Халиҷи Араб?

Таҳлили хабарӣ

Халиҷи Араб?

Ёддошти Шавкати Муҳаммад
“Ойини гадоӣ то ба чӣ бешарафӣ мебурдааст!
Вақте дар қади кӯчаву хиёбонҳо пурсидани як гадоро мебинам, ба худ меандешам, ки то чӣ ҳад шароит маҷбурат мекунад, то чӣ ҳад бояд аз баҳри нангу номусу шараф бароӣ, ки ба хотири чанд тангае даст дароз куниву гарданатро каҷ намуда, ҳарфе бигӯӣ, ки дили садақадиҳандаро мулоим кунад.
Пӯсти гадо шояд аз пӯсти хар ҳам ғавстар бошад. Шояд барои луқмаи ноне азхудгузаштагие, ки гадо дорад, касе надошта бошад.
Барои гадо фақат муҳим ин аст, ки ҳамон рӯз шикамаш сер бошад. Хонаву дару макон, замину ҳавлӣ, ин ҳамаро кайҳо кам-кам ба ивази шикамсерӣ додааст. Ин аст, ки гадост.
Хонаву дарашро дигарон соҳибӣ мекунанд. Дар манзилаш дигарон мезиянд. Пайвандон кайҳо пароканда шуда рафтаанд. Ин барояш муҳим нест. Ақлаш фақат ба шикамсерияш мерасад, ин ҳам бошад бо роҳи талбидан.
Дар талбидан ҳар чӣ мехоҳӣ бигӯ, то ноне ба даст орӣ!
Ин талбандаи калони галстукдор ин дафъа аз ҳад гузаронд.
Наход ба хотири чанд сумаке замини ба номи аҷдодиятро ба номи Араб гузаронӣ?!
Вақте мехостам бигӯям, ки каме шарм кунед, ин айб аст, ин тавр нагӯед, боз ба худ андешидам, ки гадо шарм кунад магар гадоӣ карда метавонад? Ҳунари аслии гадо ҳамин беҳаёист.
Мурдаему гурро хабар нест. Наход як гадотабъ ҳокими сари мо бошад?!
Аз тамоми гадоён, ки ҳамон рӯз луқмаи ноне надоранд ва тавони кор ҳам надоранд, маъзарат мехоҳам.
Ин чӣ бешармист?
Халиҷи Форс халиҷи Араб шуд?”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Решаи ихтилофи Эрон ва Русия
Халиҷи Форс ё Халиҷи Араб?

Матолиби пурбоздид