Бақои абад ё оғози фано

Таҳлили хабарӣ

 

Бақои абад ё оғози фано

Абдунабӣ Сатторзода

«Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон ҳамон миллат, ки мутакаллим ба онзабон аст, гумм ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате дар дунё наметавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад, магар бо нигоҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ, эҳтиром ва азиз шуморидани он, токи аз вартаи инқироз ва нобудӣ худро халос намояд».

(«Шӯълаи инқилоб, 1919, №12, c.1).

Солиёни дарозе дар муҳити илмӣ ва адабии мо чун сухан аз вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ мерафт, тақрибан ҳама, ба хусус забошиносони муҳтарамамон, гаптаву баргашта як нуктаро таъкид мекарданд, ки «забони адабии тоҷик… дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба шарофати ғамхории доимии Партияи Коммунистӣ ва сиёсати миллии ленинӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфт ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба пояи баланди тараққӣ – забони адабии миллӣ расид». Онон нишонаҳои ҳамаҷониба инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикиро, тавре ки аз мутолиаи навиштаҷоташон дар замина бармеояд, қабл аз ҳама дар он дидаанд, ки:

1.Забони тоҷикӣ дар ин давра аз ҳисоби ба он дохил шудани калимаву таъбирҳо ва «бисёр шаклҳои грамматикӣ, ки дар забони гуфтугӯйӣ ҳама истеъмол мекарданд», ҳамчунин «хориҷ намудани ҳар гуна калима ва ибораҳои арабии номаҳфум, ҷумлабандиҳои ғайритоҷикӣ» аз он соддаву фаҳмо ва суфтаву равон, яъне ба истилоҳи машҳур демократӣ шуд ва бо ҳамин, ба таъбири онҳо, «садди байни забони адабӣ – хаттӣ ва забони гуфтугӯйӣ – халқӣ» барҳам хӯрд ва як «забони миллии адабии умумию ягона барои халқ» ба вуҷуд омад;

2.Забони тоҷикӣ ба қолиби муайян даромад. Бино ба қавли онҳо, «дар солҳои 1920-1930 ҳануз нормахои ягонаи фонетикӣ, грамматикӣ, лексикӣ, орфографӣ ва орфоэпияи забони адабии тоҷик комилан муқаррар ва устувор нагардида буданд», «дарҳам- барҳамӣ ва бесару буние.. дар услубҳои забони адабӣ ва услуби навиштаҳо дида мешуд»;

3.Забони тоҷикӣ «бо калимахои иқтибосӣ аз забони русӣ, махсусан бо калима ва истилоҳоти советӣ-интернатсионалӣ», «бештар аз истилоҳоти фаннӣ ва илмию техниуӣ» бой шуд.

Ҷои шак нест, ки дар солҳои 20-30 як зарурати мубраме ба сода кардани забони адабии тоҷик аз ҳисоби забони зиндаи халқ, ба табиати аслии забони тоҷикӣ боз ҳам бешгтар мувофиқ гардонидани муарработ (арабизмҳо), муайян намудани қонунмандии ягонаи савтӣ, луғавӣ ва имлои забони тоҷикӣ ба сабаби иваз шудани алифбои он, бадаровардани ҳарчу марҷе, ки дар корбурди услубҳои гуногуни забонӣ он солҳо мавқеъ дошт ва ҳам ба истифодаи фаровон аз«калима ва истилоҳоти русӣ ва советӣ-интернатсионалӣ» ба вуҷуд омада буд. Зимнан, ба шарофати асари пурарзиши донишманди алабиёт Муҳаммдҷон Шукуров «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (1968; 1980) инчунин равшан гардид, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои дигар, аз ҷумла аз забони русӣ «бисёр шаклу воситаҳои нави ифода, мафҳумҳо ва калимаву ибораҳои тоза,қолибҳои пургунчоиши суханро аз худ кард ва имкониятҳои он яке бар чанд афзуд» ва бо ҳамин «барои ифодаи матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву техникии замони мо ҳозир шуд». Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки забони адабии тоҷик, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, зотан барои баёни матлабҳои замони нав сирф номувофиқ, яьне ба ҳаддиирфот душвор буд ва он то ин вақт ҳеч гуна қонунмандии мушаххасе надошт ва барои ифодаи мазмунҳои сиёсию иҷтимоӣ ва илмиву техники даврони нав комилан қодир набуд. Мутаассифона аз мутолиаи маводи мубоҳиса ва мунозираҳое, ки дар атрофи забони тоҷикӣ дар солҳои 20-30 ба вуқӯъ пайваста буд, як чиз ба назар мерасад, ки дар онҳо аз ин қабил суитафоҳумҳо, каҷфаҳмию каҷбаҳсиҳо ва зиёдаравиҳо дар маънидоди нуктаҳои муҳимми марбут ба забони тоҷикӣ ҷой дошт. Ва гумон меравад маҳз ҳамин сӯитафоҳумҳо, каҷфаҳмию каҷбаҳсиҳо ва зиёдаравиҳо буд, ки баъдҳо иҷрои вазифаҳое, ки иптироккунандагони он баҳсу гуфтугузорҳо бо дили соф ва нияти холис ҳалли онҳоро ба ӯҳда гирифта буданд, ба ҷойи натиҷаҳои дилхоҳ, ба натиҷаҳои ғайриматлуб низ овард.Ба сухани дигар, соддагароиҳову содданависиҳои онҳо оқибат моро ба capocap одигароиву одинависӣ, нормаҷӯйиҳояшон ба фаромӯшии муҳимтарин суннатҳои урфию расмӣ ва иқтибосгароию иқтибосгириҳояшон аз забонҳои бегона тақрибан ба барҳам задании табиати асили овозӣ, имлоӣ, савтӣ ва қолибҳои зотии калимасозӣ ва ҷумлабандиҳо расонд.

Ва охири кори мукофоти амаламон он буд, ки забони тоҷикӣ ба сурати умум дар ин 50-60 соли охир то андозае ба як забони сохта ва сунъӣ ва махлуте табдил ёфт, ки аз бисёр ҷиҳатҳо табиатан на ба асли забони зиндаи халқ ва на ба асли забони адабии урфӣ созгор буд. Зеро ҳамаи забонҳои асл ва мустақил, аз ҷумла забони русӣ, ҳангоми истифода аз дороиҳои забонҳои дигар он дороиҳоро ба таври ҳатмӣ ба табиати савтӣ, овозӣ, имлоӣ ва калимасозӣ ва ҷумла бандиҳои урфии хеш мувофиқ месозанд, магар забони тоҷикии имрӯза. Вагарна ба ҳеч ваҷҳ ба он ҳазор-ҳазор калима ва таъбирҳое, аз қабили агитатция, атестация, вожатый, вывеска, вымпел, выставка, интелегенция, командировка, машинистика, правления, цирк, щука, химчистка, характеристика, управления ва ғ. ва ҳ.к. ба таври номаҳдуд ва ғолибан бе ҳеч гуна зарурат айнан дохил намешуд. Замоне, сари инқилоб ва қабл аз он, ба ҷойи совет,партия, комитет, пролетар, интернационал, республика, октябрь, план, телефон, телеграф, почта, билет, театр, стул, бонк, клуб, завод, диплом ва ғ. ба забони тоҷикӣ ва бино бар табиати он, шӯро, ҳизб ё фирқа, кумита, пиролетор ё ранҷбар, байналмилал, ҷумҳурӣ, уктабир, пилон, тилифун, тилигроф, пушта, белат, тиётр, устул, бонк, қулуб, зовуд, диплумва ғ. мегуфтанд ва менавиштанд. Аммо баъдҳо аз ин усули дурусти илмӣ бо баҳонаҳои беасоси ғайриилмӣ даст кашиданд. Замоне дар пайравии суннатҳои пешина ва маъмул ба ҷойи Америка, Африка, Венгрия, Германия, Иордания, Европа, Полша ва ғ., ки имрӯз мегӯем ва менависем, ба тоҷикӣ Амрико, Африқо, Маҷористон, Олмон, Урдун, Урупо, Лаҳистон мегуфтанд ва менавиштанд. Ҷойи тааҷҷуб ва таассуф он аст, ки аз ин ҳодисаҳои номатлуб ва аз чунин амалҳои ғайриилмӣ низ пеш аз ҳама забоншиносонамон ҷонибдорӣ карда, онҳоро ба сифати ҳодисаҳои забонии мусбат ба қалам додаанд. Барои мисол, яке аз онҳо бо қаноатмандӣ изҳори назар намудааст, ки «минбаъд вобаста ба устувор шудани нурмҳои забони адабӣ Айнӣ ҳам унсурҳои луғавии русиро бештар дар шакли аслиашон ба кор бурд… ва бо ин равиш шоистаи ибрати дигарон гардид» (Раззоқ Ғаффоров). Афсӯс, ки ин фикри хато ба саҳифаҳои «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (1985) низ роҳ ёфтааст.

Агар забони тоҷикии имрӯза то андозае ба як забони сохта ва сунъӣ ва махлуте табдил намеёфт, он аз калима ва таъбиру истилоҳҳои сунъие, ки тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи калима ва таъбирҳо аз забони русӣ, аз қабили баромад(выступление), баранда (ведущий), хоҷагии қишлоқ (сельское хозяйство), танқиди адабӣ (литературная критика), раҳмати калон (большое спасибо), бо маъзрӯзаи калон (с большим докладом, с большой речью), бо буғи сабук (с легким паром), дафтарчаи мехнатӣ (трудовая книжка), нуқтаи савдо (торговая точка), пункти тиббӣ (медпункт), пункти қабул (приёмный пункт), майдони пахта (хлопковое поле), майдони истиқоматӣ(жилая площадь), боғи тракторӣ (тракторный парк), боғи мошинҳо (машинный парк ), хати телефон (телефонная линия), хати роҳи оҳан (железнодорожная линия), хати водопровод (водопроводная линия), хати алоқа (линия связи), дар кори азхуд кардан (в деле освоения), дар кори ба вуҷуд овардан (в деле создания), туҳфаи хоксорона (скромный подарок), ҳасмояи бо мо дӯст (дружественная нам страна), маданияти сухан (культура речи), Советии як (Первый советский), Советии ду (Второй советский), аломатҳои умумиҳатмигӣ (общеобязательные признаки) ва ғ. ва ҳ.к., ки шумораи онҳо рӯз то рӯз афзоиш меёбад, пур намегардид.

Araр забони тоҷикии имрӯза чунин намебуд, то ҳол ноҷурие, ки миёни савтиёти он ва имлову алифбои ҳозирааш вуҷуд дорад, бе тағйир боқӣ намемонд (ниг. ба маколаи донишманди муҳтарам Бозор Тилавов «Сайри такомулоти хат», маҷ. «Садои Шарқ», 1981, №11).

Aгap забони тоҷикӣ аз асолати зотии хеш дур намерафт, имрӯз таркиби он аз калимаву таъбир ва қолибҳои кӯчаву бозор, мисли абрешимчигӣ, адабиётчигӣ, азонихудкунӣ, азтагдӯзӣ, алафғарамкунак, аловгирак, анборкунӣ, анкетапуркунӣ, барфтозакунак, бинидарозак (номи ҳайвон), сухторхомӯкунак, либосовезак, хаткӯркунак, лабсурхкунак, азнавбарқароркунӣ, азнавташкилдиҳӣ ва ғ. ва ҳ.к. лабрез намешуд.

Arар забони тоҷикӣ аз асолати зотии хеш дур намерафт, ба ҳеч ваҷҳ аз калимаву таъбирҳои ҷамоати дудила – ҷамоати дудила шуда истода, роҳафтода-дар роҳ афтода мондагон, фаромӯшношуданӣ – ҳеч вақт аз ёди кас намебаромадагӣ ва аз феъли урфии «хандид» феъли нестандарҷаҳоне, монанди «ханда карда сар дода фиристод» ва ғ. ва ҳ.к. ба вуҷуд намеомад.

Бад он аст, ки дар ин 50-60 соли охир мо бовар кардем, ки аслан забони тоҷикӣ ҳамин забонест, ки мо худ онро зери шиорҳои овозадори демократӣ кардан ва вусьат додани он сохтем. Ва чунон шефтаю мафтуни ин сохтаи худ шудем, ки онро аз ғояти эҳсос ба забони осори адабӣ ва илмии ҳазорсолаамон, яъне порсии дарӣ муқобил гузоштем ва бар забонҳои ба истилоҳ дарӣ ва форсии имрӯза имтиёз додем ва аз ин амали ноҳақи худ то ҳол меболем. Забони порсии дариро, ки забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Низомӣ, Носири Хусрав, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Хоҷаи Тӯсӣ, Камол, Ҷомӣ,Восифӣ, Бедил, Сайидо ва Аҳмади Дониш барин абармардони илму адабамон дар гузашта буд, сирф забони «котибони қозӣ ва ҳокимон», забони «муллоҳои мадраса», «забони мадрасагӣ», забони «шоиртарошон ё ин ки шоиршавандагон», забони «Равзат-ус-сафо» барин осори таърихӣ ном ниҳодем ва забони форсии Эронро танҳо бо забони нашри чанд

рӯзномаву маҷаллаҳои онвақтаи эронӣ маҳдуд намуда, аз осори Зайнулобиддини Мароғаӣ, Абдураҳим Толибуф, Саид Ҷамолзода, Алиакбари Деҳхудо, Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Нимо Юшиҷ ва дигарон сарфи назар кардем. Онҳое, ки забони порсии дарӣ, аз ҷумла забони тоҷикии урфиро (форсии Мовароуннаҳрро) сирф бо забони «котибони қозӣ ва ҳокимон», забони «муллохои мадраса», «забони мадрасагӣ», забони «шоиртарошон ё ин ки шоиршавандагон» ва забони «Равзат-ус-сафо» ва забони форсии Эронро бо забони нашри баъзе аз рӯзнома ва маҷаллаи онвақтаи эронӣ баробар дониста буданд (таассуф,ки дар байни онҳо устод Айнӣ низ буданд), иддаои демократӣ кардани забони тоҷикй, ба норма даровардани онро, вусъат бахшидани онро, такмили онро доштанд. Эътироф бояд кард, ки, дарвоқеъ, низ забони «котибони қозӣ ва ҳокимон», забони «муллоҳои мадраса», «забони мадраса», «забони мадрасaгӣ», забони «шоиртарошон ё ин ки шоиршавандагон», забони «Равзат-ус-сафо» ва забони мутакаллифонаи баъзе аз нашрияҳои ондавраинаи Эрон шоистаи такмилу содда кардан, муайян намудани қонунмандиҳси ягонаро дошт ва аслан ҳам барои баёни матлабҳои имрӯзӣ чандон музофиқ набуд. Аммо на забони саромадони илму адаби ҳазорсолаамон ва на забони шеъру насри шоирону нависандагони воқеии солҳои 20-30 Эрон. Умуман дар бунёди як андоза сохта будани пеш омадани масъалаи «хостани забон дар адабиёти нави навиштаи точҷик» (Садриддин Айнӣ) аз миёни забони аҳли Самарқанду Бухоро ё мардуми Ӯротеппаю Хӯҷанд ва ё бошандагони Кӯҳистони тоҷик (аз Фалғару Мастчоҳ то Қаротегину Дарвоз), «ба вучуд баровардани якзабони китобии адабӣ» (Абдусалом Деҳотӣ) ва ба ҳам муқобил гузоштани забонҳоиба истилоҳ тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ҳар чи бештар равшан ба назар мерасад. Ва маълум мeгардад, ки сар задании саволи «Оё лозим аст, ки забони адабии тоҷик аз нав эҷод шавад?» дар он солҳо бе ҷо набудааст. Чунин ном дорад унвони мақолае, ки Домбол дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» 7 ноябри 1928 чоп кардааст. Онҳое хам, ки имрӯзҳо дар миёни забони тоҷикии имрӯза ва ду шохаи дигари забони порсии дарӣ, яъне форсии дарӣ ва форсии Эрон, садди Чин мегузоранд, аз ҷумла мутахассисони соҳаи забон (Савлатшо Мерганов, Турдихон Бердиева ва дигарон) ва хар яке аз онҳоро забони ба сари худ мустақил эълон мскунанд, асосан маҳз истинод ба ҳамон гуфтаҳое мемонанд, ки солҳои 20-30 ҷонибдорони ифротии демократӣ шудани забон баён менамуданд ва маҳз дар заминаи ҳамин забони тоҷикии имрӯзае, ки забонҷӯёну забонсозон он вақт тарҳрезӣ карда буданд, қазоват мекунанд. Аммо ҳеч таваҷҷӯҳе ба он нанамудаанд, ки ин ҳама фарқҳои ҷузъӣва аслӣ, ки имрӯз миёни ин се шохаи як забон ҷой дорад, асосан дар ин 50-60 соли охир ба вуҷуд омадааст ва ҳамаи он сохта ва бофтаи худамон ва ё мо барин таҷаддудхоҳони навбаромад дар Эрон ва Афғонистон мебошад.

Дар ин 50-60 соли охир дар одинависӣ ва одигароӣ ба ифрот роҳ додем ва чунон ба қолибҳои сохта ва бофта ва бегона хӯ гирифтем, ки агар кассе аз ҷумлаи адибон ё донишмандон ё рӯзноманигорон дар забони гуфтор ва навиштори хеш калима ва таъбири дар гузашта серистеъмол, вале имрӯз фаромӯшшудаеро ё худ дар қолибҳои урфии расмӣ сохташудаеро истифода мебарад, ҳама бар муқобили он ба по хеста, якбора ҷиҳоди забонӣ эълом мекардем ва адаби он «шаккок»-ро саривақт доданӣ мешудем. Ва ба муқобилаш фавран ба таври таъҷилӣ фелетоне, мақолае ва тақризе дуруст мекардем. Монанди он ки замоне шодравон Ҳабиб Аҳрорӣ бар зидди истифодаи калимаҳои «донишҷӯ»,»донишгоҳ» ва «анҷуман» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ва Раҳим Ҳошим алайҳи корбурди таъбири «бонги ожир» ва луғати «жакон» аз тарафи Лоиқ ва Бозор Собир дар шеърҳояшон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» карда буданд.

Лозим ба таъкид аст, ки сода гардонидани забон, ба нормаи муайян даровардани он, дурусташ ба табиати аслӣ ва қонунмандиҳои урфии он мувофиқ намудани ҳодисаҳои нави забонӣ, таъсиргирӣ аз забонҳои дигар, дар айни замон аз забони русӣ, ҳамчунин мувофиқ гардонидани он барои ифодаи матлабҳои ҳозирзамонӣ барои ҳамаи забонҳои мардуми дунё, алалхусус дар даврони чархишҳои бузурги иҷтимоӣ як амри табиӣ буда, ҳамсафари доимии онҳо дар ҷараёни такомулашон ба шумор меравад. Аз ин сабаб ингуна кӯшишҳо, аз ҷумла истифода аз забони зиндаи мардумӣ танҳо пас аз Инқилоби Октябр сар нашудааст, Тавре ки як иддаи калони донишмандони забон гумон мекунанд, балки хеле пештар шурӯъ гардида буд, дурусташ «дар ягон давраи инкишофи адабиёти классикӣ комилан аз байн нарафтааст» (Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик,ҷ.1, с.6). Фақат дар даврони нав, сар аз адабиёти маорифпарварӣ ба ин тараф зарурат ба чунин иқдомҳо нисбат ба замонҳои пеш бештар гардида буд.

Дар ин роҳ ӯшишҳои аҳли адаб ва илм ва фарҳанги муосири Эрон ва Афғонистон, ки ҳамзамон бо демократихоҳони мо қадам бардошта буданд, басо омӯзанда ва ҷолиби диққат аст. Онҳо низ барои сода кардани забон, афзудани иқтидори он, ба хости замона мувофиқ гардонидани он ва тасҳеҳу такмили алифбо ҷидду ҷаҳде доштанд, ҳеч гоҳ фикре дар сар намепарвариданд, ки забони имрӯзаро ба забони гузашта муқобил гузоранд ва ё барои афзудани иқтидори забонашон ҳангоми иқтибос аз забонҳои дигар, аз ҷумла инглисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ, аз табиати забони хеш, қонунмандиҳо ва қолабҳои урфии он сарфи назар намоянд. Баръакс онҳо ҳамеша ҳар як ҳодисаи забонии тозаро ва калимаву таъбир ва истилоҳоти тозаро тибқи меьёрҳои забони осори классикӣ месанҷидаанд ва месохтаанд. Ё худ агарчи онҳо ҳам ба игтифоқи умум сухан аз душвориҳои алифбои арабиасос оғоз намудаанд, баъди мулоҳизаву муҳокимарониҳои тӯлоние, тавре ки яке аз онҳо маълумот медиҳад, ба натиҷае расидаанд, ки тағйири алифбои арабиасос ба шартемантиқӣ ва безиён хоҳанд буд, ки «тағйири тамоми матнҳои қадими форсиро ба хати тоза дар муддате кам тазмин кунанд, то бунёди забон ва адаби мо аз миён наравад. Гузаштаи теърихӣ ва адабӣ ва илмии туркони усмонӣ бо гузаштаи мо баробар нест. Онҳо чизе надоштанд, ки аз даст бидиҳанд, вале мо ҳама чиз доштаем. Ва агар ганҷинахои забон ва адаби худро нигаҳдорӣ накунем ва бо тағири хат онҳоро ба фаромӯшӣ биспорем, миллате тоза ва бебунёд хоҳем буд. Ва бими он меравад, ки пас аз гузаштани бист-сӣ сол ва гардидани як насл ба куллӣ гузаштаи ифтихоромези худро аз даст хоҳем бидиҳем, ҳазор-ҳазор ганҷинаи забон ва адаби худро аз ёд бибарем» (Музоҳири Мусаффо. Посдорони сухан. -Теҳрон, 1335, с. 6-7). Лекин ҳангоми тағйири алифбо на дафъаи аввал ва на бори дуюм ҳатто аз гушаи гумони мо – тоҷикон нагузашт, ки оқибатҳои чунин фаъолиятҳоямон ислоҳнопазир хохад буд. Умуман андешаи вазьи забони тоҷикӣ дар 50-60 соли охир ва ҳам мулоҳизаҳою баҳсҳое, ки дар перомуни он ба миён омад ва кӯшипҳое, ки дар роҳи«такмили» он бардошта шуд, моро ба натиҷае мерасонад, ки мо ғолибан насанҷидаву наандешида, ноогоҳонаву кӯркӯрона ва ё ифротгароёна амал кардаем. Мо бовар дорем, ки агар донишмандони забон роҳи тайнамудаи забонамонро дар 50-60 соли охир ба тааммуқ ба мутолиа мегирифтанд ва вазъи воқеии онро таҳлилу таҳқиқ менамуданд, ҳаргиз қазияи ҳамаҷониба инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикиро ба миён намегузоштанд.

Чӣ тавр метавон имрӯз аз инкишофи ҳамаҷониба ва ба пояи баланди таракқӣ расидани забони тоҷикӣ сухан оғоз намуд, ки забони тоҷикӣ дар ин 50-60 соли охир аз забони пурқуввату пурвусъат ва бисёрсоҳаву пургунҷоиш, яъне аз забони расмии коргузориву илму ҳунару адабу касбу базму разм ба забони маҳдуди чанд рузномаву ду-се маҷаллаи тоҷикӣ, як-ду театру чанд ҳофизу чанд қаламкашу чанд рӯзноманигор ва як чандсад мактаби миёнаи тоҷикию чанд факултети забон ва адабиёти тоҷикии мактабҳои олӣ табдил ёфт.

Чӣ тавр метавон бо дили пур ва бо даҳони пур дам аз инкишофи ҳамаҷониба ва ба пояи баланди таракқӣ расидани забони тоҷикӣ гап зад, ки имрӯз муҳимтарин тадқиқоти донишмандони тоҷик дар соҳаҳои тиб, табииёт, ҳисобу ҳандаса, илмҳои техникӣ, ҳайвоншиносӣ, зистшиносӣ, маъданшиносӣ, рустанишиносӣ, хокшиносӣ, зилзиласанҷӣ, кимиё, дорушиносӣ, меъморӣ, мусиқӣ, овозхонӣ ва ғ. ва ҳ.к. ба ин забон навишта намешавад. Бисёре аз олимони таърихшиносу ҳуқуқшинос, иқтисоддону файласуф, адабиётшиносу забоншинос маҷбуранд, ки ба хотири дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз забони тоҷикӣ сарфи назар намоянд. Зимнан миёни мутахассисони илмҳои иҷтимоӣ низ ҳоло бисёр касоне ҳастанд, ки агар хоста бошанд хам, ба тоҷикӣ навиштанаметавонад. Дар ин сурат тасдиқи муаллифони «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» аз хусуси он, ки «услуби илми инкишоф ёфт»(с.7.), хеле аҷиб ба назар мерасад. Ҳақ ба ҷониби Маҳмадулло Лутфуллоев аст, ки кайҳо «ба забони хонагӣ табдил ёфтани» (Рӯз. «Ададбиёт ва санъат», 15 декабри 1988) забони тоҷикиро дарак медиҳад.

Чӣ тавре метавон хунсардона ва бидуни масъулият дам аз ҳамаҷониба инкишоф ёфтан ва ба пояи балаңди тараққи расидани забони тоҷикӣ ҳарф зад, ки имрӯз ҳатто тоҷикони, ба истилох, босавод ва илми олию миёнадор, зиёиён, кормандони масъули идораҳои давлатӣ ба забони модариашон фасеҳу равон ва бе сакта ҳарф зада наметавонанд.

Чӣ тавр метавон исрор кард ба ҳамаҷониба инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикӣ, ки ба шаҳодати академик Муҳаммадҷон Шукуров, иштибоҳот ва хатоиҳои забонӣ, зуҳӯри бесаводӣ, муғлақбаёнӣ дар ҳама ҷо ва ҳама соҳаҳо хусусияти умумӣ гирифтааст («Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», с. 349 ва ғ.).

Чӣ тавр метавон фахр ба ҳамақониба инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикй, ки ҳатто дар забони асарҷои қисми аксари адибони муосири тоҷик ва навиштаҳои бисёре аз забоншиносонасмон низ, аз ҷумла ононе ҳам, ки аз ҳусни сухан баҳс меронанд, камиву костиҳои забонӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳол он кирисолати миллӣ ва таърихии ҳар дуи ин тоифа иборат аст аз пос доштани забон, пеш бурдани он ва суханфаринӣ дар он. Шояд бо дарназардошти ҳамин нукта яке аз посдорони воқеӣ ва донандагони хуби забони тоҷикӣ Лоиқ бо назокат аз «камбағалӣ ва андак бснаво шудани» (Рӯз. «Тоҷикистони советӣ», 1 январи 1989) забони тоҷикӣ сухан рондааст

Ҳамаҷониба инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикӣ дар асл маънои онро дорад, ки забони тоҷикӣ болои ҳамаи он дороиҳое, ки дошт, дороии дигаре зам намуд, нисбат ба гунҷоише, ки дошт, пурғунҷоиштар шуд, назар ба вусъате ки дошт, густариши зиёдтаре касб кард, нисбат ба имконоте ки дар баён дошт, имконоти бепптареро пайдо намуд, яъне воситаҳои ифодаи тозаеро ёфт. Чунин маънидодро муҳтавои таркибҳои «ҳамаҷониба инкишоф ёфтан» ва «инкишоф ёфтан ва ба пояи баланди тараққӣ расидан» тақозо мекунад. Аммо, тавре ки аз раванди мулоҳизарониҳо дар боло бармеояд, дар асл забони тоҷикӣ агарчи, аз як тараф, бино ба хости замон аз баъзе ҷиҳатҳо инкишоф ёфта, як камее дороӣ афзун карда бошад, аз тарафи дигар, аз бисёр ҷиҳатҳо аз инкишоф монда, дороиҳои зиёдашро аз даст додаст. Аз ин рӯ тасдиқҳое аз қабили он ки «мавқеи иҷтимоӣ ва вазифаи забони тоҷикӣ маҳз дар давраи советӣ мустаҳкам ва васеъ гардида, дар ҳамаи соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании халқроҳ ёфт ва ба инкишофи онҳо мусоидат кард» (Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷ. 1, с.6), бунёди илмии мустаҳкаме надорад.

Ва ҳоло, агар ин таъбир ҷоиз бошад, забони тоҷикӣ ба паҳлавоне монанд аст, ки дар гузашта пушташ заминро надида буду ҳама гӯштингирон бидуни истисно ба зӯру ҳунари баландаш қоил буданд, вале имрӯз ба сабаби солҳои сол майдондароӣ накарданаш дигар он зӯру ҳунари пешинаро надорад. Ё худ забони тоҷикӣ имрӯз мисли як вуҷудизаифгаштаест, ки дигар қобилияти муқовиматро ба дардҳои гуногун гумм намудааст. Бинобар он бақои абаде, ки инкишофталабони забони тоҷикӣ дар ин 50-60 соли охир ба он нисбат медиҳанд, агар мулоҳиза шавад, дар асл оғози фанои он ҳам мебошад. Ва тамоман тасодуфӣ нест, ки оғози заифиҳо, нотавониҳо, маҳдудиятҳо ва камбағалию бебизоатиҳои забони тоҷикӣ низ маҳз ба ҳамон солҳои 20-30 рост меояд, ки инкишофталабон оғози инкишофи ҳамаҷониба ва ба пояи баланди тараққӣ расидани забони тоҷикиро маҳз дар он солҳо дидаанд. (Таваҷҷӯҳ намоед ба ин навиштаи шодравон Тӯрақул Зеҳнӣ: «Аз соли 1924 сар карда забони тоҷикӣ рӯ ба тараққӣ ва инкишоф овардааст» (Рӯз. «Маориф ва маданият», 18 октябри 1977). Аз ҳамон солҳо оғоз гардидани баҳсҳои доманадоре аз хусуси ҳусни забони тоҷикӣ низ қазияи болоро тақвият медиҳад. Ва ин ҳолат, гуфтан мумкин аст, ки то охири солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60, яъне то солҳое, ки гурӯҳеаз равшанфикрони тоҷик рӯ ба гузашта ва ба фарҳангу адаби ҳамзабону ҳаммиллатони хориҷиамон овардаанд, беш аз псш шиддат мегирад. Ба маврид аст бигӯем, ки саҳми ҳамзабонон аз ҳаммиллатони хориҷиамон, ба хусус тоҷикон ва даризабонону даригӯёни Афғонистон ва аҳли Эрони имрӯза, дар он ки то ҳанӯз забони тоҷикӣ қудрати пеинаашро як андоза ҳифз намудааст, бағоят бузург аст. Агар онҳо намебуданд, гумони яқинон аст, ки вазъи забони тоҷикӣ аз ин ҳам бадтар мешуд ва ҷараёни аз aсолати хеш дур рафтани он боз ҳам босуръаттар идома месфт.

Ба чунин ҳолати ногувор гирифтор шудани забони тоҷикиро ғолибан донишмандони муосири тоҷик аз беҳунариҳои тарҷумонҳо, тилмоҷҳо ва тақлидкорони онҳо, бедиққативу мусоҳилакории баъзе аз ходимони тоҷикТА, матбуоту нашриёт, худсариву бемасъулиятиҳои шахсони алоҳида дониста, ба хоҳиши вазнину дабдабанок кардани калимаву ибораҳо аз тарафи баъеҳо, натиҷаи нобоварии онҳо нисбат ба фаҳмишихонандаю шунаванда ва кӯшишашон барои он ки гап ба фаҳми хонанда наздик шавад, ҳамчунин ба саҳву хатоиҳои солҳои сӣ ва чилу панҷоҳ, ба рӯйи кор омадани одамони бесавод дар сари Инқилоб ва ғ. ва ҳ.к. вобаста кардаанд. Инсоф он аст, ки ин гуфтаҳо безамина нест. Лекин дар асл, ба назари мо, сабаби асосии он дар ҷойи дигар аст. Ва он ин аст, ки мо худамонро худамон ба таври сунъӣ ва бо як зӯроварии ҳайратоваре аз гузаштаамон, аз мероси адабию илмию фарҳангиамои, аз забони ҳазорсолаамон ҷудо намудем ва дар натиҷа суннатҳо, қоидаву қонунҳoи забонии урфию расмиамонро оҳиста-оҳиста фаромӯш кардем. Ва бо ин завқи забониамон то рафт кунд шуд ва қуввати эҳсоси дарки забониамон заиф гардида, тақрибан ба дараҷаи гум шудан расид. Таъкидҳоипайдарпаю ҳушдордиҳиҳои устод Айнӣ аз хусуси дар навиштор «ҷумлаҳо ва таъбирҳо мувофиқи хоҳиши забони тоҷик» (Рӯз. «Овози точик, 5 июли 1926) биафтад, «ҷумлаҳои вайрони мухолифи хоҳиши забони форсӣ» ёфт нашавад (Рӯз. «Овози тоҷик», 27 июли 1926), «рӯҳ ва хусусияги забони тоҷик риоя карда шавад» (Маҷ. «Раҳбари дониш», 1928), натавонист, ки пеши роҳи ин ҳодисаи ногуворро батамомӣ бигирад. Вагарна як худи тарҷумонҳову тилмочҳо ва муқаллидонашон, баъзе аз ходимони матбуоту нашриёт ватоҷикТА, шахсони алоҳида ва дигарон ба ҳеч ваҷҳ наметавонистанд, ки забони тоҷикиро ба дараҷаи имрӯзааш хароб намоянд. Агар ин тавр намебуд, ҳатто дар унвони китобе, ки ҳама бо он воқеан ҳам ифтихор дорем, ба ҷойи қолиби урфии маъмулӣ «Луғати тоҷикӣ ба русӣ» барғалат «Луғати тоҷикӣ – русӣ» наменавиштем.

Як ҷунбишу бедории умедбахше, ки дар ҳифзу барқарор кардани aсолати сухани тоҷикӣ аз охири солҳои 50 ва оғози солҳои 60 ба шарофати чанд тан аз шоирону фарҳангиёни сарсупурдаи тоҷик, аз қабили Мӯмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Муҳаммадчон Шукуров, Акбар Турсунов ва дигарон шурӯъ гардид ва то ба имрӯз идома дорад, натиҷаҳои мусбате бор овард. Аммо гумони мо ин аст, ки ба ҳар ҳол ин ҷунбиш ва ин ҳама кӯшишҳо аз як хона равшан кардани забонамон пеш аз маргаш беш нест. Марги забон ба марги як одами хокӣ монанд нест, ки дар як муддати кӯтоҳе, яъне дар зарфи 60-70 сол, сурат бигирад ва мо ҳама шоҳидони зиндааш бошем. Марги забон ба сифати як ҳодисаи иҷтимоӣ ба тадриҷ дар як муддати нисбатан тӯлонитаре ҷараён хохад дошт. Барои ҳамин ҳам хона равшан карданаш низ ба нисбат дер давом хоҳад кард. Аз ин рӯдами вопасини он шояд ба назари баъзеҳо даврони шукуфиҳояшро намояд. Ҳайҳот ки чунин нест. Аз ин сабаб ҳанӯз ҳам сари вақт аст, ки пеши роҳи онро бигирем, ба табобаташ оғоз намоем ва аз дами маргаш наҷот бидиҳем. Дар шароити ҳозира ягона роҳи наҷоти он давлатӣ шудани забони тоҷикӣ аст. дигар ҳама чора ва тадбирҳо, аз қабили беҳ намудани сифати таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна, ҷорӣ кардани омӯзиши он дар мактабҳои олӣ, боз намудани ширхоргоҳҳо ва кӯдакистонҳои тоҷикӣ ва ғ. ва ҳ.к. чора ва тадбирҳои ҷузъӣ мебошанд, на аслӣ. Яъне ки бо амалӣ шудани онҳо вазъи забони тоҷикӣ ба андозае беҳ хоҳад шуд, аммо на ба таври куллӣ. Барои ҳамин ҳам баҳонаҳое, мисли ҳанӯз вақташ нарасидааст, мо ба он тайёр нестем, корҳои аз он муҳимтарин дорем, беҳуда буда, ба ҷуз зоеъ кардани вақт ва аз даст додани фурсати муносиб дигар чизе нест. Агар мо ин корро накунем, насли ҷавони ҳозира марги забони тоҷикиро ба чашми сари худ хоҳад дид. Агар мо ин корро накунем ва ё иҷрои онро ба фардо гузорем, он вақт кори кардагиамон мисли нӯшдорӯе хоҳад буд. ки ба Суҳроби гурд пас аз маргаш расид. Ман ба сифати як намояндаи соҳибзабон ҳаргиз намехоҳам, ки онро дар қатори забонҳои мурда бубинам.

Абдунабӣ Сатторзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Калими Кошонӣ
Уммати дар ҳоли сакарот, ё ҷасади беирода?

Матолиби пурбоздид