Фарҳангсолор

Фарҳанг

Фарҳангсолор

Меҳмоншо Шарифов

На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад…

Ҳаким Фирдавсӣ

Имрӯз «фарҳангсолор», ки дар фазои фарҳангии дигарон даъвои ҳастӣ мекунад ва лофи будан мезанад чи будани фарҳанг ва дар кадом ҳолат будани худро дарк накардааст.

Дигарон ошу атола, қурутоб ва атласу адрасу чаканро бе иштироки «фарҳангсолор» ҳам нигоҳ доштаанд ва боз ҳам нигоҳ хоҳанд дошт. Гузашта аз ин қавму қабилаҳои зиёди дашти Қипҷоқ ҳам худро фарҳангсолор ва соҳиби ин ҳама хурданиву пушидани медонанд.

Мақсад аз фарҳангсолорӣ на ин аст, ки ин қавм пиндошта ва лоф мезанад, балки фарҳангсолорӣ ин ташкили шароит ва фазоест, ки фард фарди Тоҷикистон имкони фазосозӣ ва халоқият (creativity) дошта бошанд.

Мақсад ин маъниро дарк кардан, ки фарҳанг танҳо фақат аз шикастану кандан ва сохтани бинои музей, мактаб, китобхона, театрҳо ва хурдану… иборат нест, балки равандест пуё ва созанда, ки аз ишқу дард, ақлу имон ва ирода шакл гирифта ва дар вуҷуд ва дар эҷоди инсонҳо дар кор аст ва ба сифати баландтари ҳаёт имкони будан медиҳад.

Равандест, ки дар як вақт сохтмони як инсон, як ҷомеа, як бино, як давлат, як ҷаҳонбинӣ, ва гузашта аз ин ҳиссиётҳо, зебоиҳо, хаёлҳо, орзуҳо… ва дар як ҳарф ҲАЁТ-ро фарогир аст.

Равандест, ки ба мардум имкони ҷустуҷӯ, кашфиёт, ихтироъ, халлоқият ва гуфтани ҳарфи навро дар дунёи имрӯз медиҳад.

Фарҳанг агар ҳарфи нав, нафаси нав надошта бошад ва фикр, ҷаҳонбинӣ ва умуман сифати ҳаёти мардумро дигар кардан натавонад ҳастии ягон миллат нест, балки танҳо осорхонаи миллат аст.

Онҳое, ки ашрофияти фарҳангӣ доранд фазои маънавӣ ва фарҳангии мардуми садсолаҳо пеш зиста ва бунёд кардаро метавонанд дидан, ҳисс кардан, шинохтан, қадр кардан ва болои он бунёд кардан.

Имруз “фарҳангсолор” фазои фарҳангии панҷоҳ ё ҳафтод соли охир шаклгирифтаро, ки наслҳои дар он фазо сабз шуда эҷод карда ва ҳанӯз зинда ҳастанд, нашинохта ба шикастан ва кандан машғул аст.

Ҳуввияти шаҳрро бояд шинохт, ки он танҳо аз санъати меъмории шаҳр иборат нест, балки меъмории шаҳр дар хотираҳо, ёдҳо, дӯстиҳо, ишқҳои … мардум нақш баста таркибҳо, сатҳҳо ва фазои маънавии дигарро шакл додааст, ки шикастани як бинои шаҳр ин шикастани қалбҳо, хотираҳо ва ёдҳои мардум аст.

Агар «нухбагон» ё тасмимгирандагони ин мардум ба истилоҳи мутаффакирони имрӯза «муаянкунандаҳои холӣ» (empty signifier) бошанд ва натавонанд дар таркиби забон, фарҳанг ва ҷомеа дигаргунӣ ё имкон барои будани маъниҳои нав ба вуҷуд овардан пас ПОЛҲАНГСОЛОР – анд на фарҳангсолор.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Меҳмоншо Шарифов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исмоил Ҳаниа: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат таслим шуд”
Оташбаси муваққат дар Ғазза

Матолиби пурбоздид