Тенулҳои Ҳамос нишон медиҳад, ки ҷангҳои оянда зерзаминӣ хоҳад буд

Таҳлили хабарӣ

Тенулҳои Ҳамос нишон медиҳад, ки ҷангҳои оянда зерзаминӣ хоҳад буд

Байналмилал

Bloomberg

Қисмате аз гузориши Ҷеймс Ставридис, дарёсолори бознишастаи нерӯи дарёии Омрико ва фармондеҳи собиқи НАТО, дар рӯзномаи Bloomberg:

Хатар ва муҳимтарин омил дар ҷанги Исроил дар навори Ғазза, мушакҳо ё нерӯи инсонии ҷунбиши муқовамати исломӣ (Ҳамос) нест, балки тенулҳои ҳафршуда зери замин бо тӯли беш аз 643 километр аст.

Ҳамос бо кӯмаки Эрон аз ин тенулҳо барои омӯзиш ва таҷҳизи ҷангандаҳои худ истифода кард ва аз онҷо ҳамлаи худро дар 7 октябри 2023 ба Исроил оғоз кард.

Артиши Исроил акнун китобчаеро мунташир кардааст, ки дар соли 2019 аз Ҳамос мусодира карда буд, ки дар он ҷузъиёти чигунагии талоши ин ҷунбиши фаластинӣ дар набарди худ бо Исроил барои ҳафри тенулҳое ба дур аз чашмро нишон медиҳад.

Ҷунбиши Ҳамос нерӯҳои худро барои ҷангидан дар он муҳити торик ва зеризаминӣ бо дарҳои зидди инфиҷор, бо истифода аз айнаки дид дар шаб, дастгоҳҳои мавқеиятёбии ҷаҳонӣ (GPS) ва токтикҳои махфӣ шудани печидаро дар муддати замони бисёр кӯтоҳ омӯзиш дод, бинобар ин Ҳамос тавонист майдони ҷангии комилан мутафовит аз майдонҳои ҷанги суннатӣ рӯйи замин эҷод кунад.

Имрӯза, шояд печидатарин тенулҳои ихтисос додашуда ба ҷанг, дар Куреи шимолӣ бошад, ки бисёр амиқ аст ва мумкин аст ҳатто бузургтарин бомбҳо ё мушакҳо ба он нуфуз накунанд ва ҳамчунин мустаҳкамтар ва пур аз силоҳҳои пешрафтатар аз Ғазза аст.

Ҷанги тенулҳо ваҳшатнок аст ва тамоюл ба рӯёрӯии бештар бо он, унсури таъйинкунанда дар майдонҳои набарди қарни ҳозир аст.

Bloomberg

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардуми Яман: “Мо Фаластин ва Ғаззаро раҳо нахоҳем кард”
Аслитарин фарқи ислом ва масеҳият

Матолиби пурбоздид