Қудрати ҷадиди шарқӣ дар баробари қудрати якҷонибаи амрикоӣ шакл гирифтааст

Қудрати ҷадиди шарқӣ дар баробари қудрати якҷонибаи амрикоӣ шакл гирифтааст

Таҳлили хабарӣ

Ба иддаои бархе қудратҳои шарқӣ, қутби қудрати ҷаҳонӣ дар шарқи олам, дар ҳоли шаклгирист.

Бар ҳамагон маълум аст, ки Амрико пас аз фурӯпошии Шӯравии абарқудрат, дар садади ин будааст, ки қутби ягонаи қудрати ҷаҳонӣ гардад, аммо дар чанд соли ахир, қутби дигаре дар баробари Амрико қад кашидааст, ба номи қутби қудратҳои шарқӣ.

Дар ин маврид, раиси кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, генерал Боқирӣ изҳори назар намуда гуфтааст, амрикоиҳо дар рӯйкарди якҷонибагароӣ ва эҷоди назми якқутбӣ муваффақ набуданд ва имрӯз дар баробари он, як қутби қудратии дигаре дар ҳоли шаклгирист. Ба гуфтаи Боқирӣ, қутби қудрати ҷаҳонӣ дар шарқ шакл мегирад.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ дар дидори худ бо муовини байналмилалии вазири дифои Русия, генерал Фомин ба ин мавзӯъ таъкид намуда ёдовар шудааст, амрикоиҳо ҳам имрӯз изҳор мекунанд, ки дар руйкарди якҷонибагароӣ ва эҷоди низоми ҷадиди қутбҳо муваффақ набуданд ва имрӯз, қутби қудрати ҷаҳонӣ дар шарқ, дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматнома
Таъкиди ғарб бар идомаи музокирот бо Русия

Матолиби пурбоздид