Ту дар кадом тараф ҳастӣ?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Вақте саффҳо комилан ҳама мушаххас мешавад… Ту дар кадом саффӣ?
Имрӯз, саффҳо ҳама мушаххас шудаанд: дар як тараф, Эрони Исломӣ қарор дорад ҳамроҳи мардуми озодаи ҷаҳон, аз мусалмону ғайримусалмон, аз озодаҳо дар Фаластин то Лубнон ва Яман ва ғайра. Дар тарафи дигар аммо, Тромп ва аъвону ансораш қарор гирифтаанд, ки ба пайравони мактаби Эпштейн маъруфанд. Имрӯз, байни ин ду ҷабҳа ҷангу даргирӣ доир аст.
Ҳамон тавре ки арз шуд, дар канори Эрони Исломӣ тамоми озодаҳои ҷаҳон истодаанд. Аммо дар ҷабҳаи Тромп, аввалан аксари ҳокимони дунё қарор гирифтаанд, ки ҳарчанд изҳор намекунанд, аммо қалбан ва ботинан дар ҷониби Тромпанд. Зеро онҳо ҳаргиз моил нестанд, ки дар канори касе мисли шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ биистанд, табиаташон бештар бо табиати Тромп ва Эпштейн мехӯрад, то одамони пок.
Ва ҳамчунин, дар канори Тромп, илова бар ҳукком, сарватмандоне истодаанд, ки ҳамму ғамме ҷуз шикаму зери шикам надоранд. Зеро вуҷуди шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ музоҳими онҳост.
Ва бо камоли таассуф, баъзе муддаиёни пайравӣ аз ойини муқаддаси ислом низ имрӯз нохудогоҳ дар канори Тромпанд. Инон ҳарчанд Тромпро дӯст надоранд ва дилашон намехоҳад дар канори вай биистанд, аммо душманӣ ва адоват ва кинаашон нисбат ба ҷабҳаи муқобили Тромп, яъне Эрони Исломӣ, боис шудааст, нохудогоҳ дар канори Тромп ва Натонёҳу биистанд. Инон Тромпро бар шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ тарҷеҳ медиҳанд.
Бале, кина одамиро чунин мекунад. Дар садри ислом, дар замони хилофати ҳазрати Алӣ (с), саҳобаҳои бисёр бузурге буданд, ки дилашон намехост дар ҷабҳаи муқобили Алӣ биистанд – чун аз Паёмбар (с) борҳо ва борҳо хитоб ба Алӣ шунида буданд, ки эй Алӣ! Ҷуз мӯъмин дар канори ту нест ва ҷуз мунофиқ муқобили ту қарор намегирад – аммо кина боис шуд алайҳи он нозанини даҳр биистанд ва биҷанганд.
Имрӯз низ чунин аст. Хелеҳо дилашон намехоҳад дар канори ҷабҳаи Тромп ва Натонёҳу қарор бигиранд, аммо кинаашон мӯҷиб гардида ночор дар канори вай алайҳи Эрони Исломӣ биистанд.
Чӣ касе гумон мекард, Ҷулонӣ масалан, силоҳу муҳиммоти Ҳизбуллоҳро, ки алайҳи Исроил дар ҳоли ҷанг аст, боздошт кунад? Оё ин кор ғайр аз истодан дар канори саҳюнисти золим аст?
Чӣ касе гумон мекард, як ҳизби аризу тавили исломӣ, ки собиқаи таърихии дерина дар мубориза бо зулм дорад, имрӯз алайҳи Ансоруллоҳи Яман биҷангад?
Чӣ касе гумон мекард, Қатар, Кувайт ва Саудӣ, ки иддао дорад мусалмон аст, хусусан Қатар, имрӯз ошкоро алайҳи ҷабҳаи муқовимат ва ба нафъи Исроил, бо Тромп ҳамкорӣ кунад ва хокашро дар ихтиёри Тромп, ин пайрави мактаби Эпштйен қарор бидиҳад, то аз хоки ӯ Эронро ҳадаф қарор диҳад?
Ҳоло бигӯ, ту куҷо истодаӣ?! Қарор нест эълон кунӣ, балки кофӣ аст бо худат хилват кунӣ ва бибинӣ, дар канори кадом ҷабҳа истодаӣ?!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн












