Шикасти табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон

Шикасти табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон

Ахбори минтақа

Akipress

Расонаҳо имрӯз (ҷумъа) аз шикасти кудато (табаддулоти давлатӣ) дар Қирғизистон хабар медиҳанд.

Akipress ба нақл аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навишт, ки ин ниҳод аз кудато ва тағйири давлат дар Қирғизистон ҷилавгирӣ кардааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баёнияе дар ин замина содир ва гуфтааст:

“Ба манзури ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва ҳифозат аз Қонуни асосӣ, фаъолиятҳои ғайриқонунии як гурӯҳи мухарриб, ки барнома доштанд ба сурати хушунатомез қудратро ба даст гиранд ва бо созмондиҳии шӯришҳо (ки бо марги шаҳрвандон ҳамроҳ мебуд) шароити иҷтимоӣ-сиёсии кишварро бесубот кунанд, мутаваққиф шуд.”

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин гурӯҳ аз афроди мазҳабии тундрав ташкил шудааст.

То кунун 4 нафар дар робита бо ин кудато дастгир шуданд.

Тибқи ин баёния, “дар ҷустуҷӯҳои анҷомшуда аз хона ва худравҳои дастгиршудагон, маводди мунфаҷира, силоҳи гарм, муҳиммот, радио, ҷилиқаи зидди гулӯла, либоси афсарони пулис, паҳпод, адабиёти ифротӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти ғайриқонунии дигар кашф ва забт шуд.”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки таҳқиқот ва амалиётҳои ҷустуҷӯ идома дорад.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештари ин иттифоқ эълом нашудааст ва иҷрокунандагони он муаррифӣ нашудаанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори мақомоти аршади Ҳамос бо Сайидҳасан Насруллоҳ
Ҳамоиши  «Роҳи нави дӯстии наслҳо» дар Душанбе

Матолиби пурбоздид