Зуд бирафт…

Адаб

Зуд бирафт…

Саъдии Шерозӣ

Барги таҳвил мекунад рамазон,
Бори тавдеъ бар дили ихвон.
Ёр нодида сер зуд бирафт,
Дер наншаст нозанин меҳмон…
Алвадоъ ай замони тоату хайр,
Маҷлиси зикру маҳфили Қуръон.
Муҳри фармони Эзадӣ бар лаб,
Нафс дар банду дев дар зиндон.
То дигар рӯза бо ҷаҳон ояд,
Бас бигардад ба гуна-гуна ҷаҳон!
Булбуле зор-зор менолид,
Бар фироқи баҳору вақти хазон.
Гуфтам андӯҳ мабар, ки боз ояд,
Рӯзи Наврӯзу лолаву райҳон.
Гуфт тарсам бақо вафо накунад,
Варна ҳар сол гул дамад бустон.
Рӯзи бисёру ид хоҳад буд,
Тирамоҳу баҳору тобистон.
То ки дар манзили ҳаёт бувад,
Соли дигар ки дар ғарибистон.
Хок чандон аз одамӣ бихӯрад,
Ки шавад хоку одамӣ яксон.
Ҳар дам аз рӯзгори мо ҷузвест,
Ки гузар мекунад чу барқи ямон.
Кӯҳ агар ҷузв-ҷузв баргиранд,
Муталошӣ шавад ба давру замон.
То қиёмат ки дигар оби ҳаёт,
Боз гардад ба ҷӯйи рафта равон.
Йо раб он дам, ки дам фурӯ бандад,
Малакулмавт – воқифи шайтон.
Кори ҷон пеши аҳли дил саҳл аст,
Ту нигаҳ дор ҷавҳари имон!
Саъдии Шерозӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷирони Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд
Худро дареғ аз чашмҳои ман мадор имрӯз

Матолиби пурбоздид