Фарқи “бихон”-и ислом бо “бихон”-и дигарон
Маорифи исломӣ
“Ислом мегӯяд: “бихон!”, башар ҳам мегӯяд: “бихон!“. Тамаддуни фарангӣ ҳам мегӯяд: “бихон ва бинавис!“, тамаддуни фарангӣ ҳам мегӯяд: мубориза бо бесаводӣ, Қуръон ҳам мегӯяд: мубориза бо бесаводӣ. Ин “иқраъ” яъне мубориза бо бесаводӣ. Аммо Қуръон мегӯяд: бихон бо номи парвардигорат.
بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ
Хондан ва донистанро бо маънавият ва имон ва ин ки ҳамеша ҳамроҳи номи Худо бошад, ҳамроҳ мехоҳад. Ислом ба фарҳанге, ки аз имон ҷудо бошад, мӯътақид нест. Ва таҷриба нишон дод, ки чунин фарҳанге барои башар коре намекунад. Фарҳанги ҷудо аз имон, “иқраъ”-и ҷудо аз –
بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ
– он фарҳанге аст, ки ба кураи моҳ меравад, вале дар ҳамон ҳол бар сари инсонҳои бегуноҳе дар хонаҳои худашон бомб мерезад; яъне инсоният нест. “Бихон”-и ҷудо аз –
بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ
– ва ҷудо аз номи Худо, таваҳҳуш аст ва барои башар ваҳшигарӣ эҷод мекунад, илм василаи таъмини ҷоҳталабиҳо ва шаҳватрониҳои башар мешавад. Илми ҷудо аз имон, хондан ва навиштани ҷудо аз имон, босаводии ҷудо аз имон инсонро инсон намекунад ва ба башар инсоният намедиҳад, балки абзор ба дасти башар – ба ҳар шакле, ки ҳаст – медиҳад.
Руҳи фарҳанги исломӣ, ҳамроҳ будани илм ва имон аст.
وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَالْإِيمَانَ
(Рум/56) Қуръон дам аз илм ва имон бо ҳам мезанад, на имони ҷудо аз илм ва на илми ҷудо аз имон. Мавлавӣ чӣ қадр хуб ҳамин ҳақиқатро, ки аз Қуръони Карим иқтибос карда баён мекунад; мегӯяд:
Ҳар ки ӯ бе сар биҷунбад, дум бувад,
Ҷунбишаш чун ҷунбиши каждум бувад…
Теғ додан дар кафи зангии маст
Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон
Фитна омад дар кафи бадгавҳарон…”
(Ошноӣ бо Қуръон, Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн













