Фарҳанги шод зистан
Сабки зиндагӣ
Мусбатандешӣ ва хушбинӣ – зиндагии шод
Хоҳӣ чу Халил, Каъба бунёд кунӣ
В-онро ба намозу тоат обод кунӣ
Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ
Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
…Бигзоред хушҳолатон кунам, мусбат будан иктисобӣ аст, яъне қобили ёдгирӣ аст ва шахс метавонад бар асари тамрин ба одами мусбат табдил шавад…
Оё медонед, бештари одамҳои муваффақ ва шод дар тӯли рӯз ба чӣ фикр мекунанд?
Ва чӣ чиз дар онҳо боиси муваффақиятҳои ҳамешагӣ мешавад?
Ҷавоби ин савол бисёр сода аст.
Мардуми шод ва солим бештари вақт, ба чизе, ки мехоҳанд ва чигунагии ба даст овардани он фикр мекунанд.
Бале, мусбат фикр кардан ва ё мусбатандешӣ метавонад тамоми зиндагии мо инсонҳоро тағйир диҳад.
Вақте дар бораи чизе, ки мехоҳем, фикр карда ва сӯҳбат мекунем, эҳсоси шодмонӣ ва тасаллути бештаре дар зиндагиамон хоҳем дошт.
Замоне ки фикрамонро ба чизе ки моро шод мекунад, машғул медорем, мағзамон моддае ба номи эндорфин озод мекунад, ки эҳсоси саршор аз хуб буданро ба мо медиҳад ва ҳиссу ҳоламон хуб мешавад.
Мусбатандешӣ дар зиндагӣ мӯъҷиза мекунад ва ба таври мӯъҷизаосое дар зиндагиамон таҳаввул эҷод мешавад.
Бар асоси бисёре аз озмоишҳои равоншинохтӣ, мушаххас шудааст, ки афроди шод хусуиёти хоссе доранд, ки онҳоро қодир месозад нисбат ба тамоми мардум, зиндагии беҳтаре дошта бошанд.
Оё метавонед ин хусусиётро ҳадс бизанед?
Бале, ин ҳамон хусусиёти мусбат будан аст!
Бигзоред хушҳолатон кунам, мусбат будан иктисобӣ аст, яъне қобили ёдгирӣ аст ва шахс метавонад бар асари тамрин ба одами мусбат табдил шавад.
Шумо метавонед ёд бигиред, ки шахси мусбат ва худбовар бошед ва ҳамон гуна ки афроди муваффақу мусбатандеш фикр мекунанд, шумо низ афкори мусбати бештаре дошта бошед!
Агар тафаккуратонро мусбат кунед ва ба атрофатон нигоҳи мусбат дошта бошед ва ончиро, ки афроди солиму шод анҷом медиҳанд, анҷом диҳед ва монанди онҳо сӯҳбат кунед, базудӣ эҳсоси шод будан хоҳед кард ва ончиро, ки онон ба даст меоваранд, шумо ҳам онро таҷриба хоҳед намуд!
Инсонҳои мусбатандеш ва мусбатнигар дар зиндагӣ роҳҳои мутафовите доранд, ки ин боис мешавад, аз дигарон фарқ дошта бошанд.
Аввалин нукта ин аст, ки онҳо фикр ва зеҳни худро рӯи чизе, ки мехоҳанд мутамаркиз мекунанд ва дар паи роҳҳои ба даст овардани он хостаашон ҳастанд. Онҳо ҳадафи худро таъйин намуда ва ба худашон бовар доранд, ки ба ҳадафашон мерасанд.
Нуктаи муҳимми дигар ин ки бояд хушбин буд, хушбинӣ ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мушкилоту сахтиҳо хубу муассир аст. Замоне ки шароит бар тибқи хостаи мо нест, хушбинҳо дар ин ҳолат низ мегӯянд: Ҳама чиз хуб аст! Ва сипас бо ёфтани чизи мусбате дар он, шароитро барои худашон, муҳайё мекунанд.
Бояд ёдамон наравад, ки агар дар паи чизи хубу муфиде ҳастем, ҳамеша онро пайдо мекунем ва замоне ҳам, ки дар паи он чиз ҳастем, дар он ҳолат, хушҳолтар ва бонишоттар низ ҳастем.
Маълум аст, ки шикаст ҳамеша дар зиндагӣ ҳаст, аммо афроди хушбин ва мусбатнигар ҳангоми дучор шудан бо шикаст чӣ кор мекунанд?
Онҳо дар ҳангоми ақибнишинӣ ё шикаст, дар паи ёфтани дарси боарзише аз шикасти худ ҳастанд.
Ин афрод ба ҷои он ки каси дигареро барои он рухдод сарзаниш кунанд, ё нороҳат шаванд, аз ин таҷриба, чизе ёд мегиранд ва бо ин кор бар эҳсоси худ ғалаба мекунанд ва нороҳатиҳои худро бо гирифтани дарсу таҷриба ҷуброн мекунанд.
Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: Нимаи пури истаконро нигоҳ кун. Тасаввур кунед, истакони обе наздамон истодааст, ки ними он об дорад ва нимааш холист, ҳунар он аст, ки мо битавонем нимаи пури онро бубинем. Афроди шод ба ҷои нигаронӣ ё шикоят дар мавриди чизҳое, ки надоранд, неъматҳоро шукр мегӯянд.
Мо низ саъй кунем, аз ҳамин имрӯз, ба нимаи пури истакон нигоҳ кунем. Беҳтарин ниятҳо ва орзуҳоро барои атрофиёнамон дошта бошем. Доимо талош кунем, аз одамони мусбат дарси зиндагӣ ёд бигирем. Ҳангоме ки дар паи ёфтани чизи хубе дар гуфтор ва рафтори афроди мусбат ҳастем, ҳамеша чизеро пайдо хоҳем кард, ки шоистаи ёдгирист.
Дар ниҳоят, бо чашмпӯшӣ аз иттифоқоте, ки афтодааст, дар паи ёфтани роҳи ҳал бошем.
Ёдамон бошад, замоне, ки ҳеч чиз дуруст ва ба майлу хостаи мо пеш намеравад, муҳимтарин чиз, нигаристан ба самти рӯшноист. Пас, ба рӯшноиҳо нигоҳ кунем, шод бошем ва фаромӯш накунем, ки дар ҳар ҳол, нисбат ба зиндагиамон ва ояндаамон хушбин бошем. Ин ҳамон маънои зиндагист.
Саъдиё, дай рафту фардо ҳамчунон маълум нест
Дар миёни ину он, фурсат шумор имрӯзро.
Қаламонлайн













