Чӣ касе соҳиби императории Пригожин хоҳад шуд?
Таҳлиле дар нашрияи New York Times
Дар се қорраи ҷаҳон, барои соҳиб шудан бар манофеъи Евгениий Пригожин, раҳбари гурӯҳи муздури “Вагнер”, даъвои пинҳонӣ дар ҷараён аст. Бузургтарин манофеъи ин гурӯҳ, амалиёти судовар дар Африқо аст.
Раҳбарони африқоии муттаҳиди Русия, одат карда буданд, бо Евгениий Пригожини мағрур, ки бо ҳавопаймои шахсӣ дар он қорра сафар мекард, муомила кунанд. Ӯ дар ивази дарёфти тилло ва алмоси режимҳо, онҳоро бо истифода аз аслиҳа ва таблиғот мавриди ҳимоят қарор медод.
Ҳайати русӣ, ки ҳафтаи гузашта ба се кишвари африқоӣ сафар кард, тавассути шахсияти бисёр мутафовите раҳбарӣ шуд: Юнусбек Евкурови хушк, муовини вазири дифоъи Русия. Ӯ бо пӯшидани як ба истилоҳ телняшка, ки аз қарни 19-ум бахше аз формаи нерӯҳои низомии Русия аст, ин паёмро ба раҳбарони қорраи Африқо расонд, ки хештандор аст ва бо забоне муаддабона ва расмӣ бо онон сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ бо ширкат дар конфронси хабарӣ дар Буркина-Фасо гуфт: “Мо тамоми талоши худро барои кӯмак ба шумо анҷом хоҳем дод”. Тазодди рафтораш бо рафтори худнамоёнаи Пригожин намоёнгар буд. Евкуров бо сухан ва рафтори худ ин паёмро расонд: пас аз марги Пригожин дар ҷараёни сонеҳаи ҳавоӣ дар моҳи гузашта дар Русия, Африқо таҳти мудирияти ҷадиде қарор хоҳад гирифт.
Рӯзномаи New York Times барои таҳияи ин гузориш, бо беш аз 12 мақоми феълӣ ва собиқ дар Вашингтон, Аврупо, Африқо ва Русия ва чаҳор шаҳрванд рус, ки барои Пригожин кор мекарданд, сӯҳбат карда, то ба дарки амиқтаре дар бораи ҷанг бар сари дороиҳои Пригожин дар миёни бозигарони аслии сохтори қудрати Русия даст ёбад.
Ин афрод бар сари ин мавзӯъ иттифоқи назар доштанд, ки ин мубориза ба далели вафодории тӯлонимуддати аъзои “Вагнер” ба Пригожин, вазъияти печидае ба худ гирифтааст. Аксари онон ишора мекунанд, ки баъид ба назар мерасад сохтори “Вагнер”, ки табдил ба ташкилоте шабеҳи як фирқаи динӣ шуда комилан аз байн биравад.
Гурӯҳи шибҳинизомии таҳти раҳбарии Пригожин муассиртарин нерӯи ҷангии Русия дар Украина дар соли гузашта буд ва парокандагии он суолҳоеро дар мавриди тавоноии Русия ба манзури анҷоми ҳамалоти ҷадид матраҳ месозад. Ҳамчунин, гурӯҳи расонаии таҳти ҳидояти Пригожин “фермаи ҷавоб”-и онлайнро эҷод карда буд, ки дар тазъифи ниҳодҳои демократик дар саросари ҷаҳон нақши муассире ифо кард. Амалиёти “Вагнер” дар ҳеч куҷо, барои Русия арзише бештар аз кишварҳои африқоӣ аз ҷумла Либия ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ надорад; ҷое, ки муздурони он гурӯҳ эътимод ва сарватро бо ҷалби ҳимояти худкомагони минтақаӣ касб карда буданд.
Мақомҳои ғарбӣ, ки аз арзёбиҳои иттилоотии маҳрамона огоҳ шудаанд, мегӯянд, ду ниҳоди ҷосусии Русия: СВР ва ГРУ, дар ҳоли рақобат барои соҳиб шудан бар ҷанбаҳои калидии амалиёти Пригожин ҳастанд. Ду мақом аз давлатҳои мухталиф гуфтанд, ки ниҳоди иттилооти хориҷӣ (СВР) эҳтимолан контроли расонаҳои таблиғотии “Вагнер” ва амалиёти интишори иттилооти нодурусти онлайни он гурӯҳро, ки кишварҳои хориҷиро ҳадаф қарор медиҳад, бар ӯҳда хоҳанд гирифт, дар ҳоле, ки Вазорати дифоъ ва Созмони иттилооти низомии Русия (ГРУ) метавонанд дар амалиёти майдонии “Вагнер” ширкат кунанд.
Юнусбек Евкуров
Рафтори Евкуров дар Африқо нишонаҳое аз чархиш дар рӯйкарди Русияро нишон дод; чархише мабнӣ бар он ки шохаи иттилооти низомӣ (ГРУ), нақши калидиро дар ҳар иттифоқе хоҳад дошт. Ин ҳайат шомили яке аз ҷосусони аршади Русия, генерал Андрей Аверянов буд, ки ба раҳбарии як воҳиди зубда ва мутахассис дар заминаи харобкор ва террор дар хориҷ аз кишвар шӯҳрат доштааст. Дар видеоҳои мунташиршуда тавассути Буркина-Фасо ва Малӣ генерал Аверянов дар канор Евкуров дида мешавад. Мақомҳои ғарбӣ мӯътақиданд, Аверянов номзаде қавӣ барои назорат бар бархе аз амалиёти “Вагнер” хоҳад буд.
Мақомҳои америкоӣ ба New York Times гуфтанд, ки Пригожин ҳамчунин ба дунболи касби судҳои ҷадид аз сармоягузориҳои густурдаи африқоӣ буд, ки шомили фаъолиятҳои низомӣ, тиҷорӣ ва таблиғотӣ дар бисёре аз кишварҳо мешуд. Амалиёти “Вагнер” боиси тақвияти режимҳои низомии мутазалзил шуд ва тиҷорати алмос, тилло ва интишори иттилооти нодуруст ва ҳатто сохти филмҳое барои таҷлил аз фаъолияти “Вагнер” дар он қорраро шомил мешуд. Бо ин вуҷуд, мақомҳои америкоӣ ишора карданд, ки иддаои Путин мабнӣ бар он ки амалиётҳои африқоии Пригожин барои ӯ 4 миллиард доллар даромад ба ҳамроҳ дошта, бисёр иғроқомез ба назар мерасад.
Низои Пригожин ва Евкуров аз куҷо оғоз шуд?
Дар моҳҳои мунтаҳӣ ба шӯриши “Вагнер” алайҳи Маскав, Пригожин бисёр ҷасуртар шуда буд. Мақомҳои ғарбӣ ва Созмони Милал гуфта буданд, дар баҳори соли ҷорӣ саъй карда буд бо қочоқи мушакҳои “замин ба ҳаво” барои як гурӯҳи шибҳинизомии бадном, тавозуни қувваҳоро дар ҷанги дохилии Судон тағйир диҳад. Мақомҳои америкоӣ дар моҳи феврал ба раисиҷумҳури Чад ҳушдор доданд, ки Пригожин қасд дорад ӯро террор кунад.
Мақомҳои аршади “Вагнер” дар охирҳои моҳи июн ба шарқи Либия сафар карданд, то бо Халифа Ҳафтар, марди қудратманде, ки дар ҳамла ба Триполӣ дар соли 2019 ба ӯ кӯмак карда буданд мулоқот кунанд. Дар таърихи 30 июн ҳамлаи паҳподии мармузе ба пойгоҳи аслии “Вагнер” дар шарқи Либия сурат гирифт ва пурсишҳоеро дар мавриди осебпазирии “Вагнер” матраҳ сохт. Сипас мақомҳои аршади Кремл сафарҳояшон ба кишварҳои африқоиро оғоз карда ва ин паёмро ирсол намуданд, ки Русия дар ҳоли тағйир додани шакли бозии худ дар он қорра аст. Раҳбарии ин маъмурият бар ӯҳдаи Евкуров буд, ки пештар ба унвони фармондеҳи ҳавобурд ва фармондори минтақа, эътиборе низомӣ ва сиёсӣ касб карда буд.
Пригожин дар ҷараёни шӯриш алайҳи Маскав ба таври аланӣ ӯро таҳқир карда ва мавриди сарзаниш қарор дода буд. Акнун Евкуров фурсате барои интиқом гирифтан аз Пригожин дар ихтиёр дошт. Ӯ бо сафар ба Сурия яке дигар аз пойгоҳҳои “Вагнер” ва чанд кишвари африқоӣ ба дунболи он буд, то нерӯҳои “Вагнер”-ро таҳти контроли Маскав қарор диҳад.
Евкуров на танҳо дар садад буд то назари раҳбарони африқоӣ ва сурияиро ба сӯи худ ҷалб кунад, то вафодориашонро аз Пригожин ба шахси ӯ тағйир диҳанд, балки бояд сарбозони “Вагнер”-ро, ки ба Пригожин вафодор буданд низ қонеъ мекард аз Вазорати дифоъ пайравӣ намоянд. Рақобат доғ шуд. Дар охирҳои июл тазоҳуроти ҳамоҳанг ба нафъи “Вагнер” дар Малӣ, Буркина-Фасо ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ оғоз шуд. Бархе аз тазоҳуркунандагон “Вагнер”-ро ташвиқ мекарданд ва мегуфтанд: “Муташаккирем Русия! Муташаккирем “Вагнер!”
Чанд ҳафта пас аз он, Пригожин барои сафар ба саросари Африқо ба он қорра бозгашт. Дипломати ғарбӣ мегӯяд, ӯ ба Африқои Марказӣ рафт ва дар онҷо бо ҷангҷӯёни “Вагнер” ва раисиҷумҳури он кишвар дидор дошт, то дар мавриди муомилоти тиҷории тоза гуфтугӯ кунад. Пас аз он ӯ ба Судон рафт ва бо раҳбарони ҳамон гурӯҳи шибҳинизомӣ, ки “Вагнер” мушак дар ихтиёраш қарор дода буд, дидор дошт. Онон ба Пригожин як ҷаъба шимши тилло ҳадия доданд. Мақомҳои фаронсавӣ мегӯянд, ӯ сипас ба Либия рафта буд.
Ба мувозоти он, Евкуров низ дар ҳоли анҷоми сафарҳои тозае буд. Ӯ ба Либия сафар кард. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ӯ ба Халифа Ҳафтар гуфта буд, Русия дар ҳоли танзими муҷаддади равобити худ хоҳад буд ва тибқи барномаи Русия ҷангҷӯёни “Вагнер” дар қорраи Африқо боқӣ мемонанд, аммо иттилооти низомии Русия масъули иқдомоташон хоҳад буд. Евкуров пеш аз тарки Либия аслиҳае ба Ҳафтар ҳадия дод; ҳадияе намодин дар кишваре, ки Муаммар Қаззофӣ, диктатори соқитшудаи он як таппончаи тиллоӣ дошт.
Писари Пригожин чӣ мизон шонс барои тасоҳуби императории падараш дорад?
Максим Шугалей, мушовири сиёсии гурӯҳи “Вагнер”, ки акнун дар Петербург басар мебарад, дар гуфтугӯ бо New York Times ин фикрро рад кард, ки давлати Русия метавонад ба таври комил “Вагнер”-ро соҳибӣ кунад ва мӯътақид аст, Павел Пригожин, писари камтар шохташудаи ӯ, вориси императории падараш хоҳад буд.
Ӯ бо ишора ба Павел гуфт: “Ман фикр мекунам, ӯ бояд бархе аз мушкилотро бартараф кунад. То онҷо, ки ман медонам, ӯ омодаи ин кор аст”.
Бархе аз коршиносон мувофиқ ҳастанд, ки Павел Пригожин, ки дар даҳаи дуввуми умраш ба сар мебарад, талош хоҳад кард, то ширкатҳои падаршро контрол кунад. Иёлоти Муттаҳида соли гузашта ӯро таҳрим кард ва эълом намуд, ки ӯ се ширкати амлок ва мустағиллотро дар Петербург таҳти контрол дорад. Пригожин соли гузашта пеш аз маргаш гуфта буд, писараш дар Сурия ҷангида буд; иддаое, ки қобили таъйид нест.
Павел Пригожин
Павел мумкин аст битавонад бархе аз дороиҳои дохилии падараш, ки манобеъи мустақилли хабарӣ онро дар ҳудуди 800 миллион доллар дар соли 2022 баровард карда буданд контрол кунад, аммо барои идомаи кор дар хориҷ аз кишвар; ҷое, ки давлатҳо ҳимояти геополитикии Маскавро дунбол мекунанд, ба талоши бештаре ниёз дорад. Мақомҳои америкаӣ мегӯянд, даҳҳо ширкати хусусӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд дар назорат бар амалиёти шибҳинизомӣ низ мушорикат дошта бошанд. Марги Пригожин танҳо иштиҳои бархе аз кишварҳои африқоиро барои равобити қавитар бо Кремл ташдид карда ба вежа кишварҳое, ки пештар нисбат ба “Вагнер” мӯҳтот буданд, аз ҷумла Буркина-Фасо.
Замоне, ки Евкуров ҳафтаи гузашта ба Буркина-Фасо сафар кард, капитан Иброҳим Траоре, раҳбари 35-солаи он кишвар, ки соли гузашта бо як кудатои низомӣ қудратро ба даст гирифт, аз ӯ истиқбол кард. Траоре, ки бо Фаронса ба далели собиқаи истеъмории он кишвар дар қорраи Африқо хусумат дорад, дар моҳи июл дар дидори гарме бо Путин, гуфта буд: “Русия бахше аз хонаводаи Африқост”.
New York Times