Натиҷаи бист сол ишғолгарии Амрико: Миллионҳо нафар дар Афғонистон, ба кумак ниёз доранд!

Ахбори минтақа

Натиҷаи бист сол ишғолгарии Амрико:
Миллионҳо нафар дар Афғонистон, ба кумак ниёз доранд!

Ахбори минтақа

Бар асари бист сол ишғолгарии Афғонистон тавассути Амрико, имрӯз шароит ба ҳадде расидааст, ки ба гузориши созмонҳои байналмилал 24 миллон нафар дар ин кишвар, ниёз ба кумак доранд.

Созмони Салиби Сурх аз ниёзи 24 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон, дар остонаи фасли сармо ва зимистон гузориш кардаааст.

Илво Файлон, раиси дафтари Салиби Сурх дар Афғонистон, дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, бо фаро расидани фасли зимистон, вазъияти мардум дар Афғонистон бадтар хоҳад шуд.

Дар идомаи изҳори назари худ, ин мақоми байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст: Барои расидагӣ ба ниёзмандон дар Афғонистон ба ҳимоятҳои қавитари байналмиллалӣ ниёз аст.

Ин кумита эълом кардааст,  дар ҳоли ҳозир, наздик ба 20 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёд доранд.

Ба гуфтаи ин кумита, занони бидуни шавҳар ва кӯдакони ятим муҳимтарин қишри осебдидагони бӯҳрони башарии кунунӣ дар ин кишваранд ва дар бисёре аз маворид, онҳо ҳатто қодир ба хӯрдани як ваъда хуроки муносиб дар рӯз нестанд.

Дар идомаи гузоришот омадааст, пас аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон 700 ҳазор нафар шуғлашонро аз даст додаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти Созмони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд баргузор мешавад
Музокираи Кохи Сафед ва Кремл дар мавзӯи Украина

Матолиби пурбоздид