Узбекистон ниругоҳҳои барқии обии хурд бунёд мекунад
Ахбори иқтисодӣ
Ҳукумати Узбекистон барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик 250 ниругоҳи барқии обии хурд бунёд кунад.
Дар ҷараёни тавсиаи системаи энержии Узбекистон, таъкид шудааст, ки ин кишвар аз тамоми зарфиятҳои худ дар ҷиҳати тавлиди энержии барқ, истифода хоҳад намуд.
Дар ин росто таъкид шудааст, ки бо тавсиаи зарфиятҳои мавҷуд, неругоҳҳои ҷадиди хуршедӣ, бодӣ ва обӣ эҳдос мешаванд.
Бар асоси пешбиниҳо, неругоҳҳои барқии обии хурд метавонанд дар оянда 675 миллион киловат/соат барқ тавлид намоянд, ки ин кор боиси сарфаҷӯии 200 миллион метри мукааб газ дар сол хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн