Интифозаи мусаллаҳонаи бесобиқа алайҳи режими саҳюнистӣ дар каронаи Бохтарии рӯди Урдун
Ҷунбиши Фатҳ дар ҳоли шӯриш алайҳи Маҳмуд Аббос ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Фатҳ дар ҳоли пайвастан ба қиёми мусаллаҳона дар каронаи Бохтарӣ
Пушти ин тағйироти ғайримунтазира чист? Оё раиси Ташкилоти худгурдони Фаластин рафтанӣ аст?
Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз таҳаввулоти ҷадид дар каронаи Бохтарӣ
Рӯзномаи байналмилалии “Раъюл-явм”, дар таҳлиле, бо ишора ба мӯъҷизаи “Тӯфон ал-Ақсо” дар сарзамини Фаластин, ба тавзеҳи таҳаввулоти интифозаи мусаллаҳонаи бесобиқаи ахири каронаи Бохтарӣ бар зидди режими саҳюнистӣ ва ошкор шудани нишонаи ваҳдати майдон ва ҳамбастагии маънавӣ, сиёсӣ ва низомӣ миёни аҳолии каронаи Бохтарӣ ва борикаи Ғазза пардохт.
Ин рӯзнома дар сармақолаи ҷадиди худ ба қалами Абдулборӣ Атвон – нависанда ва таҳлилгари машҳури фаластинӣ овардааст:
Каронаи Бохтарии Фаластин ин рӯзҳо ба саҳнаи интифозаи мусаллаҳонаи бесобиқае алайҳи режими саҳюнистӣ табдил шуда, ки ин амр нишонгари ваҳдати майдон дар дохили Фаластин ва якпорчагии сиёсӣ, низомӣ ва маънавӣ байни борикаи Ғазза ва каронаи Бохтарӣ аст.
Каронаи Бохтарӣ қатлгоҳи аслии режими ишғолгар аст ва интифозаи мусаллаҳонаи ҷадид, силоҳҳои пешрафта ва шуҷоати ҷавонони муборизи он, ҷумлагӣ нуқтаи атфи асосӣ дар ҷанг алайҳи Исроил маҳсуб шуда ва аз оғози фурӯпошии султаи режими саҳюнистӣ бар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳикоят дорад ва низ оғози масири озодсозии сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо қудрат ва шитоби мӯъҷизаосо маҳсуб мешавад.
Тафовути каронаи Бохтарӣ бо борикаи Ғазза ин аст, ки каронаи Бохтарӣ бо ишғолгарон ва шаҳракҳои онҳо дарҳам танида ва масоҳати он чандин баробари борикаи Ғазза аст. Нахустин интифозаи мусаллаҳонаи каронаи Бохтарӣ дар соли 2000 пас аз шикасти Камп-Дэвид оғоз шуд ва 4 сол ба тӯл анҷомид ва мутассифона ба далели тан додани Ёсир Арафот ба фишорҳо ва гирифтор шудани ӯ дар фиребкории саҳюнистҳо бо тарғиби кишварҳои арабӣ ва байналмилалӣ, ин интифоза ноком монд.
Аммо мавзӯъи ҷадиди таҳаввулоти ахир, танҳо ваҳдати майдон ва ҳамбастагии мусаллаҳона бо борикаи Ғазза ва муборизони он нест, балки ваҳдати гурӯҳҳо ва ҳамоҳангии комил байни онҳо дар ҳамаи сатҳҳо ва убур аз паймони Осло ва соқит кардани он ва низ зудудани машрӯъияти дурӯғине аст, ки дар паси он пинҳон шудааст.
Вақте, ки гурдонҳои Шуҳадои Ақсо (шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ) дар канори гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос ва Сароё ал-Қудс, шохаи низомии Ҷиҳоди Исломии Фаластин ва муборизони ягони Абӯалӣ Мустафо (вобаста ба Ҷабҳаи Озодибахши Фаластин) бо қудрат вориди майдон мешаванд, ин бад-он маъност, ки ҷунбиши Фатҳи ҷадид, бо қудрат ба майдон омада ва ба фарохонҳо барои басиҷи умумӣ лаббайк гуфтааст; мавзӯе, ки ба даргириҳои майдонии қаҳрамононае мунҷар шуда, ки чӣ басо ҳамтоҳои онҳо дар борикаи Ғазза дар баробараш сари таъзим фуруд оваранд ва боис шавад, ки Натонёҳу ва мақомоти олирутбаи артиши ӯ дучори ҳасрат ва пушаймонӣ шаванд.
Ҷунбиши Фатҳ қавитарин ҷунбиш дар каронаи Бохтарӣ аст ва мушорикати он дар набард алайҳи ишғолгарон дар шимоли каронаи Бохтарӣ, ба маънои пора кардани паймони дурӯғини Осло ва бозгашт ба сарчашмаи аслӣ яъне муборизаи мусаллаҳона ба унвони танҳо роҳи озодии комили Фаластин аст.
Ба майдон омадани гурдонҳои Шуҳадои Ақсо (шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ) ва таъсиси ду шохаи вобаста ба он ба номҳои Абӯалӣ Аёд ва “Ъарин ул-усуд”, на фақат ба маънои поёни Ташкилоти нангини худгардон аст, балки ба маънои аз ҳам гусехтагии нерӯҳои амниятии 60 ҳазор нафарии он ва пайвастани шумори зиёде аз онҳо ба гурдонҳои муқовамат ва қиём алайҳи Осло ва поён додан ба бузургтарин хиёнат дар таърихи Фаластин яъне дифоъ аз ишғолгарон ва саркӯби нерӯҳои муқовамат дар муқобили фиреби бузурге ба номи ташкили ду кишвар мебошад.
Ишғолгарони исроилӣ дар ду рӯзи гузашта барои аввалин бор аз болгардҳо ва паҳпод барои муқобила бо интифозаи мусаллаҳонаи каронаи Бохтарӣ истифода карданд. Масъала, силоҳи модерн ва пешрафта нест, балки масъала, ирода ва салобат ва азм барои муқовамат то шикасти ишғолгарӣ ва поёни он баъд аз 30 сол аст. Интифозаи мусаллаҳонаи каронаи Бохтарӣ оғоз шудааст ва мутаваққиф нахоҳад шуд ва чи басо ба манотиқи ишғолии соли 48 ҳам кашида шавад. Онҳо ду унсури бисёр муҳимро барои озодии сарзаминҳои Фаластин дар ихтиёр доранд, яъне силоҳ ва ирода ва саффи тӯлонии шуҳадо.
Амалиёти шаҳодатталабона дар умқи Исроил дубора бозгаштааст; дуруст ҳамонанди амалиёти солҳои гузашта, ки Шемон Перазро водор ба таслим кард.
Каронаи Бохтарӣ ба суръат дар ҳоли табдил шудан ба як ҷангали аслиҳа аст ва технологии тавлиди мушакҳо дар Ғазза шурӯъ ба нуфуз ба корхонаҳои зеризаминии он кардааст.
Агар шимоли Фаластини ишғолӣ ба далели мушакҳои муқовамати исломии Лубнон аз шаҳракнишинони исроилӣ холӣ шудааст, ҳамтоёни онҳо дар шимол ва ҷануби каронаи Бохтарӣ ҳам ба суръат шурӯъ ба кӯч хоҳанд кард ва Исроили кучак дар ҳоли кучактар шудан ва Исроили бузург ҳам ба як таваҳҳум табдил шудааст.
Инҳо мӯъҷизаи “Тӯфон ал-Ақсо” аст, ки аз қалби борикаи Ғазза сар баровард ва дар ҳоли густариш ба каронаи Бохтарӣ ва аз он ҷо ба бештари пойтахтҳои бузурги арабӣ аст ва раванди фирор танҳо ба шаҳракнишинони исроилӣ маҳдуд нахоҳад шуд ва бидуни шак ҳамаи раҳбарони арабро, ки ба сурати ошкор ва ё пинҳон бо саҳюнистҳо ҳамдаст шудаанд низ дарбар хоҳад гирифт.
Раъюл-явм
Қаламонлайн