Тасмими валиаҳди Саудӣ

Таҳлили хабарӣ

Тасмими валиаҳди Саудӣ

Ахбори байналмилал

Хабаргузори Associated Press бо интишори таҳлиле дар бораи рӯйкарди ҷадиди Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ҳукумати саудӣ дар наздикӣ ба Эрон ва қудратҳои шарқӣ ҳамчун Чин ва Русия, навишт:

“Ҳаракат ба самти танишзудоӣ бо Эрон, барқарории муҷаддади равобит бо Сурия ва талош барои поён додан ба ҷанги 8-солаи Яман, метавонад шоҳзода Муҳаммадро аз бархе аз печидатарин масоили минтақаӣ, ки бо он мувоҷеҳ аст, раҳоӣ бахшад.

Ин ки оё ӯ дар ин ин амр муваффақ мешавад ё на, таъсироти амиқе бар Ховари Миёна ва барномаҳои густурдаи ӯ барои тағйири шакли идораи подшоҳии саудӣ бо вобастагии камтар ба нафт ва тармими чеҳрааш хоҳад дошт.

Шикасти Бен Салмон дар пружаи оштиҷӯӣ на танҳо ҳукмронии қарибулвуқӯъи ӯ бар кишвареро, ки барои таъмини энержии ҷаҳонӣ ҳаётӣ аст таҳдид мекунад, балки минтақаи васеътареро, ки солҳо таниш мутазалзил карда ва то ҳадде бо тасмимоти ӯ шӯълавартар шудааст, таҳдид мекунад.

Зуҳури шоҳзода Муҳаммад бен Салмон дар арсаи сиёсати Арабистон, дар соли 2015 ва пас аз интисоби падараш Малик Салмон ба унвони муовини валиаҳд шитоб гирифт. Дар он сол Муҳаммад бен Салмон, ки вазири дифоъи вақт буд, Арабистони Саудиро вориди як корзори низомӣ дар Яман кард; ҷанге фарсоишӣ, ки ба як набарди ниёбатии минтақаӣ табдил шуд, ки ҳанӯз ҳам идома дорад. Риёз аз давлати табъидии Яман дар баробари Ҳусиёни мавриди ҳимояти Эрон, ки Санъо, пойтахти ин кишварро дар ихтиёр доранд, ҳимоят мекунад.

Танишҳо бо Эрон, ки дар он замон ҳанӯз дар тавофуқи ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ буд, бо эъдоми як рӯҳонии барҷастаи шиъа тавассути Арабистони Саудӣ дар соли 2016 ташдид шуд. Мӯътаризони эронӣ дар пайи ин эъдом, ба амокини диплумотики Арабистон дар Эрон юриш бурданд ва Риёз равобити худро бо Теҳрон қатъ кард.

Дар соли 2017, Арабистони Саудӣ ба 3 кишвари арабии дигар (Баҳрайн, Аморот ва Миср) пайваст, ки Қатарро, ки равобити ҳасанае бо Эрон дорад, таҳрим ва муҳосираи ҳамаҷониба кард.

Дар ҳамон сол, Бен Салмон бо даъват аз Саъд ал-Ҳарирӣ, нахуствазири вақти Лубнон ба подшоҳӣ ва сипас маҷбур кардани ӯ ба эъломи истеъфояш, талоше сангин барои шикастани султаи Ҳизбуллоҳи таҳти ҳимояти Эрон бар давлати Лубнон анҷом дод. Ин талош шикасти фоҳише хӯрд ва аз он замон то кунун нуфузи Арабистони Саудӣ дар Лубнон коҳиш ёфтааст.

Шоҳзода Муҳаммад чанд рӯз баъд, кампини иддаоии зидди фасоди худро роҳандозӣ кард, ки дар қолаби он шоҳзодагони бонуфузи саудиро дар ҳутеле дар шаҳри Риёз маҳбус кард, то ин ки миллиардҳо доллар аз дороиҳои худро таҳвили ӯ диҳанд.

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, сутуннависи “Вошингтун пост” дар октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истамбул, охирин тири халос бар чеҳраи валиаҳди ҷадиди саудӣ буд, ки ба эътиқоди Иёлоти Муттаҳида ва дигарон тавтиаи қатли Хошуқҷӣ ба таври мустақим ба дастури Бен Салмон анҷом шуд ва фазои байналмилалиро ба шиддат алайҳи валиаҳди ҷавони саудӣ, тағйир дод.

Аммо ҳамлае, ки ба дунболи он анҷом шуд, эҳтимолан муҳосиботи шоҳзодаи ҷавони саудиро тағйир дод. Дар сентябри 2019, рагбори мушакҳои “Круз” ва паҳпод ба қалби санъати нафти Арабистони Саудӣ исобат кард ва ба таври муваққат тавлиди нафти ин кишварро ба нисф коҳиш дод.

Дар ҳоле, ки Ҳусиҳо ибтидо масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд, Ғарб ва Арабистони Саудӣ ангушти иттиҳоми худро ба самти Теҳрон гирифтанд ва Эронро масъули ин ҳамалот донистанд. Коршиносон низ ин силоҳҳоро ба Эрон муртабит медонанд. Агарчӣ Теҳрон анҷоми ин ҳамларо рад мекунад, аммо бозрасони Созмони Милал низ дар гузориши худ дар бораи ин ҳамла гуфтанд, ки “баъид аст нерӯҳои Ҳусӣ масъули он бошанд.”

Арабистони Саудӣ ҳаргиз ба таври аланӣ ин ҳамларо талофӣ накард ва Иёлоти Муттаҳида низ ба унвони зомини амнияти кишварҳои арабии халиҷи Форс, вокунише нишон надод.

Ин амр ва ҳамчунин хуруҷи саросемавори Омрико дар соли 2021 аз Афғонистон, мунҷар ба бознигарии кишварҳои минтақа дар мавриди мизони такя бар ваъдаҳои Иёлоти Муттаҳида шуд.

Дар ҳамин ҳол, Арабистони Саудӣ равобити наздике бо Русия ба унвони бахше аз гурӯҳи OPEC+ ҳифз кард. Коҳиши тавлиди нафти ин созмон, ҳатто дар шароите, ки ҷанги Маскав бо Укройн қимати энержиро афзоиш дод, хашми Ҷу Бойден, раисиҷумҳурӣ ва қонунгузорони омрикоиро барангехт. Чин низ, ки аз ҳамагирии вируси Куруно берун омадааст, мехоҳад арзаи нафти Арабистонро тазмин кунад.

Ҳам Русия ва ҳам Чин ба Арабистони Саудӣ ва шоҳзода Бен Салмон, бидуни нигаронии доимии Ғарб дар заминаи ҳуқуқи башар, эҳтиром мегузоранд. Бен Салмон дар рӯзҳои поёнии соли гузашта мизбони Сӣ Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин буд ва ҳамзамон бо Владимир Путин, раисиҷумуҳри Русия низ ба таври телефонӣ гуфтугӯ кард.

Тавофуқ бо миёнҷигарии Чин дар мавриди барқарории муҷаддади равобити подшоҳии саудӣ бо Эрон ҳамчунин фурсати ҷадидеро барои шоҳзода Муҳаммад фароҳам мекунад, то ба Иёлоти Муттаҳида нишон диҳад, ки дигарон низ метавонанд сиёсати Ховари Миёнаро шакл диҳанд.

Ин тавофуқ ҳамчунин оромиши лозимро фароҳам мекунад, то ба шоҳзода иҷоза диҳад, рӯи пружаҳои руъёии дохилии худ кор кунад, ки яке аз онҳо шаҳри ҳушманди биёбонии 500 миллиард долларии худ дар шимоли ғарбии Саудӣ ва дигаре минишаҳре пур аз маконҳои саргармӣ ба шакли мукаъаб бо иртифоъи 400 метр аст, ки эҳтимолан такмили он миллиардҳо доллар ҳазина хоҳад дошт.

Албатта Эрон низ ба шиддат ба дунболи оромиши танишҳо аст, ба вежа дар пайи эътирозоти дохилии соли гузашта ва низ таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида, ки ҳамчунон иқтисоди Эронро таҳти фишор қарор додааст.

Пеш аз ин, Арабистони Саудӣ талошҳоеро низ барои барқарории муҷаддади равобит бо Қатар дар соли 2021 анҷом додааст. Коҳиши танишҳо бо Эрон мумкин аст роҳе барои хуруҷи комил аз ҷанги Яман барои Бен Салмон фароҳам кунад.

Бо ин ҳол, дастури шоҳзода Муҳаммад ба мақомоти саудӣ барои дидор бо ҳамтоёни эронӣ ба манзури бозгушоии сафоратҳо, нишондиҳандаи тағйире чашмгир барои раҳбаре аст, ки дар соли 2018 ҳукумати Эронро бо ҳукумати Ҳитлер ва Олмони нозӣ муқоиса карда буд.

Дар ҳамин ҳол, гуфтугӯҳо дар бораи эҳёи равобит бо Сурия, ки ҳанӯз дар асри Башшор Асад, раисуҷумҳури мавриди ҳимояти Эрон идора мешавад, идома дорад. Нишасти ояндаи Иттиҳодияи Араб, ки дар моҳи май ба мизбонии ин подшоҳӣ баргузор мешавад, метавонад Сурияро ба таври расмӣ ба арсаи Иттиҳодияи Араб бозгардонад. Ҳатто Лубнон, ки даргири бӯҳронҳои саботи дохилӣ ва иқтисодӣ аст, метавонад аз наздикии Эрон ва Арабистон суд бибарад.

Подшоҳӣ низ дар оянда бо як интиқоли қудрат рӯбарӯ хоҳад шуд. Малик Салмон дар ҳоли ҳозир 87 сол дорад. Салафи ӯ, Малик Абдуллоҳ, пиртарин подшоҳи саудӣ буд, ки дар 90-солагӣ даргузашт. Шоҳзода Муҳаммад эҳтимолан ҷавонтарин подшоҳе хоҳад буд, ки то кунун тоҷу тахтро ба даст мегирад – ва метавонад даҳҳо соли дигар барои нишон додан асари худ дар подшоҳӣ вақт дошта бошад.

Аммо ин ки дар ин амр муваффақ мешавад ё на, ба ҳамон андоза ба худи ӯ бастагӣ дорад, ки оё метавонад танишҳоеро, ки ба шӯълавар шудани онҳо кӯмак карда, кам кунад ё на?”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маноқиби Имоми Аъзам
Муҳоҷири тоҷикро ба муддати сад сол аз Русия депорт кардаанд

Матолиби пурбоздид