Чаро Исроил эҷод шуд?

Таърих
Чаро Исроил эҷод шуд?
Як устоди донишгоҳ ва муаррихи эронӣ мегӯяд: “Ғарбиҳо мегӯянд, агар мо битавонем нафрати таърихиеро, ки алайҳи яҳудиён ҳаст, ҷаҳонӣ кунем, он вақт он рӯзи мавъуде, ки мехоҳем онҳоро решакан кунем, фаро расида ва онҳо дигар паноҳгоҳе нахоҳанд дошт.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадалӣ Ромин, таърихпажӯҳи эронӣ ва устоди донишгоҳ, дар гуфторе дар бораи фалсафаи эҷоди Исроил гуфт: “Дар тӯли таърихи се ҳазорсола, ҳар гоҳ урупоиён дар пайи озору азияти яҳудиён буданд, яҳудиён ба самти Шарқ меомаданд ва дар он ҷо паноҳ мегирифтанд. Урупоиён яҳудиёнро ба минтақаи мо фиристоданд ва ҳамаҷониба аз онҳо ҳимоят мекунанд, вале на ҳимоят барои бақо, балки ҳимоят барои нобудӣ. Ғарбиҳо мегӯянд, агар мо битавонем нафрати таърихиеро, ки алайҳи яҳудиён дорем, ҷаҳонӣ кунем, он вақт он рӯзи мавъуде, ки мехоҳем онҳоро решакан кунем, фаро расида ва дигар паноҳгоҳе нахоҳанд дошт. Тамоми ин фарояндро ман як хатари ҷиддӣ барои қавми яҳуд медонам. Агар алъон яҳудиён ба хусус Банӣ Исроил дар муқобили ҷиноятгарии ваҳшиёнаи Исроил алайҳи фаластиниён қиём накунанд, афкори умумии ҷаҳон ба вежа дар Ғарб қиём мекунанд ва он нафрати таърихӣ густариш пайдо мекунад ва ҳеч яҳудӣ дар ҳеч куҷои Ғарб дар амон нахоҳад буд.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъломи омодагии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои боло бурдани равобити низомӣ
Мардуми Англия дар ҳимоят аз Ғазза ба хиёбонҳо рехтанд

Матолиби пурбоздид