Фаластин ва “Исроил”

Таҳлили хабарӣ
Фаластин ва “Исроил”
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
Мутаассифона дар ин ҷаҳон касоне, ки саъй дар воруна нишон додани ҳақоиқ мекунанд, ҳатто дар миёни донишмандон, кам набудаанд. Се нукта ҳаст, ки лозим медонам, ёдоварӣ кунам:
1) Ҷанг дар Ғазза ва куллан Фаластин, чунин нест, ки вонамуд мешавад, ки гӯё ду давлат бо ҳам меҷанганд. На, ҳаргиз! Фаластиниҳо аз сарзамини худ ронда шудаанд ва ин сарзаминро саҳюнистҳо ғасб карданд. Ин ҳақиқат, бо ин ки барои касе пинҳон нест, вале ҳамеша талош мешавад, ин ҳақиқат гуфта нашавад. Саҳюнистҳо ишғолгаранд. Фаластиниҳо, ҳамон гуна ҳиндиҳо алайҳи ишғолгарии ангилисиҳо, алҷазоириҳо алайҳи ишғолгарии фаронсавиҳо, мардуми Либӣ алайҳи ишғолгарии итолиёиҳо ва сиёҳпӯстони Офриқои ҷанубӣ алайҳи опортойд ҷангидаанд, меҷанганд. Оё дар ин ҳақиқат шакке ҳаст?
Касе, ки моҷарои Фаластинро ба гунае дигар тавсиф мекунад, ӯ ё воқеан кавдан аст ва ё усулан тарафдори зулм ва ситамгар ва ишғолгар. Ӯ дуруст мисли касе аст, ки бигӯяд: вақте як бегонаи қулдур ба хонаи шумо таҷовуз кард, шумо бояд сукут кунед, чун ӯ зӯр аст, тан ба хорӣ ва зиллат диҳед!
2) Меъёри таъйини пирӯз ва шикастхӯрда дар ҷанг байни як ишғолгар ва ишғолшуда, ҳаргиз ба омору арқом нест. Кушташудаҳои Ветном ҳангоми ишғоли ин кишвар аз сӯйи Омрико, 20 баробари кушташудаҳои артиши Омрико буд ва вайронӣ ва харобиҳое, ки ин ҷанг ба бор овард, аслан ғайри қобили тавсиф аст. Ҳамчунин, меъёри таъйини пирӯз ва шикастхӯрда дар якчунин ҷангҳо, ҳаргиз ва абадан ба ин нест, ки ишғолшуда сарзаминеро, ки дар он қарор дошта аз даст дод. Ҳаргиз чунин нест! Масалан, агар Ғазза имрӯз аз сӯйи исроилиҳо комилан ва куллан тасарруф шавад, ин ба маънои шикасти Ҳамос ва пирӯзии Исроил нест, балки ба ин аст, ки оё он аҳдоферо, ки Исроил дар ин ҷанг таъйин карда буд, ба онҳо ноил шуд ё на? Исроил ду ҳадаф пеши худ гузошта: яке ин ки асиронро ба зӯри ҷанг баргардонад ва дигар он ки Ҳамосро куллан решакан намояд. Хуб, ҳоло ин ду ҳадаф муҳаққақ шуд? Ҳаргиз! Моҷаро ҳамон гуна шуд, ки Ҳамос гуфта буд. Яъне асирон ҷуз бо тавофуқ барнамегарданд. Ин як. Ва сониян, ба тасреҳи дӯсту душман ва худи исроилиҳо, Ҳамос ҳанӯз побарҷост.
3) Нуктаи севвум ва аз ҳама муҳим, ки ҳаргиз аз пеши чашмонамон дур нашавад ин аст, ки дар ин ҷанг, дар як тараф, артиши Исроил қарор дорад; яке аз муҷаҳҳазтарин ва мудернтарин артишҳои ҷаҳон. Ин кишвари ҷаълӣ пешрафтатарин ва кушандатарин таслеҳоти ҷаҳонро дорад. Ба лиҳози боз будани даст, дорои бозтарини дастҳо дар ҷаҳон аст ҳатто бозтар аз Омрико. Бидуни ҳеч маҳдудияте ба куштори ғайринизомиён ва тахриби зерсохтҳои ғайринизомӣ ва ҳаётии инсонҳо иқдом мекунад. Бидуни ҳеч монеъ ва маҳдудияте таҷҳизоти низомӣ, муҳиммот ва таслеҳот дарёфт мекунад. Аз ҳимояти ҳаддиаксарӣ ва номаҳдуди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва диплумотик бархӯрдор аст.
Дар муқобили ӯ аммо, як маҷмӯаи кучак қарор дорад, ки дар муҳосараи комил аст; Исроил аз чаҳор тараф минтақаи Ғаззаро дар муҳосараи худ қарор дода. Ҳамаи таслеҳот ва муҳиммоте, ки масраф мекунад, дар зери замин ва бо ҳазорон эҳтиёт, ки мабодо исроилиҳо бифаҳманд мекунад. Аслиҳа ва муҳиммоте, ки аз хориҷ – ки умдатан аз Эрон ва аз тариқи Ҳизбуллоҳ ва аз тариқи об аст – бо ҳазорон мушкил сурат мегирад, ки напурс, дар роҳи расондани ин муҳиммот ба Ғазза шояд даҳҳо нафар дар роҳ шаҳид шаванд. Хулоса, бо ҳазору як мушкил. Хуб, инҳо гуфтанаш осон аст, вале амалан хеле сахт аст, сахттар аз он ки тасаввур мекунед.
Дар якчунин шароит, Ҳамос битавонад 50 рӯз дар баробари артиши саҳюнист муқовамат кунад ва саранҷом ӯро маҷбур созад, ки тан ба табодули асирон диҳад! Хуб, кӣ дар ин сурат пирӯз аст?! Исроил ё Ҳамос?!
Худатон қазоват кунед.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бандаи солеҳи Худованд
Зӯҳду тақвои Алӣ(а) дар ҳукуматдорӣ

Матолиби пурбоздид