Вазири дифои Русия: Русия дар ҳоли афзоиши омодагии низомии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст

Таҳлили хабарӣ

Вазири дифои Русия: Русия дар ҳоли афзоиши омодагии низомии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст

Ахбори минтақа

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вузарои дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Деҳлии Нав, аз афзоиши омодагии низомии пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури муқобила бо талошҳои Амрико ва муттаҳидонаш барои ҳузури низомӣ дар Осиёи Миёна, хабар дод.

Вай афзуд: Амрико ва муттаҳидонаш ба баҳонаи кумак дар мубориза бо терроризм, дар талош ҳастанд, ки ҳузури низомии худро дар Осиёи Миёна бозгардонанд. Мо ба навбати худ омодагии пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар нируҳои посухгӯ ба мушкилоти эҳтимолиро афзоиш медиҳем.

Сергей Шойгу хотирнишон кард, ки НАТО дар паи ҳузури бистсолаи худ дар Афғонистон ва дар идома, ақибнишинии ногаҳонӣ, бештарин саҳмро дар ба вуҷуд омадани чунин вазъе дар Афғонистон доранд. Онҳо бояд ҳазинаҳои молии бозсозии пас аз ҷангро қабул кунанд.

Вай бо ишора ба ин ки фаъолиятҳои Амрико барои интиқоли хатарноктарин таҳқиқот ба кишварҳои дигар, идома дод: Барномаҳои низомӣ-биологии иҷрошуда тавассути Пентагон дар Украина, бо ҳадафи тавсиаи аҷзои силоҳҳои биологӣ аст.

Амрико илова бар нуфузи иҷтимоӣ аз тариқи муассисоти энҷио дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ахиран ҳимоятҳои таслиҳотии зиёде сурат додааст, ки сохти посгоҳҳои марзбонӣ, таҳвили паҳбод, мошинҳои низомӣ ва размоишҳои низомӣ дар Тоҷикистон аз намунаҳои он аст.

Илова бар он чандест, масъалаи таҳаррукоти низомӣ-биологии артиши Амрико дар Осиёи Миёна пас аз Украина, шиддат гирифтааст ва ахиран размоише барои омӯзиши нируҳои тоҷик дар умури биологӣ тавассути нируҳои Горди Верҷиниёи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Баррасии расонаҳо ва таҳаввулоти ахири минтақаи Осиёи Миёна, гӯёи ин воқеият аст, ки Русия пас аз оғози моҷарои Украина, то ҳадди зиёде тамаркуз бар кишварҳои Осиёи Миёнаро, (ки ҳампаймонони ҳамешагии ӯ ба шумор мераванд), аз даст дода ва бо афзоиши таҳаррукоти ғарб дар ин минтақа ба шиддат нигарон шуда ва дар садади тасбити ҷойгоҳи худ дар минтақа баромадааст.

Аз сӯи дигар, пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Маскав теъдоди зиёде аз нируҳои худро, ки дар пойгоҳи низомии ин кишвар, дар Тоҷикистон (пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон), мустақар буданд, ба ҷабҳаҳои Украина интиқол дод ва ин халаъ боиси афзоиши таҳаррукоти низомӣ ва амниятии Амрико дар Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, ки акнун баҳонаи вуруди амрикоиҳо гаштааст.

Саволе, ки пеш меояд, ин аст, ки оё сӯҳбатҳои фавқи вазири дифои Русия низ монанди дигар изҳороти мақомоти рус дар як соли ахир, сирфан ҷанбаи таҳдидӣ ва расонаӣ дорад ва ё Русия иқдоми амалӣ дар ин росто анҷом хоҳад дод?

Ва агар дар паи иқдоми ҷиддӣ аст, оё бо таваҷҷуҳ ба машғулият дар Украина, амалан тавои истиқрори дубораи ниру дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро дорост?

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғазали зебое аз Ҳофиз
Чин ва Эрон монеи барномаҳои якҷониба ва султаҷӯёнаи Амрико ҳастанд

Матолиби пурбоздид