Қоҳира; идомаи музокирот

Қоҳира; идомаи музокирот

Сафари ҳайати қатарӣ ба Қоҳира барои аз саргири музокироти оташбаси Ғазза

Ахбори байналмилал

Alalam

Як ҳайати қатарӣ субҳи имрӯз барои аз саргирии музокироти оташбаси Ғазза ба Қоҳира меравад.

Моҷид ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард:

“Ҳайати қатарӣ субҳи имрӯз барои аз саргирии музокироти ғайримустақим миёни Ҳамос ва Исроил ба Қоҳира меравад.”

Ба гузориши Алъолам, музокирот миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ бо миёнҷигари Қатар, Миср ва Омрико анҷом мешавад.

Ал-Ансорӣ гуфт:

“Мо умедворем оташбаси фаврӣ ва доим дар навори Ғазза муҳаққақ шавад ва тарафҳо ба тавофуқи табодули асирон ва вуруди пойдори кӯмакҳои инсонӣ ба тамоми манотиқи Ғазза даст ёбанд. Ҳамос посухи худро ба пешниҳодоти миёнҷигарон фиристодааст. Ин посухро метавон мусбат донист.”

Тибқи гузориши Алҷазира, пешниҳоди оташбасе, ки аз сӯйи Миср ва Қатар матраҳ шуда, шомили се марҳила аст, ки ҳар марҳила 42 рӯз (дар маҷмӯъ 126 рӯз) ба тӯл меанҷомад:

– Марҳилаи аввал:

Ақибнишинии комили артиши режими саҳюнистӣ аз коридори Нетзарим (шимол-ҷануб) ва фароҳам шудани имкони бозгашти оворагон.

– Марҳилаи дуввум:

Амалиёти низомӣ ба таври комил мутаваққиф мешавад ва нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ ақибнишинӣ мекунанд.

– Марҳила севвум:

Оғози раванди рафъи муҳосира ва бозсозии навори Ғазза.

Бозсозии ин минтақа зарфи се то панҷ сол аст.

Ин марҳила ҳамчунин шомили табодули аҷсод ва бақоёи инсонӣ ва поёни комили муҳосираи навори Ғазза аст.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тавофуқи оташбас дар Ғазза то чанд рӯзи оянда ниҳоӣ мешавад
Шайхурраис Буалӣ Сино – ҳакими раҳнамо

Матолиби пурбоздид