Мавҷи истеъфои мақомоти низомии саҳюнист

Мавҷи истеъфои мақомоти низомии саҳюнист

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Густариши мавҷи истеъфои мақомоти низомии режими саҳюнистӣ ба далели шикасти Телавив дар баробари нерӯҳои муқовамати Фаластин, ин бор гиребони раиси Ситоди муштараки артиши ин режимро мегира.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира, шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки пешбинӣ мешавад Ҳертз Ҳоливӣ, раиси Ситоди муштараки артиши ин режим тай рӯзҳои оянда аз симати худ истеъфо диҳад.

Дар ин гузориш омадааст: “Дар ҳоли ҳозир гумоназаниҳое дар хусуси ҷонишини Ҳоливӣ дар ҷараён аст.”

Шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ идома дод: “Теъдоде аз афсарони аршади артиш бо вакилони худ қабл аз оғози таҳқиқот дар хусуси иллаӣҳои шикасти Телавив дар баробари амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ройзанӣ мекунанд.”

Лозим ба зикр аст, бо тӯлонӣ шудани ҷанг ва ба эътирофи маҳофили исроилӣ бо гузашти ҳафт моҳ аз ҷанг дар ҷануб ва шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, ки бидуни ҳеч дастоварди маҳсусе барои саҳюнистҳо аҷин шудааст, акнун шикофҳо ва ихтилофот бо канорагирии фармондеҳони низомӣ ва мақомоти сиёсии Телавив ба иллати нокомӣ дар ҷанги Ғазза рангу бӯйи ҷиддитаре гирифтааст.

Ин фармондеҳи саҳюнисти ба 2 афсари аршади дигар яъне масъули шӯъбаи иттилооти низомии артиш ва фармондеҳи минтақаи марказии артиш пайваст, ки тасмим ба истеъфо гирифтанд.

Омул Ҳариил, таҳлилгари умури низомии рӯзномаи исроилии Ҳоаретс гузориш дода буд: “Пешбинии мо ин аст, ки шоҳиди мавҷи густурдае аз истеъфо дар миён мақомоти сиёсӣ ва низомӣ тайи чанд рӯз ба далели шикаст дар муқобила бо амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” бошем.”

Вай афзуд: “Ин мавҷи истеъфо боис мешавад Бенёмин Натонёҳу дар мавзеъи сахте қарор бигирад, чаро ки вай танҳо касе аст, ки то кунун пазириши ҳар гуна масъулияти марбут ба шикасти Телавивро рад кардааст.”

Mehrnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳё Синвор хитоб ба музокиракунандагон: “Кӯтоҳ наёед! Мо комилан омодаи набард дар Рафаҳ ҳестем!”
Омрико гӯши шунавое барои эътирозоти зидди исроилӣ надорад

Матолиби пурбоздид