Худро дареғ аз чашмҳои ман мадор имрӯз

Адаб
Худро дареғ аз чашмҳои ман мадор
Адиба Хуҷандӣ
Биё, худро дареғ аз чашмҳои ман мадор имрӯз,
Зи бозори чаманҳо меҳрубониҳо биёр имрӯз.
Ба чашмони лаёнии ту шайдо сад баҳори ман,
Зи пазмони сари раҳ гиряҳои бешумор имрӯз.
Агар аз ишқ мегӯям, бале, номи ту пинҳон аст,
Нашуд асрор ишқат мебиёрам ифтихор имрӯз.
Муравват кун ба оина ду се қанде ,ки ид омад,
Бикун чашми маро ба рӯи худ оинадор имрӯз.
Ба роҳи нур то ту меравам фардою пасфардо,
Ба ҷангалҳои сабзи дури нопайдоканор имрӯз.
Ба уқёнус мегуям ҳамон хобе, ки дидам дӯш,
Ман аз мурдоби торикӣ ҳамехоҳам фирор имрӯз.
Тамаддун амрикоӣ нест, дар фикри чароғи дӣ,
Ба ҳарфи амрикоӣ мекунам бо ту қарор имрӯз.
Ҳамерақсанд “Танго” анҷуман дар рестуран, оре,
Вале ман аз ту мехоҳам суруди шӯълабор имрӯз.
Ман аз занҷири торикӣ ва аз як хонаи гиря,
Зи танҳоӣ бурун рафтам, ки бошам интишор имрӯз.
Хабар омад зи оина, хабар омад зи обу нур,
Дилам дигар намемонад ба ҳадду ихтиёр имрӯз.
Дигар хушбахти хушбахтам, ки ҳастам беназир, улвӣ,
Дигар ғамрою кулфатро кунам хоки мазор имрӯз.
Туро ман дӯст медорам, ки бошӣ дур, доим дур,
Ки бо ту ғарқи гул бошам мани доимбаҳор имрӯз.
Адиба Хуҷандӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зуд бирафт…
Иди саъиди Фитр муборак!!!

Матолиби пурбоздид