Таҳлили Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ

Таҳлили хабарӣ
Таҳлили Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ
Рӯзи воқеа
Ишора: Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, сиёсатмадори ислоҳталаб ва нависандаи эронӣ, вазири фарҳанг ва иршод дар даврони риёсати ҷумҳурии Сайид Муҳаммад Хотамӣ, муовини Мирҳусайн Мусавӣ дар даврони нахуствазирии Мӯсавӣ, муовини порлумонии Рафсанҷонӣ дар даврони риёсати ҷумҳурии вай. Ӯ ҳамакнун дар Бритониё сукунат дорад.
Инак, ёддошти имрӯзи Муҳоҷиронӣ дар рӯзномаи Ҳаммиҳан:
“Ба назар мерасад, рӯзи шанбе, 7 октябри 2023 баробар бо 15 меҳрмоҳи 1402, рӯзе фаромӯшнашуданӣ дар таърихи Фаластин ва ғарби Осиёст. Акнун, ин дунё аст, ки абъоди қазияи 7 октябри 2023-ро бо 6 октябри 1973 ва низ аз сӯйе бо 11 сентябри 2001 муқоиса мекунанд. Ин “рӯзи воқеа”-ро чӣ гуна метавон тафсир кард?
Ави Майир, рӯзноманигори исроилӣ ва сардабири ҳафтаномаи Jerusalem Post, дар рӯзи шанбе (7 сентябр), мақолаи боаҳаммияте навиштааст. Ба таъбири ӯ: “Воқеаи субҳи шанбе бузургтарин трожедии (трагедияи) шикасти иттилоотӣ ва низомӣ дар таърихи ним қарни гузаштаи Исроил, балки дар таърихи 75-сола аз замони таъсиси Исроил аст.”
Ави Майер ба китоби Айюб аз Аҳди Атиқ (Таврот) истинод кардааст. Айюб ба Яҳва – Худованди яҳуд мегӯяд: “Аз он чи аз он ҳарос доштам, бар сарам омад. Мутмаин ва ором набудам ва парешонӣ маро фаро гирифт.” (Боби 3, оёти 25 ва 26)
Аз сӯйи дигар аз буъди таъсиргузорӣ, ӯ ин рӯзро бо 11 сентябр дар Омрико ва инҳидоми бурҷҳои дуқулуи тиҷорат муқоиса кардааст. Ҳамон гуна ки 11 сентябр ба таъбири ӯ фазои сиёсӣ ва иҷтимоии Омрико ва ғарби Осиё ва балки назаргоҳи давлатҳо ва миллатҳоро тағйир дод, рӯзи воқеа низ чунин зарфияте дорад, дигар баъд аз рӯзи шанбе, 7 октябр, Исроил монанди собиқ нахоҳад буд.
Чунонки медонем, Исроил ҳамвора аз дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии худ, аз Мусод ва Шинбет ба унвони тавоноиҳои мумтози худ ёд кардааст. Дар воқеъ бисёре аз нахуствазирон ва вазирони исроилӣ аз ҳамин созмонҳо ва низ созмони низомӣ ба давлат омадаанд. Метавон гуфт, ҳамвора давлати Исроил ваҷҳи ғолибаш низомӣ-амниятӣ будааст. Афзун бар он, шоҳиди ҳамкории наздик ва балки фармондеҳии муштараки Мусод ва CIA (ЦРУ) будаем. Шояд беҳтар аз ҳар касе Мойк Помпеу, вазири хориҷаи собиқи Омрико ва раиси собиқи CIA дар китоби хотирот ва зиндагиномаи худ ба ин мавзӯъ ишора кардааст. Ӯ ҳатто аз равобити хусусӣ ва наздики дидгоҳи худ ба унвони саҳюнист-масеҳӣ, бо Йосси Коэн, раиси Мусод ёд кардааст. Дар воқеъ CIA ва Мусод дар минтақаи ғарби Осиё, утоқи фикр ва фармондеҳии муштарак дошта ва доранд. Бадеҳӣ аст, ки дастгоҳи иттилоотии бархе кишварҳои арабии минтақа низ дар ҳамин ҳолу ҳаво парвоз мекунанд; ва саранҷом ҳазорон маъмури хабарчин, ки дар созмонҳои фаластинӣ низ рахна кардаанд ва ниҳоятан таҷҳизоти бисёр мудерни назорат бар минтақаи Ғазза ва ҳамин тавр шаҳракҳои яҳудинишини атрофи Ғазза, ҳол чӣ гуна маҷмӯаи созмонҳои иттилоотӣ ва имконоти мудерни расад кардани замину ҳавову дарё, дар хоб буданд ва соати 6-уними субҳи шанбе, фаластиниҳо, ба ривояти Исроил беш аз ду ҳазор рокет ба сӯйи шаҳрҳои Асқалон ва Сдирот ва ҳатто Телавив, партоб карданд? Чӣ гуна гурдонҳои ҷиҳодӣ тавонистанд ба даруни шаҳракҳо нуфуз кунанд? Ва амалиётро дар 50 нуқта созмон диҳанд? Чӣ гуна ин гурдонҳо ба пойгоҳи низомии исроилиҳо ҳамла карданд ва низомиёни исроилиро ба қатл расонданд ва ё асир карданд?
Натонёҳу, чунонки рӯзномаи Ҳооретс ривоят карда, бо таъкид гуфтааст: “Мо бо як ҷанги тамомаёр рӯбарӯ ҳастем. Ин ҷанг аст, амалиёт нест.” Бисёр хуб агар Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ тавонистаанд як ҷанги тамомаёрро созмон бидиҳанд, ин ҷанг, ки кори яке ду рӯз ва як ҳафта ва як моҳ нест. Ниёз ба моҳҳо барномарезӣ дорад. Шояд ба ҳамин далел гузоришгари ВВС форсӣ, аз сафари раҳбарони Ҳамос дар муддати як солу ними гузашта ба Эрон ва Бейрут, барои ҳамоҳангии ҳамин ҷанг тафсир мекард.
Албатта, чунин тафсире, ки мехоҳад нақши Эрон ва ё Ҳизбуллоҳро пурранг нишон диҳад, дар батни худ дастикам гирифтани раҳбарон ва муҷоҳидони фаластинӣ аст. Мисли ҳамон таҳлиле, ки ба ҷойи ин ки муҷоҳидони Ҳусӣ дар Яманро дуруст бишносад ва розу далоили муқовамат ва ҷиҳоди мардуми Яманро бифаҳмад, ба тафсири осон паноҳ мебарад, ки Эрон дар паси саҳнаи Яман аст!
Воқеият ин аст, ки фаластиниҳо тағйир кардаанд. Дигар, фаластиниҳоро бо мудели созмони Фатҳ наметавон санҷид ва тафсир кард. Тағйири дидгоҳи фаластиниҳо, аз Фатҳ то Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ, мӯҷиби тағйир дар соҳати Фаластин шудааст. Аъзоъи созмони Фатҳ, барои бисёре аз онон, Фаластин як баҳона барои зиндагии мураффаҳ ва тиҷорат будааст. Муҷоҳидони Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ барои фидо шудан омодаанд. Зиндагии онон мусовӣ бо ормони Фаластин аст.
Натонёҳу, дар рӯзи суханрониаш дар Иҷлоси умумии Созмони Милали Муттаҳид, боз ҳам тиккамуқаввое ва можики қирмизе дар даст дошт. То коридури Ҳинд то Урупо аз тариқи Аморот- Арабистон, Исроилро аз рӯйи нақша нишон диҳад. Ба назар мерасад, агар то соли оянда давлаташ бимонад, ки баъид ба назар мерасад, мебоист бар ҳамон тиккамуқавво, мушакҳо ва рокетҳоеро наққошӣ кунад ва нишон диҳад, ки аз Ғазза ба сӯйи Телавив партоб шуданд ва тарҳи сулҳи Иброҳим ва низ коридурро таҳти таъсир қарор доданд. Натонёҳу дар китобаш: “Ҷойе зери офтоб”, аз Ховари Миёнае сухан гуфта буд, ки Исроил маркази он аст. Мутобиқи орзуи ӯ, Исроил дар Ховари Миёна монанди Омрико дар ҷаҳон аст. Ба ҳамаи кишварҳои минтақа илму санъату кишоварзӣ ва сиёсат меомӯзад.
Рӯзи воқеа ба Натонёҳу ва давлати ӯ омӯхт, ки саркӯб ва ишғол ва таҳқири як миллат давом намеёбад. Миллати Фаластин мисли чароғи соъиқа медурахшад ва ба таъбири Ҳофиз:
Чароғи соъиқаи он саҳоб равшан бод!”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкории баъзе артишиёни исроилӣ бо фаластиниён дар амалиёти “Тӯфони Ақсо”
Тоҷикистон иқдомоти хушунатомез дар Ховари Миёнаро маҳкум кард

Матолиби пурбоздид