Узви Кнессети Исроил: 24 гурдони Ҳамос дар навори Ғазза ҳузур доранд

 

Узви Кнессети Исроил: “24 гурдони Ҳамос дар навори Ғазза ҳузур доранд, ҳатто як гурдон нобуд нашудааст”

Ахбори байналмилал

Almayadeen  

Яке аз аъзои Кнессет (порлумон)-и Исроил эътироф кард, ки ҳатто як гурдони низомии Ҳамос дар навори Ғазза нобуд нашудааст ва ҳамаи 24 гурдони ин ҷунбиш дар арсаи майдонӣ ҳузур доранд.

Ба гузориши Алмаёдин, Амит Леви, узви Кнессети режими саҳюнистӣ, дар гуфтугӯ бо канали 14-и телевизиони ин режим эътироф кард, ки ҳамаи 24 гурдони Ҳамос ҳанӯз дар навори Ғазза ҳузур доранд ва ҳатто як гурдон аз онҳо нобуд нашудааст.

Гуфтанист, эътирофи ин мақоми саҳюнист дар ҳоле аст, ки гурдонҳои Қассом дар тозатарин амалиёти худ, аз ҳадаф қарор додани ду дастгоҳ тонки дигари артиши ишғолгар бо рокети зидди зиреҳи “Ёсин-105” дар шарқи шаҳри Ҷаболиё дар шимоли навори Ғазза хабар дод.

Ин гурдонҳо ҳамчунин эълом кард, ки маркази фармондеҳӣ ва дидабони ишғолгаронро дар шарқи шаҳри Ҷаболиё ҳадафи ҳамалоти хумпораӣ қарор дода ва дар амалиёте дигар бо мушорикати гурдонҳои Қудс, ба маҳалли истиқрори тӯпхонаи артиши саҳюнистӣ дар шарқи Ҷаболиё ҳамла кардааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Далели ҷаззобияти Маснавии Маънавӣ
Гуфтугӯи телефонии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Ироқ бо Исмоил Ҳаниа

Матолиби пурбоздид