Моли дунё

Моли дунё

Яке аз уламо нақл мекард: Дар айёми ҷавонӣ рафиқе доштам, ки соати зебое дошт ва онро бисёр дӯст медошт. Рӯзе он рафиқам бемор шуд ва ҳолаш чунон бад шуд, ки фикр кардем дар ҳоли сакароти мавт аст.

Дар ин миён, яке аз уламо он ҷо буд ва ба ӯ талқин мекард, ки “Ло илоҳа илаллоҳ” бигуяд, аммо дӯсти бемори ман ба ҷои калимаи тайиба мегуфт:

“Нашикан, намегуям”.

Мо ҳамагӣ тааҷҷуб кардем, ки чаро ба ҷои зикри Худо, чунин мегуяд?

Ин муаммо то он даме барои мо ҳалношуда боқӣ монд, ки ҳоли он дӯсти беморам каме беҳтар шуд ва мо дар ин бора аз ӯ суол кардем.

Ӯ гуфт: Нахуст он соатро биёред.

Соатро оварданд. Ӯ соатро бо як партоб ба замин шикаст ва гуфт:

— Ман дилбастагии хоссе ба ин соат доштам ва замоне, ки маро талқин ба гуфтани “Ло илоҳа илаллоҳ” мекардед, шайтонро дидам, ки дар як дасташ ин соат ва дар дасти дигар санг дошт ва мегуфт, ки агар калимаро ба забон орӣ, соатро мешиканам. Барои ҳамин ман такрор мекардам, ки нашикан, намегуям.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Табаров Сайид

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ин забони мазлуми форсӣ
Шинохт ва ташхиси истидлолҳои ғалат (муғолата)

Матолиби пурбоздид