Фишори Омрико бар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқобила бо муҳтавои зидди исроилӣ

Фишори Омрико бар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқобила бо муҳтавои зидди исроилӣ

Ахбори байналмилал

Давлати Бойден аз ширкатҳои бузурги фанноварӣ хостааст, талошҳоро барои маҳдуд кардани муҳтавои ба қавли онҳо “яҳудиситезона” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар солҳои ахир афзоиш ёфтааст, ташдид кунанд.

Ба гузориши Bloomberg, намояндагони ширкатҳои Alphabet, Meta Platform, Microsoft, TikTok ва X (Твиттери собиқ) бо Дебора Липштадт, намояндаи вежаи Омрико барои назорат ва мубориза бо яҳудситезӣ дидор карданд. Ин мақоми омрикоӣ аз ин ширкатҳо хост, дар ҳар ширкат, як гурӯҳи сиёсатгузорӣ барои расидагӣ ба ин мавзӯъ таъйин кунанд, кормандони худро барои шиносоии яҳудиситезӣ омӯзиш дода ва дар бораи раванди муҳтавои яҳудиситезӣ гузориши умумӣ ироа кунанд.

Гуфтанист, Омрико дар ҳоле ширкатҳои фанновариро барои муқобила бо муҳтавои “яҳудиситезона” дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти фишор қарор дода, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ширкати Meta-ро муттаҳам ба саркӯби муҳтавои ҳомии фаластиниҳо дар Фейсбук ва Инстограмм кардаанд.

Ҳатто ҳайати назорати Meta ду моҳ қабл аз ин ширкат хост, то ба мамнӯъияти истифодаи умумӣ аз калимаи арабии “шаҳид” ё калимаи англисии он поён диҳад. Ин ҳайат пас аз як баррасии яксола, ки нишон дод рӯйкарди молики Фейсбук беш аз ҳадд густурда буда ва боиси саркӯби гуфтугӯи миллионҳо корбар шудааст, хостор поёни ин мамнӯъият шуд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

 

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷавонони Амрико
Мӯътаризони мексикӣ хостори қатъи комили робитаи давлати Мексик бо Исроил шуданд

Матолиби пурбоздид