Чаҳор кишвар омодаанд нерӯҳои “ҳофизи сулҳ” ба Украина бифиристанд

Чаҳор кишвар омодаанд нерӯҳои ҳофизи сулҳ ба Украина бифиристанд

Ахбори байналмилал

Михаил Подоляк, мушовири Дафтари президенти Украина, изҳор доштааст, ки Фаронса, Олмон, Туркия ва Британияи Кабир омодаанд пас аз поёни ҷанг нерӯҳои ҳофизи сулҳ ба Украина эъзом намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, барқарор кардани сулҳ бидуни шарикони байналмилалӣ ғайриимкон аст ва худи ҷанг Аврупоро ба тағйироти шадид водор месозад: Иттиҳодияи Аврупо, агар мехоҳад дар шароити ҷадид созгорӣ дошта бошад, маҷбур хоҳад шуд аз хаёлпарастиҳо даст кашида, ба сиёсати бештари низомигарӣ рӯй оварад.

Туркия қаблан се шарти асосиро барои фиристодани нерӯҳои низомии худ муайян карда буд: қатъи комили оташбас, муайян будани ҳадафҳо ва ваколатҳои дақиқи рисолати сулҳбон, инчунин тақсими масъулиятҳо миёни кишварҳо. Бе иҷрои ин шартҳо, таъкид мекунанд дар Анкара, ҳеҷ гуна иштирок имконнопазир аст.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷаи Русия нақшаҳои Иттиҳоди Аврупоро «хаёлбофӣ» номида буд ва Владимир Путин ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина «ҳадафи қонунии зарба» хоҳанд шуд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардумдӯстӣ ва мардумдорӣ дар осори Саъдӣ
Шайхурраис Бӯалӣ Сино

Матолиби пурбоздид