҳти таъсири шаётини турк ва ғарбӣ аст.”

Вай амалиёти мавсум ба “Боздорандагии таҷовуз” (ҳамалоте, ки ба поёни кори низоми собиқи Сурия анҷомид)-ро “намоише туркӣ бо коргардонии Омрико” хонд ва гуфт: “Сурияро салибиҳо идора мекунанд ва Ҷулонӣ арӯсаке беруҳ аст, ки аз пеши саҳна ҳидоят мешавад, на аз пушти он.”

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даври сеюми музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико имрӯз дар Женева
Виткоф: Чаро Эрон таҳти фишори Омрико таслим нашудааст?!

Матолиби пурбоздид