Таҳиякунандаи филми зиддиэронӣ худкушӣ кард
Ахбори байналмилал
Таҳиякунандаи сериали зидди эронии “Теҳрон” худкушӣ кард
Ба гузориши Hollywood Reporter, пулиси Юнон эълом кард, ёфтаҳои аввалӣ дар бораи марги Дана Иден, таҳиякунандаи исроилии сериали зидди эронии “Теҳрон”, нишон медиҳад, ин зани 53-сола даст ба худкушӣ задааст.
Гуфтанист, ҷасади Дана Иден, ин таҳиякунанда исроилӣ, дар ҳоле, ки барои назорат бар тасвирбардории фасли чаҳоруми сериали зидди эронии “Теҳрон” дар Юнон ҳузур дошт, дар меҳмонхонае дар Отен (Афина) пайдо шуд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













