Худкифоии Ҳамос дар тавлиди анвои силоҳ
Ахбори байналмилал
El Pais
Як рӯзномаи машҳури испониёӣ гузориш дод, ҷунбиши муқовамати Фаластин бахши бузурге аз таслиҳоти мавриди ниёзи худро дар дохили Ғазза тавлид мекунад.
Рӯзномаи испониёии El Pais дар гузорише дар бораи зарфиятҳои тавлиди таслеҳотии Ҳамос дар дохили навори Ғазза навиштааст:
Ҳамлаи 7 октябри гурдонҳои Изуддин Қассоми Ҳамос, ҷаҳонро бо печидагиҳо ва миқёси худ ҳайратзада кард. Ин гурӯҳ (Ҳамос) тавоноиҳои низомии таҳоҷумии шигифтоваре ба намоиш гузошт ва тақрибан ҳамаро ғофилгир кард. Он чи беш аз дигар вежагиҳо мӯҷиби ҳайрат шуд, гуногунии силоҳҳои истифодашуда тавассути ин низомиён буд.
Ғазза, минтақае пуртарокум аст, ки манобеъи чандоне надорад. Ин борика беш аз 16 сол аст, ки тавассути режими саҳюнистӣ ва Миср муҳосира шуда ва борҳо ҳадафи ҳамалоти густурдаи ин режим қарор гирифтааст. Бо ин вуҷуд, амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” нишон дод, ки Ҳамос дар ин солҳо тавониста силоҳҳо ва муҳиммоти мавриди ниёзи худро дар миқёси бузургтар аз ҳадди тасаввур, таҳия кунад, аз ҷумла миқдори зийде аз рокетҳо ва силоҳҳои сабук.
Мақомоти аршади сиёсӣ ва низомии Ҳамос изҳор кардаанд, ки бахши аъзами ин таслиҳот, аз ҷумла аслиҳаҳои сабук, муҳиммот ва рокетҳо дар дохили Ғазза тавлид шудаанд. Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом дар аввалҳои январ гуфт, ки тамоми силоҳҳои истифодашуда дар набард, тавлиди Ғазза ҳастанд; аз гулӯлаҳо гирифта то RPJ ва сомонаҳои зидди тонк.
Муҳаққиқон бо эътироф ба ин ки наҳваи сохти ин таслеҳот дар дохили Ғазза як муаммои душвор аст, изҳор мекунанд, ки Ҳамос дастикам дар сохти рокет, паҳподҳои интиҳорӣ, рокетандоз ва дастгоҳҳои инфиҷорӣ, худкифо аст.
Ба назар мерасад, корхонаҳои таслеҳотии Қассом бештар бар маводди боқимонда аз ҳамалоти Исроил ба зерсохтҳои ин минтақа такя доранд, аз ҷумла ба хонаҳо ва ҷоддаҳо. Теъдоди зиёде аз гулӯлаҳои тӯпи исроилӣ, ки ба сӯйи Ғазза шиллик мешаванд, мунфаҷир намешаванд ва Ҳамос метавонад бо маводди мунфаҷира онҳоро дар рокетҳои худ мавриди истифода қарор диҳад.
Аҳмад Фуод ал-Хатиб, нависанда ва таҳлилгари сокини Ғазза мегӯяд: “Бархе силоҳҳои Ҳамос ба сурати қочоқӣ ворид мешаванд, аммо бисёре аз онҳо ба сурати маҳаллӣ тавлид мешаванд. Гоҳе вақтҳо роҳе ба ҷуз ин пешравии онҳо нест.
New York Times ахиран ба нақл аз як мақоми Вазорати ҷанги Исроил гузориш дод, ки “Ҳамос мизони чашмгире аз таслеҳот ва муҳиммоти мавриди ниёзи худро аз пойгоҳҳои исроилӣ ба сирқат бурда ва ба Ғазза ё каронаи Бохтарӣ ворид мекунад.” Бисёре аз коршиносон ва мақомоти режими саҳюнистӣ муддаӣ ҳастанд, ки бахши бузурге аз ин таслеҳот ҳам аз тунелҳое дар шибҳиҷазираи Сино ба Ғазза ворид мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Миср ин иддаоро такзиб ва изҳор кардаанд, ки дар 10 соли гузашта тамоми гузаргоҳҳои марзии мавриди истфода барои қочоқи силоҳ масдуд шудааст.
Як таҳлилгари мисрӣ дар ин бора мегӯяд: “Ин (изҳорот) асосан як тарфанди Исроил аст, талоше дигар барои сарпӯш гузоштан бар шикасти пурсару садое, ки аз Ҳамос хӯрданд. Дар солҳои ахир, Исроил натавониста таҳаввулоти Ҳамос ва афзоиши тавоноиҳои низомии онро ба дурустӣ муҳосиба кунад.
Режими саҳюнистӣ хостори контроли бештар бар гузаргоҳи марзӣ миёни саҳрои Сино ва навори Ғазза шуда, аммо як мақоми мисрӣ дар охирҳои моҳи гузашта бо радди иддаои қочоқи силоҳ, гуфт, касоне, ки чунин иддаоҳое доранд, мехоҳанд иштибоҳоти худро ба гардани омилҳои хориҷӣ биандозанд.
El Pais
Қаламонлайн