Фалсафаи ахлоқ

Фалсафаи ахлоқ

Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши аввал:
Баҳсҳои масҷиди Арки Теҳрон
Ахлоқ чист?
بسم اللّه الرّحمن الرّحیم
الحمد للّه ربّ العالمین، بارئ الخلائق أجمعین، والصلوة والسلام علی عبداللّه ورسوله وحبیبه وصفیّه وحافظ سرّه ومبلّغ رسالاته، سیدنا ونبیّنا ومولانا أبي القاسم محمد صلی الله علیه وآله. أعوذ باللّه من الشیطان الرجیم:
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
(Ҷумъа/2) Мавзӯи баҳс дар ин чанд шаб бо ёрии Худо “фалсафаи ахлоқ” аст.
Ахлоқ ба таври куллӣ чист? Мо чӣ гуна феъле аз афъоли инсонҳоро метавонем “ахлоқӣ” биномем? Ва феъли ғайри ахлоқӣ чист? Ва феъли зидди ахлоқӣ чист? Ва ҳамчунин дар миёни сифоти инсон, чӣ гуна сифатеро метавон ахлоқӣ номид ва чӣ гуна сифатеро зидди ахлоқӣ ва чӣ гуна сифатеро на ахлоқӣ ва на зидди ахлоқӣ? Ва дар миёни андешаҳои инсон айнан ҳамин суол ва ҳамин тақсим ҳаст: чӣ андешае ахлоқӣ аст ва чӣ андешае зидди ахлоқӣ ва чӣ андешае на ахлоқӣ аст ва на зидди ахлоқӣ; бо ин ки ибтидоан ба назар мерасад, ки феъли ахлоқӣ ё сифати ахлоқӣ ва ё андешаи ахлоқӣ, эҳтиёҷе ба таъриф надорад; ахлоқ луғате аст шойеъ дар забони ҳамаи мардум ва балки ҳамаи мардуми дунё; ба ҳар забоне луғате муъодили ин луғат ҳаст; пас ҳама ахлоқро ва қаҳран зидди ахлоқро мешиносанд, эҳтиёҷе ба таъриф надорад. Вале иттифоқан ахлоқ монанди бисёре аз чизҳои дигари шабеҳи худаш, аз он чизҳое аст, ки дар айни ин ки дар забони ҳамаи мардум доир аст ва ҳамаи мардум хаёл мекунанд, ки онро мешиносанд ва метавонанд таъриф бикунанд, аз мушкилтарини луғот аст барои таъриф кардан.
Ҳеч бовар мекунед, ки ин ҳама уламо ва файласуфон ва донишмандоне, ки дар дунё пайдо шудаанд ва ин ҳама кашфиёти илмӣ ва мӯшикофиҳои фалсафӣ, ки дар масоил шудааст ва дар бисёре аз онҳо тавофуқи назар пайдо шуда, яъне масъала ва мушкил ҳал шуда — дар риёзиёт, дар физик, дар табиӣ, дар фалсафа, дар мантиқ садҳо масъала метавон пайдо кард, ки масоил ҳал шудааст — вале ҳамин луғати маъмулӣ ҳанӯз ҳал нашуда, ба ин маъно, ки тавофуқи назар дар бораи он вуҷуд надорад. Агар масалан мо аз Афлотун ва Суқрот бипурсем, ки феъли ахлоқӣ чист, як ҷур бароямон таъриф мекунанд ва агар аз Арасту, ки шогирди Афлотун аст бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунад ва таърифи Афлотунро саҳеҳ намедонад. Агар аз Эпикур бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунад, аз равоқийун бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунанд, аз калбийун бипурсем, ҷури дигар таъриф мекунанд, аз суфастоиён бипурсем, ба наҳви дигаре таъриф мекунанд. Агар сафаре ба Ҳинд биравем ва китобҳои ҳиндуҳо ва ахлоқи ҳиндиро мутолеа бикунем, мебинем ҷури дигар таъриф мекунанд. Будо ба гунае таъриф карда, Конфутсий ба гунаи дигар таъриф кардааст. Урафои худамон ҷуре таъриф мекунанд. Дар дунёи ҷадид, ҳар файласуфе як навъ системаи ахлоқӣ пешниҳод мекунад ва ахлоқ дар мактаби ӯ бо ахлоқ дар мактабҳои дигар мутафовит аст. Масалан, ахлоқи Нитше асосан зидди аксари ахлоқҳои дигари дунёст. Ахлоқи Макиавеллӣ як ахлоқи махсус дар дунёст, ахлоқи марксистӣ як навъ ахлоқи махсус дар дунёст.
Чаро ин тавр аст?
Маншаи тафовути бинишҳо дар ахлоқ
Ихтилофи назарҳо дар таърифи ахлоқ, ки ахлоқ чист, то андозае аз ҷаҳонбиниҳои мухталиф сарчашма мегирад, яъне биниши ҳар мактабе дар бораи ҷаҳон, як навъ системаи ахлоқӣ дар он мактаб илҳом мебахшад ва пешниҳод мекунад. Мактаби моддӣ қаҳран навъе ахлоқ пешниҳод мекунад, мактаби илоҳӣ навъи дигар ахлоқ пешниҳод мекунад. Он ки ҷаҳонро ношӣ аз як иродаи ҳакимонаи азалӣ ва инсонро нафхае илоҳӣ медонад ва он ки дар ҷаҳон ҷуз зулмату торикӣ ва тасодуф ва ҳаракатҳои кӯр-кӯрона ва бемунтаҳоӣ, бемақсадӣ ва беҳадафӣ чизи дигаре намебинад, хоҳ нохоҳ бинишашон дар ахлоқ ҳам мутафовит аст. Ва асосан баъзе аз мактабҳо дар масъалаи ахлоқ ба бунбаст мерасанд. Баъд, иншоаллоҳ баҳс мекунем, ки оё аз назари баъзе мактабҳо, ахлоқ ба ҳар наҳве бихоҳанд таъриф кунанд, маъно ва мафҳуме метавонад дошта бошад ё наметавонад ва ин худ имрӯз як масъалае аст: оё ахлоқ бо тавҳид вобастагӣ дорад ё надорад? Оё ахлоқ минҳои тавҳид, минҳои Худо дар олам метавонад вуҷуд дошта бошад ё наметавонад?
Ҳол, мо баҳси худамонро аз масоили мусаллам миёни башарият оғоз мекунем; аз масоиле, ки ҳамаи мактабҳои ахлоқӣ дар бораи он масоил тавофуқ доранд; аз мусалламот шурӯъ мекунем, баъд меравем ҷилавтар бибинем ба куҷо мерасем ва оё метавонем фалсафаи ахлоқро кашф кунем ё на? Ва он вақт системаи ахлоқии ислом чист? Ва ин як матлаби бисёр лозим ва зарурӣ аст, ки мо мактаби ахлоқии исломии худамонро дақиқан бишносем.
Пайғамбари Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ҷумлае дорад, ки ман ин ҷумларо дар иборати маъруфе, ки ба ин иборат нақл мекунанд, дар аҳодиси шиъа надидаам; уламои аҳли тасаннун дар аҳодисашон овардаанд, вале дар аҳодиси шиъа ҳамин маъно бо андаке ихтилофи лафз вуҷуд дорад. Ҷумлаи маъруф ин аст, ки Пайғамбари Акрам фармуд:
بُعِثْتُ لِأُتَمِّمَ مَکَارِمَ الْأَخْلَاقِ
Ман мабъус ва барангехта шудаам барои ин ки ахлоқи каримонаро, ахлоқи макруматӣ (1)-ро, ахлоқи макруматмаобонаро такмил кунам. Калимаи такмил ва татмим мерасонад, ки пайғамбар мехоҳад бигӯяд, на фақат ман, ки пайғамбари хотам ҳастам, рисолати макрумати ахлоқӣ дар миёни башар дорам, анбиёи гузашта ҳам ҳар кадом ба навбаи худ чунин рисолате доштаанд; онҳо ҳам барои чунин ҳадафе омадаанд, вале ман омадаам кори ниматамоми онҳоро ба поён бирасонам (хатми нубувват), барои ин ки ман дар асру замоне ва дар шароите омадаам, ки он чи ба василаи ваҳй бояд ба башар гуфта шавад, аз забони ман бояд гуфта шавад; ман мабъус шудаам барои татмим ва такмили ахлоқи макруматӣ.
Ин иборате аст, ки Ғаззолӣ ва амсоли ӯ ба сурати ҳадис нақл кардаанд. Мо дар аҳодиси шиъа гаштем, то айни иборатро бибинем; айни ин лафзро ман пайдо накардам, вале мазмуни он дар китобҳои ҳадиси мо ҳаст. Пайғамбари Акрам дар ҳадисе, ки “Васоилуш-шиъа” нақл кардааст, фармуд:
عَلَیْكُمْ بِمَکَارِمَ الْأَخْلَاقِ
Албатта, мунофот надорад, ки ба ҳар ду иборат яъне дар навбатҳои мутаъаддид пайғамбар фармуда бошад. Дар аҳодиси мо ба ин иборат аст:
عَلَیْكُمْ بِمَکَارِمَ الْأَخْلَاقِ
Бар шумо бод ахлоқи макруматӣ ва каримона,
فَإِنَّ رَبِّي بَعَثَني بِها
— ки парвардигори ман маро барои ин ахлоқи макруматӣ мабъус фармудааст.
* * *
(1) Дар калимаи “макрумат” хеле маъно хобида. Вақте, ки навбат расид ба ин ки мо меъёрҳои ахлоқи исломиро баён кунем, роҷеъ ба ин калима, ки меҳвари бузурге дар ахлоқи исломӣ аст баҳс хоҳем кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сенатори амрикоӣ: Амрико муносибатҳои худро бо Тоҷикистон амиқтар кунад
Густариши қудрати нарми Амрико дар кишварҳои Осиёи Миёна

Матолиби пурбоздид