Тромп: Донишҷӯёнро “шустушӯи мағзӣ” додаанд

Тромп: Донишҷӯёнро “шустушӯи мағзӣ” додаанд

Ахбори байналмилал

Fox News

Раиси ҷумҳури собиқи Омрико, тазоҳуроти густардаи рӯзҳои ахир дар донишгоҳҳои кишвараш дар ҳимоят аз Фаластинро ба “шустушӯи мағзӣ” рабт дод.

Ба гузориши Fox News, Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури собиқи Омрико, дар гуфтугӯ бо Шон Ҳэннити, муҷрии ин шабака, ба ҳимоят аз иқдомоти Исроил дар ҷанги Ғазза пардохт ва аз давлати Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури кунунии Омрико интиқод кард.

Тромп гуфт: “Иёлоти Муттаҳида боистӣ шуҷоат ба даст биёварад ва ҳарф бизанд. Алъон ҳеч кас намедонад Омрико куҷо қарор дорад. Фикр мекунам, Бойден тарафи Исроил нест ва дорад иштибоҳи бузурге муртакиб мешавад. Лозим аст он теруризме, ки дар рӯзи 7-октябр шоҳиди он будем, поксозӣ шавад.”

Ӯ гуфт: “Вақте шумо бо одамҳое дар онҷо мувоҷеҳ ҳастед, ки доранд эътироз мекунанд ва ҳамзамон инкор мекунанд, ки 7-октябр иттифоқ афтода, бояд гуфт: онҳо мағзшӯӣ шудаанд; ман воқеан мӯътақидам, ки онҳо ба шеваи муайяне мағзшӯӣ шудаанд; чун шумо баъзеҳоро мебинед, ки мегӯянд, чунин чизе ҳаргиз иттифоқ науфтодааст.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Омрико: “Ин эътирозоти донишҷӯӣ нест, теруризм аст”
Ҳокон Фидон: Туркия ба ҳимоят аз миллати Фаластин идома медиҳад

Матолиби пурбоздид