Хушбахт зиндагӣ кунем

Муҳоҷират

Хушбахт зиндагӣ кунем

Рози хушбахтӣ ва саодат дар зиндагӣ

Яке аз муҳимтарин масоили зиндагии тамоми инсонҳо, фаҳмидан, пай бурдан ва дарки маъно хушбахтӣ ва талош барои расидан ба он мебошад.

Талошу кушишҳо барои расидан ба хушбахтӣ аз дер боз вуҷуд дошта ва ҳеч кас дар паи расидан ба он, лаҳзае тардид накардааст.

Албатта саволҳое дар ин бора матраҳ аст, монанди ин пурсишҳо:

Инсони хушбахт бо дигар инсонҳо чӣ фарқе доранд?

Инсонҳои хушбахт чӣ хусусиёте доранд?

Чӣ тавр ба хушбахтӣ даст пайдо кунем? – ва саволҳои дигар…

Воқеият ин аст, ки барои расидан ба хушбахтӣ, ибтидо бояд як таърифи дурусте аз хушбахтӣ дошта бошем то ба унвони меъёрҳои аслӣ барои расидан ба он талош кунем.

 

Хушбахтиро таъриф кунед

Барои дарки ин калима назароти зиёде матраҳ шудааст.

Хушбахтӣ ҳатто аз як шахс то шахси дигар фарқ мекунад.

Аммо хушбахтӣ дартаърифи худ, куллияте дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ҳар кас метавонад, нисбат ба касби хушбахтӣ, оонро дар назар бигирад.

Таърифе, ки дар дикшенерии Оксфорд аз хушбахтӣбармеояд, хушбахтӣ, эҳсоси ризоят ё нишон додани лаззат, маъно мешавад.

Бар асоси ин таъриф .хушбахтӣ як ҳолат аст на як сифат.

Яъне хушбахтӣ ҳолатест, ки бо эҳсоси ризоят ҳамроҳ аст ва гоҳе ин ҳис зудгузар ҳам ҳаст.

Хушбахтӣ ҳиссест, ки марбут ба замони ҳол ва ризояти лаҳзаи кунунӣ аст.

 

Роҳҳои расидан ба хушбахтӣ кадоҳост?

Вақте худро бишносед, беҳтар дарк мекунад, ба чӣ чизҳое барои расидан ба хушбахтӣ ниёз доред.

Дар идома ба шуморе аз роҳҳои дарки хушбахтӣ ишора мекунем, ки ба шумо дар арсидан ба эҳсоси ризоят ва хушбахтӣ кумак мекунад.

1 – Хушбахтиро дар даруни худамон ҷустуҷӯ кунем

2 – Барои хостаҳоямон барномарезӣ кунем

3 – Барои мушкилот роҳи ҳал пайдо кунем

4 – Вақт ҷудо кардан барои худамон

5 – Зиндагиро сахт нагир

6 – Аҳамият ба саломатии худ

7 – Бахшандагӣ нисбат ба дигарон

8 – Қадрдонӣ аз лутфи дигарон

9 – Мусбатандешӣ

10 – Ба рушди худамон аҳамият диҳем

11 – Худамонро бо дигарон муқоиса накунем

12 – Доштани истиқлоли фикрӣ

13 – Ростӣ ва садоқат

14 – Пазириши нуқоти заъфу қувват

15 – Дурӣ аз камолгароӣ

16 – Меҳрубонӣ бо худ ва пазириши хушбахтӣ…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шеъре, ки завқ парварад
Ҳиммат ва ҷавонмардӣ

Матолиби пурбоздид