Ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина
Ёддошти Абдуманнон Шералӣ
Лутфан диққат кунед ва ду дақиқа вақтатонро барои кӯмак ба дигарон дареғ надоред!
Ду-се ҳафтаи охир ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ширкати тоҷикон дар ҷанг, шумори ширкаткунандагон, маъюбон, фавтидагон ва нопадидшудагон, усули ҷалби онҳо ба ҷанг, роҳҳои фирефтанашон ва ғайра, машғулам.
Он чи ҳамагӣ дар 15-20 рӯз пайдо кардам танҳо як ном дорад: ДАҲШАТ!
Маълумотро ҳоло дорам танҳо аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеъи дигар ҷамъ меорам. Комилан мутмаинам, ки агар ҳама маълумоти ин манобеъ ҷамъоварӣ шавад, ҳатто 30 дарсад аз умум нахоҳад буд.
Расонаҳо аз ширкати ҳудуди 3500 тоҷик дар ҷанг ва кушта шудани ҳудуди 700-800 нафари онҳо мегӯянд. Мутаассифона бештари ин маълумот як манбаъ доранд: фонди укроинии “Хочу жить”. Ин фонд ҳам мисли банда кулли маълумоташро аз манобеъи боз, яъне расонаҳову шабакаҳои иҷтимоъӣ ҷамъоварӣ кардааст.
Қаблан тахмин зада будам шумори тоҷикони ширкаткунанда дар ҷанг аз 10 000 бештар аст. Вақте чанд расона назар мегирифтанду ин рақамро гуфтам, эътироз карданд, ки чунин адад дар ҳеҷ манбаъе зикр нашуда ва дар асл хеле рақами бузург ва боварнакарданист.
Ҳоло дар ин муддати бисёр кӯтоҳ, баъди пайдо кардани бархе далелҳо мутмаъин шудам шумора аз 10 000 бештар аст. Шояд хеле бештар бошад. Шумори кушташудагон ҳам аз 2-2,5 ҳазор убур мекунад. Шумори гумшудагон боз ҳам бештар. Дар асл аксари гумшудагон онҳоеанд, ки мутаассифона дар ҷангалҳои Укроин пӯсида ва ҳеҷ нишоне ҳам аз худ боқӣ нагузоштаанд.
Роҳу усулҳои ҷалби тоҷикон ва умуман муҳоҷирон нишон медиҳад, ки аз ҷалби аксари онҳо мешуд пешгирӣ кард, агар гурӯҳе ба ин кор машғул мешуд.
Ҳамчунин агар дар ин бора маълумот ҷамъоварӣ нашавад, чанд сол пас мо ҳазорон нафаре хоҳем дошт, ки дар ҷанги Русия бо Укроин кушта ва ё нопадид шудаанд вале касе дар бораи онҳо чизе намедонад. Дар бораи бархеҳо ҳатто хонаводаҳояшон.
Ҳоло ҳам дер нашудааст. Бештари коршиносон тахмин мезананд тирамоҳи имсол як басиҷи (мобилизатсия) бузург дар Русия дар назар аст. Умед бурдан ба ин ки тоҷикон аз он дар амонанд, содагӣ, ҳатто аблаҳист. Баръакс, агар воқеъан ин басиҷ иттифоқ афтод сару каллаи чанд ҳазор тоҷики дигар дар ҷабҳаи ҷанги бемаъниву бегона пайдо хоҳад шуд. На танҳо сару калла, дасту пойҳои азҳамҷудошудаашон ҳам.
Ҳоло ба ҷамъоварии маълумот машғулам ва тасмим дорам бо даст додани фурсат дар самти маълумотрасонӣ ба ҷавонону мардони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо ва дар натиҷа пешгирӣ аз ширкати онҳо дар ҷанг низ корҳое анҷом диҳам. Агар тавонистам ҳатто як нафарро аз он боз дорам, бароям шараф хоҳад буд.
Дар ҷамъоварии маълумот кӯмаки шумо, хонандагони азиз бисёр зарур аст. Бахусус дар бораи кушташудаҳо, нопадидшудаҳо ва маъюбгаштаҳо. Ҳамчунин саргузашти онҳо. Чун саргузашти як нафар метавонад барои ҳазорон нафари дигар дарси ибрат шавад, чандин нафарро аз ин беақлӣ боз дорад.
Ҳамчунин бо роҳи ҷамъовариву расонидани маълумот мешавад қисме аз нопадидшудаҳоро пайдо кард. Барои мисол дар бораи гумшудае дар як ду саҳифа ё гурӯҳ маълумот нашр шудааст ва дар гурӯҳ, саҳифа ё расонаи дигаре дар бораи ҳамин нафар маълумот нашр шуда, ки масалан кушта шудааст, асир афтодааст ва ғайра. Чун корбарони ин гурӯҳу саҳифаҳо комилан дигаранд, ин ду маълумот метавонад солҳо аз ҳам ҷудо бимонад. Ҳатто дар ҷустуҷӯи интернетӣ ҳам фарқи як ҳарф метавонад онро бенатиҷа созад.
Нашри саргузашти иштирокчиёни ҷанг метавонад ҳазорҳо хонавода, волидонро ба самти ин андеша савқ диҳад, ки писари онҳо низ метавонад бо ҳамин роҳу усул ба ҷанг бурда шавад ва дар натиҷа онҳо иртибот бо фарзандон ва контроли онҳоро бештар кунанд, то аз рафтанаш ба ҷанг пешгирӣ намоянд.
Ҳеҷ гоҳ аз хонандагон нахостаам кадом навиштаи маро таблиғу бознашр кунанд ва ба дигарон фиристанд. Аммо ҳоло бидуни кадом хиҷолате, аз шумо хонандагони азиз ин хоҳишро мекунам. Лутфан дар ҷамъоварии маълумот кӯмак кунед. Ҳар маълумоте арзишманд аст. Шояд шумо барои ирсоли маълумот 2-3 дақиқа сарф кунед, аммо ҳамин маълумоти кӯчаки шумо метавонад ба нафари дигаре, ба хонаводае кӯмак кунад, гумшудае пайдо шавад, номи кушташудае, нопадидшудае сабт гардад, нафареро аз рафтан ба ҷанг боз дорад ва ғайра.
Ҳамчунин, лутфан дар бозашру паҳн кардани ин эълон низ саҳим бошед.
Абдуманнон Шералӣ
Қаламонлайн












