Фрэнсис Фукуёмо: “Ҷумҳурихоҳони Амрико Путинро дӯсти худ медонанд”
“Путин мунтазири бозгашти Тромп аст”
“Оё Тромп шонси воқеӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи баъдӣ хоҳад дошт”
Таҳлил
“Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шиддат инзивоталаб буд ва тамоюле ба даргир шудани Омрико дар ҳеч гуна даргирии хориҷиеро надошт. Он хатти фикрӣ бори дигар ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ бозгаштааст. Лаффозии Тромп бо шиори “Нахуст Омрико!” бозтобдиҳандаи суханони инзивогароёни пеш аз ҷанги ҷаҳонии дуввум яъне афроде монанди Чорлз Линдберг аст, ки бо вуруди Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг мухолиф буданд. Дар ҳар сурат, қутбӣ шудани имрӯзи сиёсати Омрико ба қадре амиқ аст, ки бисёре аз ҷумҳурихоҳон ба таври ғаризӣ амалан аз ҳар иқдоме, ки як давлати демукрот дар қиболи Чин анҷом диҳад, интиқод мекунанд…”
Фрэнсис Фукуёмо, назарияпардози сиёсӣ ва нависандаи китоби маъруфи “Поёни таърих ва охирин инсон” мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар солиёни ахир барои нуфуз дар уқёнуси Ором талош кардаанд. Чин соли гузашта як паймони амниятӣ бо ҷазоири Сулаймон (Соломоновы Острова) имзо кард, ки ин нигарониро ба вуҷуд овард, ки Пекин як пойгоҳи низомӣ дар онҷо ба даст хоҳад овард. Ҷу Бойден, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, барои муқобила бо ин иқдоми Чин, пас аз нишасти сарони G-7 дар Ҳирушимо, қарор буд аз Порт-Морсбӣ, пойтахт ва бузургтарин шаҳри Папуа-Гвинеяи нав боздид кунад, то тавофуқномаи дифоъӣ имзо намояд; тавофуқе, ки ба Иёлоти Муттаҳида имкони дастрасӣ ба пойгоҳи низомӣ дар он минтақа аз ҷаҳонро медод. Бо ин вуҷуд, ин сафар анҷом нашуд, зеро Бойден барои музокира бо Кевин Маккартӣ, раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳи маҷлиси намояндагон, бар сари афзоиши сақфи бадеҳӣ ва ҷилавгирӣ аз адами пардохти бадеҳиҳои калони худ фавран ба Вошингтун бозгашт.
Дар ниҳоят, то поёни моҳи май тавофуқе ҳосил шуд ва аз дефолт (эъломи нотавонӣ дар пардохти бадеҳӣ) ҷилавгирӣ ба амал омад. Бо ин вуҷуд, куллияти ин таҳаввулот ба хубӣ нишон медиҳад, ки қутббандии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида сиёсати хориҷии ин кишварро тазъиф мекунад. Ҳеч раисиҷумҳуре аз Иёлоти Муттаҳида пеш аз ин ҳаргиз аз Папуа-Гвинеяи нав боздид накарда буд ва интизороти зиёде дар мавриди сафари Бойден ва ҳузури раҳбарони минтақаии дигар барои ин рӯйдод дар Порт-Морсбӣ вуҷуд дошт. Алорағми он ки тавофуқномаи амниятӣ дар ниҳоят тавассути Энтони Блинкен, вазири хориҷа имзо шуд, эҳсоси ноумедии қобили ламсе дар минтақа вуҷуд дошт мабнӣ бар он ки раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида натавонад ба ваъдаи худ амал кунад ва қодир ба таваҷҷӯҳ ба ин бахши стратегии ҷаҳон набошад.
Дар ҳоле, ки равобит бо Папуа-Гвинеяи нав ба таври ҷуброннопазире осеб надида, масоили бисёр муҳимтаре дар сиёсати хориҷии Омрико дар маърази хатар қарор доранд. Бузургтарин бӯҳрони ҷории имрӯз, таҳоҷуми Русия ба Укройн аст; ҷойе, ки як ҳамлаи мутақобили мавриди интизори Укройн барои озодсозии бахшҳое аз он кишвар, ки тавассути Русия ишғол шуда дар авоили моҳи июн ба таври ҷиддӣ оғоз шуд. Алорағми мушкилоти дохилии ахир бар сари қиёми нофарҷом таҳти раҳбарии Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи “Вагнер“, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мӯътақид ба пирӯзӣ дар ин мубориза аст. Ӯ мехоҳад дастовардҳои худ дар Укройнро барои муддати тӯлонӣ ҳифз кунад, то Дунолд Тромп дар соли 2024 ба Кохи сафед бозгардад.
Тромп раҳбарии тағйири нигариши муҳофизакоронаи ҷумҳурихоҳ нисбат ба Русияро бар ӯҳда доштааст. Ҷумҳурихоҳон ба шиддат аз Убомо, раисиҷумҳури асбақи Омрико ба далели нарм будани беш аз андозаи рӯйкардаш дар қиболи Русия ва ибрози тамоюли ӯ барои музокира ба манзури беҳбуди равобити Вошингтун ва Маскав интиқод карда будаанд. Аз он замон ба ин сӯ аммо ҷиноҳи тарафдори Тромп дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ, дар амал рӯйкарди худро тағйир дода ва имрӯз Маскавро дӯсти хеш қаламдод мекунад. Тромп ин воқеиятро дӯст дорад, ки Путин як раҳбари “қавӣ” аст ва бисёре аз раъйдиҳандагони инҷилии масеҳӣ низ Путинро як раисиҷумҳури “масеҳӣ” қаламдод мекунанд. Дар муқобил, онҳо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укройнро муттаҳам ба ҳимоят аз либеролизм ва ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар кишвараш кардаанд. Албатта ин иттиҳом мӯҳмал аст, ки ба ӯ нисбат дода мешавад. Путин ба сахтӣ як масеҳии мутадайин ё як фарди сулҳталаб аст. Бо ин вуҷуд, муҳофизакорони омрикоии имрӯза дар дунёи иттилоотии ҷудогона зиндагӣ мекунанд, ки дар он, мабонӣ ва пешфарзҳо бо ҳақоиқи бадил ва нодуруст шакл гирифтааст. Агар Тромп дар соли оянда ба мансаби риёсати ҷумҳурӣ бозгардад, Укройн воқеан бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Зоҳиран тавофуқи ҳизбии бештаре дар мавриди сиёсати дар қиболи Чин вуҷуд дорад. Бойден бисёре аз ибтикори амалҳои Тромп дар қиболи Чинро идома дода ва аз бисёре ҷиҳот аз дастури кори ӯ низ фаротар рафтааст. Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҷудо кардани худ аз Чин дар заминаҳои хоссе монанди ботриҳо (аккумуляторҳо), хокҳои камёб ва соири колоҳое аст, ки сиёсатгузорони Вошингтун мӯътақиданд аҳаммияти стратегӣ доранд, Бойден ҳамчунин бисёре аз мавонеъи тиҷориро, ки барои аввалин бор тавассути Тромп эҷод шуд ҳифз карда ва сиёсати санъатии “Нахуст Омрико!”-ро барои тадовуми тавлид дар хоки Иёлоти Муттаҳида тарвиҷ кардааст. Демукротҳо аз бисёре ҷиҳот дар рақобат бо ҷумҳурихоҳон бар сари ин ки чӣ касе метавонад дар қиболи Чин тундравтар бошад, ба сар мебаранд. Яке аз далоиле, ки ҷумҳурихоҳон бар асоси он аз кӯмак ба Укройн интиқод кардаанд, ин аст боиси коҳиши захоири таслиҳотии Иёлоти Муттаҳида мешавад; захоире, ки Омрико дар сурати даргирӣ бо Чин, ба он ниёз хоҳад дошт.
Бо ин вуҷуд, ин ҳамгароии ошкори сиёсати хориҷӣ метавонад фиребанда бошад. Танҳо муҳимтарин нуқтаи конунӣ барои даргирии стратегӣ бо Чин, Тайван аст ва ба ҳеч ваҷҳ мушаххас нест, ки ҷумҳурихоҳони муҳофизакор аз дифоъи низомии Иёлоти Муттаҳида аз он ҷазира ҳимоят кунанд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шиддат инзивоталаб буд ва тамоюле ба даргир шудани Омрико дар ҳеч гуна даргирии хориҷие надошт. Он хатти фикрӣ бори дигар ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ бозгаштааст. Лаффозии Тромп бо шиори “Нахуст Омрико!” бозтобдиҳандаи суханони инзивогароёни пеш аз ҷанги ҷаҳонии дуввум яъне афроде монанди Чорлз Линдберг аст, ки бо вуруди Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг мухолиф буданд. Дар ҳар сурат, қутбӣ шудани имрӯз ба қадре амиқ аст, ки бисёре аз ҷумҳурихоҳон ба таври ғаризӣ амалан аз ҳар иқдоме, ки як давлати демукрот дар қиболи Чин анҷом диҳад, интиқод мекунанд.
Сиёсати Омрико дар қиболи Чин дар оянда бисёр печида хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир низ гуфта мешавад, ки лаффозиҳои зидди чинӣ дар Вошингтун аз контрол хориҷ мешавад ва ба вазъияти бисёр хатарноке мунҷар хоҳад шуд, ки дар он даргирии ошкор байни ду кишварро иҷтинобнопазир месозад. Иёлоти Муттаҳида бояд хутути иртиботӣ бо Пекинро боз нигаҳ дорад ва дар айни ҳол муҳкам ва муттаҳид бошад. Агар ду ҳизби Омрико мудом дар мавзеъгирии зидди чинӣ аз якдигар пешӣ бигиранд, дастёбӣ ба чунин ҳадафе осон нахоҳад буд.
Таҳаввули аҷибе дар солиёни ахир дар Омрико рух додааст. Пештар иҷмоъи густурдае дар мавриди он чи “истисногароии омрикоӣ” номида мешуд вуҷуд дошт, яъне ин эътиқод, ки демукросии омрикоӣ намояндаи нерӯи хайр дар ҷаҳон аст, ки бояд ба унвони улгуе барои соири кишварҳо бошад. Дар гузашта ин чапи ифротӣ буд, ки бо ин дидгоҳ мухолиф буд ва Иёлоти Муттаҳидаро кишваре мутаҷовиз ва империолистӣ қаламдод мекард. Ин дидгоҳ акнун ба сӯи рости ифротӣ савқ ёфта; ҷойе, ки бисёре аз муҳофизакорон акнун бар ин боваранд, ки Омрико кишваре хатарнок аст, ки масъули густариши арзишҳои либерол дар саросари ҷаҳон мебошад. Ман дар китоби тозаи худ таҳти унвони “Либеролизм ва норизоятиҳои он” ба ин нукта ишора кардаам, ки чӣ гуна беэътимодӣ ба улуми табиии модерн, ки бо мутафаккирони постмодернисте монанди Мишел Фуко оғоз шуд дар тӯли пандемии ковид низ ба сӯи ҷиноҳи рост гароиш пайдо кард. Бисёре мӯътақиданд, ки Омрико бо як бӯҳрони вуҷудӣ мувоҷеҳ аст. Мухолифон дар дохили кишвар, таҳдиде ҷиддитар аз ҳар қудрати хориҷӣ ҳастанд. Интихоботи риёсати ҷумҳурии соли оянда, ки Дунолд Тромп шонси воқеӣ барои пирӯзӣ дар он дорад, таъйин хоҳад кард, ки оё ин дидгоҳҳо дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида гунҷонда шудаанд ё хайр. Ин рақобате аст, ки ҳар муттаҳиди Омрико дар он саҳми амиқ хоҳад дошт.
Аmericanpurpose
Сомонаи Қаламонлайн