Холид Машъал: “Уммати арабӣ ва исломӣ аз Ғазза ҳимоят кунад”
Ахбори байналмилал
Раиси сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин, хостори ҳимояти уммати исломӣ ва арабӣ аз Фаластин дар маҳофили байналмилалӣ шуд.
Ба гузориши Алҷазира, Холид Машъал, раиси ҷунбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин, дар изҳороте дар хусуси набарди «Тӯфон ал-Ақсо» гуфт, ки бародарони шумо ин тӯфонро эҷод ва режими саҳюнистиро дар он ғарқ карданд ва ин амр акнун башоратдиҳандаи озодӣ аст.
Вай, бо ишора ба эълони қиёми умумӣ дар рӯзи ҷумъа ва номгузории он ба «Ҷумъаи тӯфони ал-Ақсо» аз сӯйи ҷунбиши Ҳамос, гуфт: “Вазифаи мо акнун хашмгин шудан ва омадан ба майдонҳо ва хиёбонҳо дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ дар ростои ҳимоят аз Масҷидулақсо ва миллати Фаластин аст.”
Холид Машъал таъкид кард, ки Натонёҳу бо чароғи сабзи Омрико ва ғарб, сиёсати «замини сӯхта»-ро пиёда мекунад, бинобар ин шумо бояд ба ёрии Ғазза бишитобед!”
Раиси ҷунбиши Ҳамос дар хориҷ афзуд: “Аз миллатҳо, сарон ва раҳбарони уммати исломӣ мехоҳем, ки дар маҳофили байналмилалӣ таҳаррукоти сиёсӣ иттихоз кунанд, то ҷинояти режими саҳюнистиро мутаваққиф ва аз Масҷидулақсо ва Фаластин ҳимоят кунанд.”
Вай дар идома аз уламои ислом хост, ки дар ростои ҳимоят аз Масҷидулақсо фатво содир кунанд.
Холид Машъал ҳамчунин аз дугонагии мавозеъи ғарбиҳо, ки аз Укройн ҳимоят ва иқдомоти ҷунбиши Ҳамосро маҳкум мекунанд, интиқод кард.
Қаламонлайн