Диндорӣ ва сиёсат

Диндорӣ ва сиёсат
Матолиби иҷтимоӣ
Сиёсат яъне тадбири умури ҷомеа. Фаҳмаш сахт нест. Ҳамин ки одам ба тадбири умури ҷомеа пардохт, ӯ сиёсатмадор шудааст, ҳарчанд исмашро сиёсат нагузорад.
Асосан, маҳол аст одам сиёсӣ набошад, ин маҳол аст. Сукути шумо дар баробари ҳокими кишвар ва ин ки ӯ ҳар коре бихоҳад, бикунад ва шумо ҳеч чиз нагӯед, ин худаш сиёсат аст, мунтаҳо сиёсат дар таъйиди он чи ҳоким мекунад. Ҳамин ки шумо кулӯх бар лаб ниҳодаед, шумо ӯро ба навъе таъйид кардаед. Бинобар ин, ин ки баъзеҳо мегӯянд, ман коре ба сиёсат надорам, дар воқеъ дурӯғ гуфтаанд, онҳо таъйидкунандаи рафтори ҳокиманд, мунтаҳо бо сукуташон. Ин ки мегӯянд, сукут аломати ризост, ҳарфи дуруст аст.
Аз ин рӯст, ки мо мегӯем, дин аз сиёсат ҷудо нест. Бале, баъзе сиёсатҳо олудаанд; дурӯғро раво медонанд, фиребро коре дуруст мешуморанд, ҳила ва найрангро дар корҳояшон ба кор мегиранд. Агар мегӯянд, дин аз сиёсат ҷудост, дар воқеъ динро аз ин корҳо яъне дурӯғ, фиреб, найранг ва ғайра мубарро ва пок донистаанд, ки дуруст аст, яъне дин аз ин қабил умур, пок ва мубарро ва ҷудост, на ин ки дин коре бо сиёсат надошта бошад.
Ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд, ҳарфи ҳақ дар баробари ҳокими ситампеша ҷиҳод аст. Агар дидед, ҳоким иштибоҳ мекунад, алайҳи ӯ қиём кунед, ӯро аз арикаи қудрат пойин бикашед. Диндорӣ ҳамин аст. Вагарна, фардои қиёмат дар додгоҳи адли илоҳӣ хоҳед истод ва аз сукути худ посух хоҳед дод.
Аз ҳеч чиз ҳам натарсед. Аз дасти ҳоким ва дастгоҳаш чизе намеояд. Танҳо чизе, ки меояд, ин зиндон кардани шумо ё куштани шумост. Оё аз марг метарсед? Агар аз марг тарсед, пас шумо диндор нестед.
Пас, диндорӣ яъне сиёсатмадор будан, диндорӣ яъне эҳсоси масъулият кардан, диндорӣ яъне натарсидан. Вагарна, шумо диндор нестед.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Qalamonlain
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

СММ: Гармои беш аз ҳад дар моҳи ҷорӣ
Диндорӣ ва ахлоқ

Матолиби пурбоздид