Ҳикояти дарвеш ва подшоҳ

Адаб

Ҳикояти дарвеш ва подшоҳ

Гулистони Саъдӣ

Яке аз мулукро шунидам, ки шабе дар ишрат рӯз карда буд ва дар поёни мастӣ ҳамегуфт:

Моро ба ҷаҳон хуштар аз ин як дам нест

К-аз неку бад, андешаву аз кас ғам нест.

Дарвеше ба сармо берун хуфта буду гуфт:

Эй он ки ба иқболи ту дар олам нест

Гирам, ки ғамат нест, ғами мо ҳам нест?

Маликро хуш омад, суррае ҳазор динор аз равзан берун дошт, ки: Доман бидор, эй дарвеш.

Гуфт: Доман аз куҷо орам, ки ҷома надорам!

Маликро бар ҳоли заифи ӯ риққат зиёдат шуд ва хилъате бар он мазид карду пешаш фиристод.

Дарвеш мар он нақду ҷинсро ба андак замон бихурду парешон карду боз омад.

Қарор бар кафи озодагон нагирад мол

На сабр дар дили ошиқ, на об дар ғирбол.

Дар ҳолате ки маликро парвои ӯ набуд, ҳол бигуфтанд. Ба ҳам баромад ва рӯй аз ӯ дарҳам кашид.

Ва аз ин ҷо гуфтаанд: Асҳоби фитнату хибрат, ки аз ҳиддату саврати подшоҳон барҳазар бояд будан, ки ғолиби ҳиммати эшон ба муаззамоти умури мамлакат мутааллиқ бошад ва таҳаммули издиҳоми авом накунад.

Ҳаромаш бувад неъмати подшоҳ

Ки ҳангоми фурсат надорад нигоҳ.

Маҷоли сухан то набинӣ зи пеш

Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш.

Гуфт: Ин гадои шӯхи мубазирро, ки чандон неъмат ба чандин муддат барандохт, биронед, ки хазона байтулмоли луқмаи масокин аст, на тӯъмаи ихвон-уш-шаётин!

Аблаҳе, к-ӯ рӯзи рӯшан шамъи кофурӣ ниҳад

Зуд бинӣ, к-иш ба шаб рӯған набошад дар чароғ.

Яке аз вузарои носеҳ гуфт: Эй худованд, маслиҳат он бинам, ки чунин касонро ваҷҳи кафоф ба тафориқ муҷро доранд, то дар нафақа исроф накунанд, аммо ончи фармудӣ, аз заҷру манъ, муносиби ҳоли арбоби ҳиммат нест; якеро ба лутф умедвор гардонидан ва боз ба навмедӣ хаста кардан.

Ба рӯи худ дари тамаъ боз натвон кард

Чу боз шуд, ба дуруштӣ фароз натвон кард

Кас набинад, ки ташнагони Ҳиҷоз

Ба сари оби шӯр гирд оянд

Ҳар куҷо чашмае бувад ширин

Мардуму мурғу мур гирд оянд.

Гулистони Саъдӣ, боби аввал, Дар сирати подшоҳон, ҳикояти 13

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Артиши Яман чӣ андоза қудрат дорад?
Маноқиби Имоми Аъзам(р)

Матолиби пурбоздид