Шукри неъмат
Сабки зиндагӣ
Саъдӣ гӯяд:
«Ҳаргиз аз даври замон нанолида будам ва рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоати пойпӯшӣ надоштам. Ба ҷомеи Кӯфа даромадам дилтанг, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати Ҳақ ба ҷой овардаму бар бекафшӣ сабр кардам».
Бино бар суфориши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи):
Ба он ки аз шумо пойинтар аст бингаред ва ба он ки аз шумо болотар аст мангаред; зеро бад-ин васила қадри неъмати Худоро беҳтар медонед (ва шукргузори неъматҳои Худованд хоҳед буд).
Қаламонлайн
qalamonline.net













