Тоҷикистон воридоти гандумро афзоиш медиҳад

Ахбори минтақа

Тоҷикистон воридоти гандумро афзоиш медиҳад

Ахбори иқтисодии минтақа

Қарор аст, Тоҷикистон воридоти гандумро аз 1,1 миллион тонна дар соли 2021 то соли 2024 ба 1,4 миллион тонна мерасонад.

Коршиносон, далели афзоиши воридоти гандумро афзоиши тадриҷии ҷамъияти кишвар донистаанд.

То ин муддат, наздик ба навад фоизи гандуми кишвар аз Қазоқистон ворид мешудааст. Дар ояндаи наздик, Русия тасмим дорад, содироти гандуми худ ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Дар ин бора, Эдуард Зернин, раиси раёсати Иттиҳодияи содиркунандагони ғалла, кишварҳои Осиёи Марказиро бозорҳои стратегии интиқоли ғалла ва орди Русия медонад.

Зернин дар ифтитоҳи Форуми ғаллаи Каспий ва Осиёи Миёна дар Тошканд изҳор доштааст: “Мо ба таҳкими ҳузури худ дар минтақа хушбин ҳастем ва омодаем, ки барои ҳар як кишвар пешниҳодҳои рақобатпазир таҳия кунем”.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздиди Абдуллозода – вазири тандурустии Тоҷикистон аз оромгоҳи Фирдавсӣ
Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар арсаи байналмилал

Матолиби пурбоздид