Усваи комил
Шеъре аз Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар васфи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)
Ба муносибати милоди босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)
Дар маънии ин ки Сайидатун нисо Фотимаи Заҳро усваи комилаест барои нисои ислом
Марям аз як нисбати Исо азиз,
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.
Нури чашми Раҳматан лил-оламин,
Он имоми аввалину охирин.
Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,
Рӯзгори тозаоин офарид.
Бонуи он тоҷдори “Ҳал ато”,
Муртазо, мушкилкушо, шери Худо.
Подшоҳу кулбае айвони ӯ,
Як ҳусому як зиреҳ сомони ӯ.
Модари он маркази паргори ишқ,
Модари он корвонсолори ишқ.
Он яке шамъи шабистони Ҳарам,
Ҳофизи ҷамъияти Хайр-ул-умам.
То нишинад оташи пайкору кин,
Пушти по зад бар сари тоҷу нигин.
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон,
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.
Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн,
Аҳли ҳақ ҳуррият омӯз аз Ҳусайн.
Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.
Мазраи таслимро ҳосил Батул,
Модаронро усваи комил Батул.
Баҳри мӯҳтоҷе дилаш он гуна сӯхт,
Бо яҳудӣ чодари худро фурӯхт.
Нуреву ҳам оташе фармонбараш,
Гум ризояш дар ризои шавҳараш.
Он адабпарвардаи сабру ризо,
Осиёгардону лаб қуръонсаро.
Гиряҳои ӯ зи болин бениёз,
Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.
Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин,
Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин.
Риштаи оини Ҳақ занҷири мост,
Поси фармони ҷаноби Мустафост.
Варна гирди турбаташ гардидаме,
Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидаме.
Иқболи Лоҳурӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













