Шамхонӣ: Посухи Эрон ба таҳрими Урупо фаврӣ аст

Шамхонӣ: Посухи Эрон ба таҳрими Урупо фаврӣ аст

Ахбори байналмилал

Вокуниши Шамхонӣ ба қарори Иттиҳодияи Урупо: “Посухи Эрон ба таҳрими Урупо фаврӣ аст”

Алӣ Шамхонӣ, намояндаи раҳбари Ҷ.И.Эрон дар Шӯрои дифои ин кишвар, дар вокуниш ба иқдоми Иттиҳодияи Урупо алайҳи Сипоҳи Посдорон, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт:

“Ғарб, теруризмро таъриф намекунад, масраф мекунад. Вақте ҳамкорӣ дар куштори мардуми Ғазза, ба ҳукумат расондани теруристҳо ва тарроҳии ноамнӣ дар кишварҳо, “сиёсат” аст ва муқобилаи Сипоҳи Посдорон бо ДОИШ, “теруризм”, яъне мафҳуми теруризм дар адабиёти Омрико ва Урупо истиҳола шуда; иқдомоти муқобилаӣ, фаврӣ хоҳад буд”.

Гуфтанист, Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, панҷшанбе эълом кард, вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо бо қарор додани номи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар листи “гурӯҳҳои теруристӣ” мувофиқат кардаанд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қудрати расона
Сӯфӣ кист?

Матолиби пурбоздид