Шинохти инсон
Андешкадаи Қалам
Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин…
Инсон бояд ҳамвора талош кунад, худро бисозад ва боло биравад. Дар сиришти ҳар инсоне, ин қобилият ва ин истеъдод ҳаст, ки боло биравад ва дорои мақом ва ҷойгоҳе гардад ҳатто баландтар аз мақоми фариштаҳо. Ва роҳаш ҳам, худсозист, албатта пас аз худшиносӣ. Худшиносӣ бештар бо мутолиа аст ва аммо худсозӣ, бо амал ба он чӣ фаро гирифтӣ. Дар ин навиштор, тасмим надорам дар бораи худшиносӣ ва роҳҳои худсозӣ баҳс ба амал оварам, дар ҷойе дигар дар ин бора баҳс хоҳам кард, балки дар ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз осори худшиносӣ ва худсозӣ сӯҳбат бикунам.
Аз осори худшиносӣ ва худсозӣ, яке ин аст, ки инсон бо инсон ошно хоҳад шуд. Яъне вақте худро шинохт ва худро сохт, бо моҳият ва ҳақиқати инсон ошно мешавад ва мефаҳмад, ки масалан, ҳамсояи донишманди ӯ ғайр аз худи вай будааст. Мефаҳмад, ки ин ҳамсоя, ҳарчанд бо ӯ дар як ҷо бузург шуда ва бо ҳам нишасту бархостҳое доштаанд, вале дар хислатҳо ва вижагиҳои инсонӣ, дар андеша ва афкор ва дар рафтор ва ахлоқ, бо вай фарқ мекардааст. Мефаҳмад, ки чунин набудааст, ки одамҳо, ҳамин ки дорои сурати воҳид ва ё дар як ҷо бо ҳам бузург шуда бошанд, пас дар афкор ва андешаҳо ва дар рафтор ва кирдорҳо низ мисли ҳам бошанд.
Фаҳм ва дарки ин матлаб, ки инсонҳо мутафовит ҳастанд, ба осонӣ ва роҳатӣ барои ҳар касе муяссар нест. Дар нигоҳи аввал, чунин мепиндорем, ки дарки ғайрият ва тафовути инсонҳо, кори сахте нест ва барои ҳар инсоне маълум аст, вале чунин нест. Ин нукта, ҷуз барои касоне, ки худшинос ва худсохта ҳастанд, муяссар намебошад.
Барои фаҳми беҳтари ин нукта, ба худ ва ҳолотатон муроҷиа кунед. Оё чунин нест, ки бештари одамҳо, ҳамаро бо худ қиёс мекунанд? Яъне дар бархӯрд бо ҳар инсоне, нохудогоҳ ин пиндор дар зеҳнашон хутур мекунад, ки он инсон ҳам ҳатман мисли онҳо мебошад. Андешаҳо ва афкоре, ки бар сар дошта ва доранд, фикр мекунанд, ӯ ҳам айни ҳамин афкор ва андешаҳоро доро мебошад. Таҷрибаҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузарондаанд, фикр мекунанд, ки он инсон ҳам айни ҳамин таҷрибаҳоро аз сар гузаронда…
Масалан, агар яке аз мо инсони заиф ва нотавоне буда ва бардаи ҳавоҳои нафсониаш бошад, фикр мекунад, ҳамаи инсонҳо ҳам мисли ӯ заифу нотавон ва бардаи ҳавоҳои нафсониашон ҳастанд. Барои якчунин инсоне, тасаввури инсоне, ки ҳаргиз даст ба гуноҳ назада ва намезанад, маҳол аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мардумони замони паёмбарон боварашон намешуд, ки ба ҳаммиҳан ва ҳаммаҳаллашон ваҳй шудааст. Мегуфтанд, ин ҳам мисли мо инсоне беш нест, пас чаро ба ӯ ваҳй мешудааст?!
“Гуфтанд: мо туро ҷуз башаре монанди худ намебинем…” (Ҳуд, 27)
“Гуфтанд: Шумо ҷуз одамиёне монанди мо нестед, ки мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд боздоред, пас барои мо ҳуҷҷате рӯшан ва ошкор биёваред”. (Иброҳим, 10)
“Ва ту ҷуз одамие ҳамонанди мо нестӣ, ва ҳар ойина туро аз дурӯғгӯён мепиндорем”. (Шуаро, 186)
“Гуфтанд: Шумо ҷуз одамиёне монанди мо нестед ва Худои Раҳмон чизе (аз ваҳю паёмбарӣ) фурӯ нафиристода ва шумо ҷуз дурӯғ намегӯед”. (Ёсин, 15)
Тамсили зебои Мавлоно
Мавлонои бузург ин ҳақиқатро дар қолиби як ҳикоят хуб баён кардааст. Баққоле тӯтии зебо ва хушнавое дошт ва ҳамвора харидоронро саргарм мекард. Рӯзе ин тӯтӣ дар дохили дӯкон ба парвоз даромад ва шишаҳои рӯғани гулро бар замин рехт. Баққол вақте ки ба дӯкон бозгашт ва дид, ки рӯғанҳо рӯйи замин пахш шудааст, хашмгин шуд ва чунон зарбате бар сари тӯтӣ навохт, ки парҳои сараш фурӯ рехт ва то чанд рӯз аз сухан гуфтан ва хушнавоӣ худдорӣ кард. Ин гузашт, то ин ки рӯзе марди кале аз канори дӯкон мегузашт ва ҳамин ки чашми тӯтӣ ба ӯ афтод, хаёл кард, ки калии он мард низ сабабе монанди калии ӯ дорад. Онгоҳ тӯтӣ ба сухан даромад ва аз он мард пурсид: “Ту магар аз шиша рӯған рехтӣ?”
Ҷавлақие (1) сарбараҳна мегузашт,
Бо сари бемӯ чу пушти тосу ташт.
Тӯтӣ андар гуфт даромад дар замон,
Бонг бар дарвеш зад, ки: “Ҳай фалон!
Аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ?
Ту магар аз шиша рӯған рехтӣ?
Аз қиёсаш ханда омад халқро,
К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.(2)
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир.
Мавлоно мегӯяд, кори инсонҳои пок ва ворастаро набояд бо кори худат муқоиса кунӣ, агарчи имлои шери даранда ва шири хӯрданӣ (ки ба расмулхатти арабӣ ҳар ду як гуна навишта мешаванд, яъне ба сурати “شیر”) монанди ҳам навишта мешавад. Мефармояд:
Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,
Кам касе з-абдоли Ҳақ (3) огоҳ шуд.
Бархе бад-он ҷиҳат гумроҳ шудаанд, ки кори инсонҳои пок ва ворастаро бо кори худ қиёс мекунанд. Онгоҳ идома медиҳад:
Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,
Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.
Гуфта: “Инак мо башар, эшон башар,
Мову эшон бастаи хобему х(в)ар”.
Одамони худнасохта ва зоҳирбин мегӯянд, мо ҳам башарем ва авлиёуллоҳ ҳам башаранд. Ҳам мо вобаста ба хобидану хӯрданем ва ҳам эшон. Мисроъи дуюм нозир аст ба ояти 7 сураи Фурқон: “Ва гуфтанд: Ин чӣ паёмбаре аст, ки (ҳамонанди мо) таъом хӯрад ва дар бозорҳо роҳ равад…”
Ин надонистанд эшон аз амо,(4)
Ҳаст фарқе дар миён бемунтаҳо.
Ҳар ду гун занбӯр хӯрданд аз маҳал,
Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.(5)
Ҳар ду гун оҳу гиё хӯрданду об,
З-ин яке саргин шуду з-он мушки ноб.(6)
Ҳар ду най хӯрданд аз як обх(в)ар,
Ин яке холиву он пур аз шакар.
Садҳазорон инчунин ашбоҳ бин,
Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин.
Ин хурад, гардад палидӣ з-ӯ ҷудо,
Он хурад, гардад ҳама нури Худо.
Ин хурад, зояд ҳама бухлу ҳасад,
Он хурад, зояд ҳама ишқи аҳад.
Ин замини поку он шӯр асту бад,
Ин фариштай поку он дев асту дад.(7)
Ҳар ду сурат гар ба ҳам монад, равост,
Оби талху оби ширинро сафост.(8)
Ҷуз ки соҳибзавқ, кӣ шносад? Биёб,
Ӯ шиносад оби хуш аз шӯраоб…
* * *
(1) Ҷавлақӣ: дастае аз қаландарон, ки мӯйи сару суратро метарошиданд ва либоси мӯйин ва хашин ба тан мекардаанд.
(2) Далқ: навъе пашмина, ки сӯфиён пӯшанд.
(3) Абдол: ҷамъи “бидл” ё “бадал” аст ва дар истилоҳи сӯфия ва урафо, ба гурӯҳе аз авлиё гуфта мешавад, ки сифоти зишти башарии худро ба авсофи неки илоҳӣ мубаддал кардаанд. Муҳйиддин ибни Арабӣ мегӯяд: “Абдол иборат аз ҳафт марданд, ки яке аз онон аз маҳалле мекӯчад ва дар онҷо шахсеро бар сурати худ мениҳад ба тавре ки касе намедонад, ки ӯ мафқуд шудааст.” Бархе гӯянд, аз он рӯ ба он авлиё Абдол гӯянд, ки агар яке аз онон аз ҷое равад, бадали худро дар онҷо мегузорад. Вале ба ҳар ҳол, манзур аз Абдол дар инҷо мутлақи авлиёуллоҳ аст. Пас, Мавлоно мефармояд, иллати гумроҳии бештари ҷаҳониён ин аст, ки ҳақиқати авлиёуллоҳро нашинохтаанд. Онон низ, ки муддаии шинохтани эшонанд, даъвои беҳуда кардаанд. (Шарҳи ҷомеаи Маснавӣ: Карими Замонӣ, ҷ. 1, с. 127).
(4) Амо: кӯрӣ.
(5) Ба унвони мисол, ҳар ду навъ занбӯр аз як маҳал шира мехӯранд, вале аз яке асал ба даст меояд ва аз он яке неш.
(6) Ё масалан, ҳар ду навъ оҳу (оҳуи маъмулӣ ва оҳуи хутан) гиёҳ мехӯранд ва об менӯшанд, вале аз ин яке саргин ҳосил мешавад ва аз он яке мушки муаттар.
(7) Дад: ҷонвари даранда монанди шеру гургу паланг.
(8) Мисоли дигар, агар зоҳири ду чиз шабеҳи ҳам бошад, масъалаи муҳимме нест, балки амре ҷоиз аст, зеро ташобуҳ дар зоҳир, амре табиӣ аст. чунон ки оби талху ширин ҳам зоҳиран софу шаффоф аст, вале агар чашида шавад, тафовут миёни онҳо ошкор гардад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













