Фаҳми Қуръон

Фарҳанг

Фаҳми Қуръон

Кадом вақт Қуръон фаҳмида мешавад?

Маорифи исломӣ

Аллома Сайид Таботабоӣ мефармояд:

Инсон Қуръонро танҳо бо ақли худ намефаҳмад, ҳамон гуна ки бо диле тиҳӣ ва холӣ низ онро дарк намекунад, балки он гоҳ Қуръонро мефаҳмад, ки ақли солим бо қалби пок ба ҳам бирасанд.

Қуръон китоби ҳидоят аст; асрори худро на ба касе медиҳад, ки бо чашми ғафлат онро мехонад ва на ба касе, ки барои ҷидолу ситез ба суроғаш меравад, балки ба касе ато мекунад, ки онро барои ҳидоят шудан бихонад.

Ҳар чи нафси инсон аз ҳавоҳои нафсонӣ поктар шавад, уфуқҳои тозае аз фаҳм бар ӯ кушода мешавад, ки пеш аз он намедид; на аз он рӯ, ки оёт дигаргун шудаанд, балки чун дил дигаргун шудааст.

Маърифати ҳақиқӣ анбоштани иттилоот нест, балки таҳаввуле дарунӣ аст, ки инсонро ба ҷойе мерасонад, ки дунёро дар андозаи воқеиаш бибинад ва охиратро он гуна, ки ҳаққи он аст.

Касе, ки гумон кунад, илм ӯро аз тазкия бениёз мекунад, ҳақиқати илмро нашинохтааст. Ва он ки пиндорад тазкия бениёз аз илм аст, роҳро гум кардааст.

Камоли ҳақиқӣ танҳо дар ҷамъ миёни ин ду аст.

(Муқаддимаи Ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон)

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаҳми маонии Қуръон
Таҳлилгари англис: Исроил дар ҳоли фурӯпошӣ аст

Матолиби пурбоздид