Хабари терури фармондеҳи собиқи пулиси Афғонистон дар Теҳрон

Хабари терури фармондеҳи собиқи пулиси Афғонистон дар Теҳрон

Дар Эрон сукут

Гузорише дар Асри Эрон

Хабаре мунташир шуд, ки фармондеҳи аршади пулиси Афғонистон дар ҳукумати қабл аз Толибон – Икромуддин Сареъ, дар Теҳрон мавриди ҳадаф қарор гирифт ва кушта шуд. Ин хабаре аст, ки ибтидо дар расонаҳои афғонистонӣ мунташир шуд ва сипас дар соири расонаҳо аз ҷумла Эрон бозтоб ёфт.

Мақомоти Эрон бо вуҷуди гузашти чанд рӯз аммо ҳанӯз аз вокуниш ва тавзеҳ худдорӣ кардаанд.

Қабл аз ин ҳам, як мақоми собиқи афғонистонӣ дар Машҳад терур шуда буд ва мақомоти эронӣ сукут карда буданд.

Ин равияи сукут, ҳам боиси густариши ибҳом мешавад ва ҳам фазои муносиби тавлиди шойеъа ва хабари ҷаълӣ аст. Сукут яъне таъйиди зимнӣ ва ғайримустақими ҳамаи хабарҳо ва гумоназаниҳо ва шойеъаҳои эҳтимолӣ.

Ин шева муносиби вокуниш дар баробари интишори чунин хабари муҳимме нест, ки танҳо ба сукут иктифо кард. Рафтори хатарноке, ки ҷомеаро дар баробари суолоти пуртеъдод танҳо мегузорад ва фазои афкори умумиро ба самти худҷавобгӯӣ мекашонад. Зимни ин ки эътибор ва марҷаияти ниҳодҳои расмиро тазъиф мекунад.

Муттаассифона дар бархе ин тасаввури ғалат вуҷуд дорад, ки агар сукут кунем, касе ба мавзӯъ тавваҷӯҳ намекунад ва афкори умумӣ ҳам бетавваҷӯҳ онро фаромӯш мекунад, дар ҳоле, ки акси он рух медиҳад.

Нуктаи дигар ин аст: чӣ касе ин фармондеҳи низомии собиқи Афғонистонро ба қатл расонд? Муттаҳами аввал, Толибон аст. Давлати Толибон низ то кунун вокунише надоштааст.

Бо ин ҳол ин гузина ҳам қобили тарҳ аст, ки мумкин аст ин иттифоқ дар натиҷаи низоъ ва рӯёрӯии дохилӣ бошад.

Asriran

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояте воқеӣ ва ҷаззоб аз Мавлоно Зуфархони Ҷавҳарӣ
Торихчаи расмӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид